Главная / Илм / КАБК дар Канзи Шифо (Китоб)

КАБК дар Канзи Шифо (Китоб)

11045312_831421310264813_840038828467304990_n-660x330Кабк (кавк) парандан машхур аст. Мизочаш гарм ва хушк дар дарачаи дувум мебошад, вале баъзехо инро дар гармиву сарди муьтадил донистаанд. Фикри аввалааш дуруст аст.  Хислатхои шнфобахши он: гушти он латифтарини (сабукхазмтарини) гуштхо мебошад, гизоияташ бисёр, зудхазм ва аз хурдани он хуни солим пайдо мешавад.

Хурдани кабк-кавк ба фолич, кач шудани руй, беморихои сарди вобаста ба майна, узвхои даруни сина, дил, меъда, чигар ва ба дигар узвхои даруни шикам ва сина шифо мебахшад; истиско (водянка) ва бастагии дарунро ба ибро меоварад; бохро зиёда мегардонад ва баданро фарбех мекунад.

Вале хурдани кабк ба одамони гарммизоч, дар рузхои гармии хаво, инчунин дар масканхои гарм зарар дорад; бо шароби соф бихуранд, дарди сар мекунад, баданро ба хориш меоварад. Давояш сиканчабин ва туршихо хурдан аст, ки ислохи зарар намоянд.

4,5 грамм магзи кабкро бо шароб биёшоманд, барои иллати зардпарвин даво мебошад.  2,25 грамм чигарашро гармогарм фуру баранд, саръро (припадкаро) шифо мебахшад.

Захраи кабкро ба чашм кашанд, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, инчунин торикии чашмро дафъ менамояд, шабкуриро шифо мебахшад. Агар онро бо равгани зайтун баробарвазн сиришта, ба беруни чашм гузошта банданд, оби фуромадаро дар гавхарак агар дар ибтидои хол бошад, дафъ мекунад. Агар онро бо марвориди сурохнокарда соида ва ба вазни он мушк дохил карда, ба чашм кашанд, гули чашм, нохунак, пардаи дудмонанд, пардаи ториккунанда ва обравии чашмро шифо мебахшад.

Захраи кабкро хар мох як бор дар бини бичаконанд ё хушкашро соида бирезанд, зехнро тез ва неку мегардонад, нисёнро (фаромушхотириро) кам ва чашмро тез мекунад. Хуни онро хушк сохта, бо шишаи сафед махин ос карда, бо дарозмурч баробарвазн гирифта, бо асал сиришта, дар чашм кашанд, гули чашм ва кутури пилки чашмро дафъ мекунад.

Тухмашро бо сиркои ансул пухта бихуранд, барои дарди шикам ва дур намудани дарди рудахо дору мебошад, вале бе сирко пухта бихуранд, овозро соф ва равшан мегардонад, инчунин сурфаро дафъ мекунад. Агар хоми онро бо кундур ном шилме бихуранд, баданро фарбех мегардонад.

Видео сурат расмик кабк (кавк)

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …