Главная / Илм / КАБУДДОГи

КАБУДДОГи

kabuddogiКАБУДДОГи, хунмурдаги, иллатест, ки дар натичаи лат хурдан ба вукуъ меояд (дар натича хун ба бофтахои сатхии бадан мешорад). Дар аввал ранги чои латхурдаи пуст кирмизии баланд буда, ба андозаи тачзияи гемоглобини хуни шорида тадричан аз сурх то кабуд тагйир меёбад, сипас сабзтоб ва нихоят зард гашта, пас аз он пурра нест мешавад.
Тагйири ранги К. имкон медихад, ки мухлати пайдо шудани он такрибан муайян карда шавад. Ин барои интихоби тарзи табобат мухим аст (аввал хунуки ва баъд гармиро истифода мебаранд).
К. мумкин аст пас аз чанд рузи латхури зохир шуда, рангаш кабуд ё сабзтоб бошад; ин холат хангоми хуншори дар бофтахои амик, ки хун аз онхо тадричан ба пуст захида мебарояд, ба вучуд меояд. Чунин тарзи гуншавии хун аксар вакт аз осеби устухон (шикастан, кафидан, канда шудани кисми бофтаи устухон) гувохи медихад. Баъзан К. аломати ягон холати барои хаёт вазнину хатарнок аст. Чунончи, дар аснои латхурии сар пайдо шудани доги кабуд дар атрофи чашм ба шикастани устухони косахонаи сар хос буда, осебдидаро фавран ба беморхона бурдан зарур аст.
К.-е, ки дар натичаи андак лат хурдан ё фишурдан пайдо мешавад, аз бемории хун ё рагхои он дарак медихад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …