Главная / Чамъият / Йоднокгардонии намак

Йоднокгардонии намак

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи йоднокгардонии намак

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон,  соли  2002, №11, мод. 738; соли 2007, №5, мод. 369)

Конуни мазкур асосхои хукуки, ташкили ва иктисодии тадбирхои вобаста ба йоднокгардонии намакро бо максади пешгири аз беморихои норасоии йод дар Чумхурии Точикистон мукаррар намуда, муносибатхои дар ин соха ба миёнояндаро танзим мекунад.

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои зерин истифода шудаанд:

йоднокгардонии намак – амали бо йод омехтагардонии намак бо максади пешгири аз беморихои норасоии йод;

беморихо вобаста ба норасоии йод-холати номуътадиле, ки аз вайрон шудани фаъолияти гадуди сипаршакл дар натичаи норасоии йод дар чисми одам пайдо мешавад (паст рафтани сатхи тафаккур, бачапартои, тавлиди кудаки мурда, камакли ва гайра);

пешгирии беморихо аз норасоии йод – амалхое, ки барои пешгири аз беморихои норасоии йод нигаронида шудаанд.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи йоднокгардонии намак

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи йоднокгардонии намак ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар конунхо ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат аст.

 

Моддаи 3. Доираи татбики Конуни мазкур

Конуни мазкур ба хамаи шахсони вокеи ва хукуки, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки, ки дар сохаи йоднокгардонии намак фаъолият мекунанд, дахл дорад.

 

Моддаи 4. Салохияти макоми ваколатдори давлати дар сохаи йоднокгардонии намак

Салохияти макоми ваколатдори давлати дар сохаи йоднокгардонии намак бо максади пешгириаз беморихои норасоии йод аз амалхои зайл иборатанд:

тахия ва ичрои барномахои максадноки давлати вобаста ба пешгири аз беморихои норасоии йод;

хамохангсозии фаъолияти дигар вазорату идорахои чумхури, ташкилотхо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идорави, инчунин макомоти хокимияти ичроия дар махалхо дар сохаи пешгири аз беморихои норасоии йод;

назорат, баходихи ва пешгирии дарачаи пахншавии беморихо вобаста ба норасоии йод дар байни ахоли;

якчоя бо макомоти хокимияти ичроия дар махалхо анчом додани назорати ичрои талаботи хамин Конун ва дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои пешгири аз беморихои норасоии йод;

муайян намудани минтакахое, ки дар таркиби хокашон йод кам мебошад;

омузиш, баходихи ва пешгуии дарачаи пахншавии беморихо аз норасоии йод дар байни ахоли;

амали гардонидани чорабинихои хукуки, иктисоди ва ташкили бо максади истехсол, фуруш ва бо намаки йоднокгардондашуда таъмин кардани талаботи ахоли;

ваколатхои дигаре, ки Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 5. Тадбирхои йоднокгардонии намак

Дар сохаи йоднокгардони бо максади пешгири аз беморихои норасоии йод дар Чумхурии Точикистон тадбирхои зерин амали карда мешаванд:

ташкили муоинаи ахоли, пешгири ва ошкор кардани шахсоне, ки гирифтори беморихои норасоии йод гардидаанд;

баходихии харсола бо максади мониторинги чараёни пахншавии беморихо аз норасоии йод, самаранокии чорахои пешгири ва ба макомоти дахлдор пешниход кардани маълумот дар бораи натичахои он;

ташкили гузаронидани тадкикоти илми, ки барои пешгири аз беморихои норасоии йод равона шудааст;

огох кардани ахоли дар бораи чорахои пешгири аз беморихои норасоии йод ва ташкили воситахои маърифати санитари тавассути матбуот, радио, телевизион оид ба масъалахои пешгирии бемории мазкур, нашри варакахо, маълумотномахо ва гайра;

хатми будани риояи стандартхо, талаботи меъёрхои санитарию гигиени ва коидахои (минбаъд стандарт ва талабот) таъмини сифат ва бехатарии намаки йоднокгардондашуда аз чониби хамаи шахсони вокеи ва хукукие, ки дар сохаи истехсол, содирот, воридот ва фуруши намаки йоднокгардондашуда фаъолият мекунанд.

 

Моддаи 6. Назорати давлатии пешгири аз беморихои норасоии йод

Назорати давлатии пешгири аз беморихои норасоии йод аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи тандурусти, амали гардонида мешавад.

Экспертизаи намунахои намак ба максади мукаррар намудани мутобикати нишондихандаи сифат ва бехатарии намаки йоднокгардондашуда ба стандарт ва талабот аз чониби макоми ваколатдори давлати гузаронда мешавад.

Назорати чамъияти ба риояи стандарт ва талабот, таъмини сифат ва бехатарии намаки йоднокгардонидашуда мутобики тартиби мукарраркардаи конунгузори, амали гардонида мешавад.

 

Моддаи 7. Талабот нисбат ба намаки йоднокгардондашуда

Истехсол, фуруш, воридоту содироти намаки йоднокгардондашуда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон,   бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Тччикистон амали мегардад.

Намаке, ки бо таом истеъмол мешавад ва барои хурокаи чорво истифода мегардад, бояд йоднокгардондашуда, сифат ва бехатарии он ба стандарт ва талаботи дахлдор чавоб дода тавонад. Сифати йоди таркиби намак аз чониби макоми ваколатдори давлати мукаррар карда мешавад.

Истехсол, тоза, йоднокгардондани намак ва фуруши он мутобики тартиботи меъёру коидахои санитарию гигиени сурат мегирад.

Басту банди намаки йоднокгардондашудаи ба чумхури воридшаванда ва намаки йоднокгардондашудаи дар чумхури истехсолшаванда, реклама, тамгагузори, хифз, нигохдори, интикол ва фуруши он дар асоси риояи стандарт ва талаботи дахлдор, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон анчомдода мешавад.

Намаки йоднокгардондашуда, ки мухлати истифодааш гузаштааст, танхо хамчун намаки техники истифода бурда мешавад.

Фуруши намаки йоднокгардонданашуда ва ворид намудани он дар чумхури, манъ аст.

 

Моддаи 8. Сертификатсияи намаки йоднокгардондашуда

Бо максади мукаррар намудани мутобикатии нишондихандаи сифат ва бехатари, намаки йоднокгардондашудаи дар чумхури истехсолшаванда бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сертификатсия карда мешавад.

Истеъмолкунандагон мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузори дар бораи йоднокгардони ва сертификатсияи намак огох карда мешаванд.

 

Моддаи 9. Хавасмандгардонии истехсоли намаки йоднокгардондашуда

Бо максади таъмин кардани талаботи ахоли бо намаки йоднокгардондашуда дар чумхури сиёсати максадноки сармоягузори, нархгузори, карздихи дар ин соха, амали гардонида мешавад.

 

Моддаи 10. Кафолати сифат ва бехатарии намаки йоднокгардондашуда

Шахсони вокеи ва хукуки, ки ба истехсол, содирот, воридот, фуруш ва рекламаи намаки йоднокгардондашуда машгуланд, бояд ба истеъмолкунандагон   сифат ва бехатарии намаки йоднокгардондашуда ва мутобикатии хатмии онро ба стандартхои давлати кафолат диханд.

 

Моддаи 11. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукукие, ки ба истехсол ва фуруши намаки йоднокгардондашуда машгуланд, дар сурати вайрон кардани стандарту талаботи сифат ва бехатарии он, ухдадоранд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори зарари ба саломатии одамон расондашударо чуброн намоянд.

Барои вайрон кардани Конуни мазкур шахсони  вокеи ва хукуки мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 12. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                    Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  2 декабри соли 2002

№85

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди кабул намудани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи йоднокгардонии намак»

 

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» кабул карда шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон:

ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар бораи ба Конуни мазкур мутобик гардонидани конунгузории чори таклифхо пешниход намояд ва карорхои худро бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» мутобик гардонад.

 

Раиси Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                              С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  9 октябри соли 2002

№703

 

 

 

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ МИЛЛИИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак»

 

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистонро «Дар бораи йоднокгардонии намак» барраси намуда, карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи йоднокгардонии намак» чонибдори карда шавад.

 

 

Раиси Мачлиси миллии

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  12 ноябри соли 2002

№ 344                       

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …