Главная / Илм / ЖГУТ

ЖГУТ

jgutЖГУТ, чихозест, ки барои муваккатан боздоштани хунрави аз рагхои андомхои боло ва поён истифода мешавад. Онро болотар аз чои хунрави ба узв тофта мебанданд.
Ж. бо максади боздоштани хунрави факат хангоми хуншории фаровони артерия кор фармуда мешавад. Дар мавриди кам рафтани хун бандинаи фишоровар гузоштан кифоя аст. Ж. бояд ба мавзеи зарардида наздиктар чой гирад: хангоми захмдор шудани андомхои поён – дар хар чои рон; дар аснои захм бардоштани андомхои боло – дар бозу (гайр аз сеяки мобайни он ки хавфи фишор хурдани асабхои наздик ба устухони китф мавчуд аст).
Ж. намудхои гуногун дорад. Хусусан Ж.-и Эсмарх маъмул аст (руда ва тасмаи резинии дарозиашон 1,5 м). Тарзи тофтабандии онхо як хел аст. Дар чое, ки Ж. баста мешавад, чинхои либосро хамвор мекунанд ё ба андом латтаи нарм мепечонанд. Ж.-ро аз зери андом гузаронда, ду нуги онро боло мекашанд ва дар хамин холат то катъ шудани хун ба атрофи андом мепечонанд. Печи аввал бояд нисбатан сахт тофта шавад. Хамин тавр, печхои баъдиро тадричан сусттар тофта, печи охиронро гирех мезананд. Печхои Ж. бояд хамвор хоб раванд ва пуст дар байни онхо монда зер нахурад.
Барои нигох доштани хунрави аз рагхои андомхои боло (даст) ва бехун гардондани узв хангоми чаррохи аз Ж.-и тасмашакл истифода мекунанд. Вай резини нафиси бараш 5 – 6 см аст. Онро ба узве, ки боло бардошта шудааст, мисли спирал мепечонанд (хар печи баъди бояд канори печи каблиро пушад); дар охир тасмахои Ж.-ро гирех мезананд.
Дар мавриди зарурат ба чои Ж. метавон тасма, руймолча, гарданбанд ё ягон пора матоъро истифода бурд. Кор фармудани чизхои сахт (мас., сим) манъ аст. Барои нигох доштани хунрави руймолчаро ба атрофи андом печонда нугашро гирех мекунанд. Сипас аз зери гирех чубчаеро гузаронда тобгула мезананд.
Хангоми дуруст бастани Ж. набз дар артерияхои канори нест шуда, ранги пуст мепарад, хунрави хотима меёбад. Дар аснои нодуруст печондани Ж. хунрави нафакат катъ намешавад, балки андом варам низ мекунад, хатто асабхо фишор ёфта, узв мумкин аст фалач гардад. Ж.-ро аз 2 соат зиёд нигох доштан лозим нест, зеро бофтахо мефавтанд. Аз ин ру, дар як гушаи он хатман вакти баста шудани Ж.-ро навиштан лозим аст.
Агар Ж.-ро дар андом бештар нигох доштан зарур бошад, пас онро чанд сония суст мекунанд (дар ин вакт артерияро бо ангушт фишор медиханд) ё кушода ба чои нав мебанданд. Андоме, ки ба он Ж. баста шудааст, бояд ором бошад.
Чабрдидаро бо максади пурра манъ кардани хунрави бетаъхир ба беморхона мефиристанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …