Главная / Биология / Ивазшавии чамоаи наботот

Ивазшавии чамоаи наботот

Дар чамоаи наботот хамеша тагйиротхо ба амал омада меистанд. Растанихои калонсол пир мешаванд, мемиранд ва чои онхоро растанихои чавон ишгол мекунанд. Инчунин, сол ба сол шароитхои иклими хам тагййр ёфта меистанд. Агар як сол гарму хушк бошад, соли дигар нисбатан салкин ва сернам, соли сеюм гарм ва намнок шуданаш мумкин. Ин холатхо боиси он мешаванд, ки хар сол ягон намуди растани нисбатан боавч руида гулу меваи фаровон хосил мекунад. Авчу нумуи намудхои дигар бошад, он кадар назаррас нестанд.

gulhoi-kuhi

Ба чуз тагйиротхои дохиличамоаги, боз метавонад ивазшавии як чамоаи наботот ба дигараш руй дихад. Яке аз сабабхои чунин ивазшавихо таъсири офатхои нобахангоми табии мебошад. Масалан, туфон, гирдбод, сухтори чангалзорхо ва гайра метавонад масохати калони чангалро фаро гирифта, онро нобуд созад. Дар майдонхои аз чангали сузанбарг ва ё пахнбарг озодшуда тус ва сафедор бо осони худро баркарор мекунанд. Зеро меваи инхо сабуку канотакдор буда, ба воситаи шамол масофаи зиёдеро (то 1000 м) аз нуктаи асосии чои сабзишашон тай мекунанд. Меватухми тус ва сафедор, ки растанихои равшанидуст мебошанд, кобилияти баланди сабзиш дошта, дар шароити баамаломада боавч нашъунамо мекунанд. Ва дар шароити равшании барзиёди мухити зист дарах- тони тусу сафедор нисбати дарахти коч (растании соядуст) бештар пахн мешаванд.

Инчунин, ба чамоаи наботот дохил гардидани растанихои ба он хоснабуда низ метавонад боиси ивазшавии он гардад. Чунончи, тухми коч метавонад тавассути шамолу хайвонот ба тусзору сафедорзор оварда шавад. Дарахти коч хамчун растании сояпарвард дар зери чангали тусу сафедор метавонад нагз нашъунамо кунад. Баробари баланд кад кашидани коч ба холати равшаннокии чан- гал дигаргунихо ба вучуд омада, шароити баамаломада ба сабзишу инкишофи растанихои рушноидуст монеъ мегардад. Бо мурури замон тусхои калонсол нобуд мешаванд ва барои аз тухм сабзидани тусхои наврас шароитхои бавучудомада дигар мусоидат наме- кунад. Дар натича чангали тус ба чангали коч иваз мешавад.

Хамин тавр, тагйирёбии шароити мухит ба ивазшавии як чамоаи наботот ба дигараш оварда мерасонад. Инчунин, дар шароитхои дигар, чунончи, дар мухити намнокии баланди хок ва ба сабзиш шуруъ кардани растанихои намидуст, ивазшавии чамоаи чангал ба ботлок ба амал омаданаш мумкин аст. Инро дар пушиши набоготи минтакахои сернами шимол бо осони мушохида кардан мумкин аст.

Дар сохилхои руди кухи низ ивазшавии чамоаи наботот ба амал омада метавонад. Масалан, мирикария ном растании буттаги дар сохили дарёчахо, дар чойхои регзамин аввалин шуда пайдо мешавад. Ва дар давоми 2-3 сол сохилро пурра мепушонад. Дар байни буттахо навнихолхои ангат пайдо мешаванд. Мирикария то он вакте нагз нашъунамо мекунад, ки сохил хар замон зери об монда истад. Вале, вакге ки оби зеризамини чукуртар (хеле) поён фарояд, мирикария ба хушкшави шуруъ мекунад. Дар ин вакт ангат тавассути тухм ва бо рохи нашви боавч нашъунамо мекунад. Вай микдоран хеле зиёд шуда, чои мирикарияро тамоман иваз ё сохиби мекунад. Сипас, ба воситаи шамол ё сел ба ангатзор тухм ё навдахои бед, сафедор, тус оварда мешаванд ва онхо ба сабзиш шуруъ мекунанд. Агар сатхи оби зеризаминии ангатзор дар даво- ми якчанд сол бетагйир монад (яъне об дастрас бошад), нихолхои бед, сафедор ва тус босуръат месабзанд. Ангат, ки растании равшанидуст ба хисоб меравад, баробари баланд кад кашидани беду сафедор дар сояи онхо мемонад. Дар натича сабзиши ангатзор тадричан суст шуда, дар сохил бед, сафедор ва тус хукмрони асоси мешаванд.

Мебояд кайд кард, ки ба чамоаи наботот аз хама зиёдтар фаъолияти хочагидории инсон таъсири калон мерасонад. Инсон барои корхуэи сохтмони ва дигар корхо чангалхоро мебурад, маргзорхоро барои алафдарав ва хамчун чарогох истифода мебарад, ботлокзорхоро мехушконад, даштхоро корам мекунад. Инчунин, барои конеъ гардондани эхтиёчоташ мева, занбуруг ва растанихои доруиро чамъ оварда, ба табиат ва алахусус, ба чамоаи наботот таъс ири калон мерасонад.

  1. Дар чамоаи наботот чи хел тагйиротхо ба амал омада метавонад?
  2. Ивазшавии як чамоаи наботот ба дигараш вобаста ба равшани чи тавр руй медихад?
  3. Ивазшавии растанихои равшанидуст ба соядуст чи тавр ба амал меояд?
  4. Таъсири намноки ба ивазшавии чамоаи наботот дар чи зохир мешавад?
  5. Ивазшавии наботот дар сохили руди кухи чи тавр руй медихад?
  6. Фаъолияти хочагидории инсон ба ивазшавии наботот чи тавр таъсир мерасонад?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …