Главная / Илм / КАБЗИЯТ

КАБЗИЯТ

medaКАБЗИЯТ (Constipatio alvi), сахт шудани меъда, зиёда аз ду шаборуз хорич нагаштани начосат ё бо душвори казои хочат кардан. К. холати хеле маъмул аст. Мувофики маълумоти омори, дар мамлакатхои мутаракки аз 5 то 10 фоизи ахоли ба К. гирифторанд.
К. мумкин аст дар одами солим хам руй дихад, мас., хангоми саёхати дуру дароз, дар мавриди табдили шароити одатшуда, тагйири тарзи зиндаги. Дар ин сурат К. бисёр давом намекунад ва одатан бе табобат хам мегузарад.
Дар баъзе мавридхо К. бемории алохида буда, бинобар ихтилоли низоми рузмарраи казои хочат пайдо мешавад. Сабаби чунин К. худдори кардан аз казои хочат аст (мас., дар ронандагони наклиёт ва коргароне, ки дар конвейер кор мекунанд). Одам аз тарси дарди бавосир, чоки макъад ва г. аз казои хочат худдори мекунад, пагохи аз бистар хестанаш намеояд ё саргарми бози шуда, ба мабраз намеравад. Зарурати дар вазъи номувофик ва дар хузури одамони бегона казои хочат кардан дар беморе, ки хеста наметавонад, боиси К. мегардад. Ба пайдоиши К. тагзияи нодуруст хам мусоидат мекунад. Агар хуроки якранг, асосан сафедадор хуранд ва дар таркиби хурок обу сабзавоту мева, нони чавдор кам бошад, фаъолияти рудаи гафс суст шуда, дар натича К. ба вучуд меояд. Камхаракати ва сустии мушакхои девораи пеши шикам низ боиси К. мегардад. Бо максади рафъи фарбехи истеъмол намудани дорухои мусхил низ К.-ро ба вучуд меорад.
Аксар вакт К. аломати беморихои гуногун аст. Чунончи, хангоми дарозии модарзодии рудаи гафс, колити музмин, часпидани узвхо дар чавфи шикам ва г. руда танг гашта, харакати начосатро суст мекунад. Бемории меъда, роххои талха, гурда, узвхои таносули занон мумкин аст боиси ихтилоли кори рудаи гафс ва К. гардад. Баъзе носомонихои эндокрини (суст гаштани кори гадудхои сипаршакл, болои гурда, гадудхои чинси) ва рухи, аз чумла неврозхо, бо К-.и сахт чараён мегиранд.
Нафакат сабабхои К., балки хусусияти ихтилоли фаъолияти рудаи гафс хам гуногунанд. Дар як холат К. ба суст шудани харакати мухтавои рудаи гафс (аз сабаби ташаннуч ё баръакс, суст шудани тонуси кабати мушаки он) вобаста аст; дар мавриди дигар он дар натичаи ихтилоли казои хочат руй медихад. К. мумкин аст бо як катор зухуроти умуми – бехоли, дарди сар, тундмизочи, бехоби, камиштихои, дилзани, серараки, дарди ноаёни шикам чараён гирад.
Мувофики баъзе маълумот К. чараёни пиршавии организмро метезонад.
К. метавонад оризаи ногувор гузорад. Дар аксар беморон ба истилох дисбактериоз инкишоф меёбад: таркиби микроорганизмхои маскуни руда тагйир ёфта, микробхои уфуни пайдо мешаванд. Ин боиси газаки луобпардаи рудаи гафс (колити музмин) мегардад. Хангоми дисбактериоз инчунин синтез ва хазми витаминхои гурухи В вайрон мешавад (норасоии онхо К.-ро душвор мегардонад). Дар аснои казои хочат зуд-зуд ва сахт зур задан, боиси пайдоиши чурра, бавосир, даридани макъад гашта, аксар вакт бо чаррохи анчом мепазирад.
Табобати худсаронаи К. норавост, чунки он бефоида буда, баъзан хатто зарар дорад. Факат духтур сабаб ва тарзи инкишофи бемориро ба назар гирифта, табобат таъин мекунад. Дар баъзе мавридхо низоми дурусти гизо, ки духтур таъин кардааст, К.-ро пурра бартараф месозад. Агар пархез фоида набахшад, мувофики таъиноти духтур, махсусан хангоми суст шудани тонуси рудаи гафс, дигар дорухо, аз чумла дорухои тахрикдихандаи харакати мавчмонанди рударо истеъмол мекунанд. Дорухое низ таъин мекунанд, ки обро дар ковокии руда нигох медоранд ва ба туфайли ин начосати ракик аз руда ба осони мегузарад. Бояд ба назар гирифт, ки баъзе дорухои мусхил луобпардаи рудаи ростро ба ангезиш оварда, харакати мавчмонанди рударо метезонад. Бинобар ин истеъмоли бардавоми онхо боиси тагйироти илтихоби дар руда мегардад. Ин дорухоро факат дар муддати кутох ва зери назорати духтур истеъмол кардан мумкин аст. Агар раво бошад, аз шамъчахои гуногуни давои ва хукна истифода мебаранд. Барои рафъи дисбактериоз дорухоеро истифода мекунанд, ки онхо флораи муътадили рударо баркарор созанд. Давомоти табобат ва меъёри доруро духтур муайян мекунад. Аз физиотерапия, масх ва варзиши шифои хам истифода мебаранд. Бо казои хочати харруза одат кардан яке аз мухимтарин тарзи табобати К. аст. Бо ин максад хар руз дар вакти муайян ба хочатхона рафтан (харчанд чунин хохиш пайдо нашуда бошад хам) зарур аст. Дар хочатхона машкхои махсуси нафаскаши мегузаронанд, ки фишори дохили шикамро пасту баланд намуда, харакати рударо метезонад: нафасгири бо шикам – харчи бештар нигох доштани нафас; пурра нафас баровардан – харчи бештар нигох доштани нафас. Машкро се маротиба такрор мекунанд. Дафъаи чорум чукур нафас гирифта, чунон зур мезананд, ки дар макъад фишор хис шавад. Баъди чандин нафасгирии ором машкхои нафасгириро аз нав такрор кардан лозим (хамаги 10 – 12 маротиба). Агар К. дар натичаи нукси инкишоф ё омос пайдо шавад, зарурати чаррохи пеш меояд.
Агар табобати К., хусусан бо истеъмоли дорухои мусхил мувофики таъинот ва зери назорати духтур гузаронида шавад, пас тадбирхои пешгирии К. ба хар кас дастрасанд. Пеш аз хама кудакро аз хурдсоли ба казои хочат одат кунондан зарур аст. уро дар як вакти муайян ба тубак шинонда, кушиш кунед, ки ба бозичахо ё гуфтугузор диккат надихад. Мехнати одамон бояд чунон ташкил карда шавад, ки барои сари вакт казои хочат кардан, монеае набошад. Ба хотири катъ накардани машгулияти мухим ё шавковар аз казои хочат худдори намудан чоиз нест. Дар хочатхона хондан ё тамоку кашидан тавсия намешавад. Тагзияи мураттаб дар пешгирии К. ахамияти калон дорад.
Хурокро дар вакти муайян истеъмол намудан, дар нахор такрибан сеяки вояи таоми рузонаро хурдан хеле мухим аст. Ба вояи гизо бояд доимо сабзавот (сабзи, лаблабу, карами намакин ё бенамак, помидор, бодиринг, боимчон, таррак, каду, карафс, гулкарам), мевахои гуногун чургот, равгани растани, асал илова карда шавад. Бояд дар хотир дошт, ки истеъмоли баъзе махсулот – творог, биринч, хурмо, анор, забудахо, арак боиси К. мегарданд. Бо максади пешгирии К. фаъолияти чисмони мухим аст. Варзиши харрузаи пагохи, машкхо барои манганаи шикам, сайругашт (бо велосипед ё пиёда), варзиш ва г. ба кори муътадили руда мусоидат мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …