Главная / Чамъият / Иттилоот чист?

Иттилоот чист?

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи иттилоот 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2002, №4, к. 2, мод. 320; с. 2012, №7, мод. 698; Ќонуни ЉТ аз 27.11.2014 с., № 1164)

Конуни мазкур асосхои хукукии фаъолияти иттилооти, максад, вазифа,принсип, субъект ва объектхои муносибатхои иттилоотиро ба танзим дароварда, сиёсати давлатии иттилоотиро дар чомеъа мукарар менамояд. (КЧТ аз 3.07.12с., №848) 

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси 

Мафхумхои асосие, ки дар Конуни мазкур истифода мегаванд:

иттилоот – маълумот дар бораи шахc, ашё, вокеахо, падидахо ва чараёнхо сарфи назар аз шакли пешниходи онхо;

фаъолияти иттилооти – мачмуи амалиётест, ки барои конеъ гардонидани эхтиёчоти иттилоотии субъектхои муносибатхои иттилооти равона гардидааст;

сохахои иттилооти – мачмуи маълумоти эълоншуда оид ба сохахои нисбатан мустакили хаёту фаъолияти чомеа ва давлат;

иттилооти омории давлати– иттилооти хуччатии расмии давлатиест, ки ба вокеахо ва падидахои дар иктисодиёт, ичтимоиёт, фарханг ва дигар сохахои хаёти Чумхурии Точикистон рухдода тавсифоти микдори медихад;

иттилооти оммави – иттилоотест, ки ба таври оммави тавассути нашрияхо, воситахои сабти овоз ва видео пахн карда мешавад;

иттилооти хукуки – мачмуи маълумоти хуччати ё ба таври оммави эълоншуда оид ба хукук, системам он, манбаъхои татбик ва далелхои хукуки, муносибатхои хукуки, тартиботи хукуки, вайрон кардани хукук ва мубориза бо он, пешгирии конуншикани ва гайра;

иттилоот оид ба шахсият – мачмуи маълумоти хуччати ё ба таври оммави эълоншуда оид ба шахсият;

иттилооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопеди -маълумоти муназзам, хуччати ё маълумоти ба таври оммави эълоншуда дар бораи хаёти чамъияти, давлати ва мухити табиии зист;

иттилооти хуччатикунонида (аснод) – иттилооти дар манбаи моддии иттилоот кайдшуда бо маълумотхое (реквизитхое), ки барои хаммонандкунии он имкон медиханд;

иттилооти макомоти системахои давлатии идоракуни – иттилооти расмии хуччати, ки дар чараёни фаъолияти чории хокимияти конунгузор, ичроия, суди ва макомоти хокимияти махалли ташкил карда мешавад;

иттилооти ичтимоишиноси – маълумоти сотсиалогии хуччати ё ба таври оммави эълоншуда оид ба муносибатхои шахрвандони алохида ё гуруххои ичтимои нисбат ба вокеа ва руйдодхои чамъияти, чараёнхо ва далелхо;

иттилоот дар бораи шахрвандон (маълумоти шахси) – маълумот дар бораи далелхо, вокеахо ва холатхои зиндагии шахрванд, ки ба хаммонандкунии шахсияти у имкон медихад;

иттилооти махфимаълумоти дорои сирри давлатии дар моддахои 13 – 18 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлати» пешбини гардида, ки ифшо ё гум кардани онхо ба амнияти милли ва иктидори мудофиавии Чумхурии Точикистон зарар мерасонад ё расонида метавонад; (КЧТ аз 27.11.14г., №1163)

иттилооти пинхони (конфиденсиали) – маълумот дар сохиби, истифода ё ихтиёрдории шахсони алохидаи вокеи ё хукуки карордошта, ки метавонанд бо хохиши молик ба таркиби маълумоти давлати дохил карда шаванд;

санади ибтидои – санадест, ки иттилооти аввалияро дар бар мегирад;

Санади дуюмдарача – санадест, ки натичахои коркарди тахлили ё коркарди як ё якчанд манбаи дигари иттилоотиро дар бар мегирад;

чараёни иттилооти – чараёни чамъовари, коркард, захиракунони, нигохдори, чустучу ва пахн намудани иттилоот;

системаи иттилооти – мачмуи асноди аз нигохи ташкили танзимшуда, хачми аснод ва технологияи иттилооти, аз чумла бо истифодаи воситахои техникаи хисоббарор ва алока, ки чараёни иттилоотиро татбик месозанд;

захирахои иттилооти – асноди алохида, хачми чудогонаи аснод ва хачми аснод дар системахои иттилооти (китобхонахо, бойгонихо, фондхо, махзанхои маълумот ва дигар системахои иттилооти);

махсулоти иттилооти – натичаи моддии фаъолияти иттилооти, ки барои конеъ намудани эхтиёчоти иттилоотии шахрвандон, макомоти давлати, корхонаю муассиса ва ташкилот пешбини гардидааст;

хизматрасонии иттилооти – дар шакли муайяннамудаи Конунхои мазкур анчом додани фаъолияти иттилооти чихати расонидани махсулоти иттилооти то истифодабароадагон бо максади конеъгардонии эхтиёчоти иттилоотии онхо;

хукуки моликият ба иттилоот– муносибатхои чамъиятии конунан танзимшуда оид ба сохиби, истифода ва ихтиёрдории иттилоот;

молики захирахои иттилооти, системахои иттилооти, технология ва воситахои таъмини онхо – субъекте, ки объектхои зикршударо сохиби ва истифода намуда, ваколатхои ихтиёрдории онхоро дар доираи мукаррарнамудаи конунгузори татбик менамояд;

истифодабарандаи иттилоот – субъекте, ки ба системаи иттилоот ё ба миёнарав барои гирифтани маълумоти зарури мурочиат мекунад. (КЧТ аз 3.07.12с., №848)

Моддаи 2. Максад ва вазифахои Конуну мазкур 

Конуни мазкурмеъёрхои умумии хукуки гирифтан, истифода намудан, пахн кардан ва хифз намудани иттилоотро мукаррар менамояд, хукуки субъекти муносибатхои иттилоотиро ба иттилоот дар хамаи сохахои хаёти чамъияти ва давлатии Чумхурии Точикистон, инчунин системаи иттилоот ва манбахои онро тахким бахшида, макоми иштирокчиёни муносибатхои иттилоотиро муайян мекунад, дастрас намудани иттилоотро танзим ва хифзи онро таъмин, шахсият ва чомеаро аз иттилооти бардуруг мухофизат менамояд.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи иттилоот 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи иттилоот ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Принсипхои асосии муносибатхои иттилооти

Принсипхои асосии муноcибатхои иттилооти аз инхо иборатанд:

-хукуки кафолатнок ба иттилоот;

-ошкоро ва дастрас будани иттилоот ва мубодилаи озоди он;

-Хакони ва сахех будани иттилоот;

-мукаммали, саривакти ва дакик, будани иттилоот;

-конуни будани гирифтан, истифода намудан, пахн кардан ва хифз намудани иттилоот.

Моддаи 5. Субъектхои муносибатхои иттилооти

Субъектхои муносибатхои иттилооти инхо мебошанд:

-шахрвандони Чумхурии Точикистон;

-шахсони хукуки;

-давлат.

Мувофики Конуни мазкур дигар давлатхо, шахрвандони онхо, шахсони хукуки, ташкилотхои байналмилали, шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд низ метавонанд субъектхои муносибатхои иттилооти бошанд.

Моддаи 6. Объектхои муносибатхои иттилооти 

Иттилооти ошкоршаванда дар бораи шахc, вокеахо ва падидахо дар сохаи сиёсат, иктисод, фарханг, илму техника, ичтимоиёт, экология, сохахои байналмилали ва дигар сохахо объектхои муносибатхои иттилооти мебошанд.

Моддаи 7. Сиёсати давлатии иттилооти 

Сиёсати давлатии иттилооти аз мачмуи самтхои асоси ва усулхои фаъолияти давлат ва дигар субъектхо оид ба гирифтан, истифода намудан, пахн кардан ва хифз намудани иттилоот иборат мебошад.

Самтхо ва усулхои асосии сиёсати давлатии иттилооти аз инхо иборатанд:

-гамхории давлат ва дигар субъектхои муносибатхои иттилооти дар бораи таъсиси саривакти, фаъолияти зарури ва рушди системахои иттилооти, шабакахо, махзан ва манбаи маълумот дар тамоми самтхои фаъолияти иттилооти;

-таъмини ворид шудани саривактии шахрвандон ба иттилоот;

-дар асоси гайриинхисори таъсис додани система ва шабакахои миллии иттилоот;

-тахкими асосхои моддию техники, молияви, ташкили, хукуки ва илмии фаъолияти иттилооти;

-таъмини истифодаи самарабахши иттилоот;

-мусоидат ба навсози, ганигардонии доими ва хифзи захирахои миллии иттилооти;

-ташкили системаи хифзи иттилоот;

-мусоидат ба хамкории байналмилали дар сохаи иттилоот ва кафолат додани мустакилияти иттилоотии Чумхурии Точикистон.

Сиёсати давлатии иттилоотиро макомоти хокимияти давлати, инчунин идорахои дахлдори иттилооти тахия ва татбик менамоянд.

Моддаи 8. Хукук ба иттилоот 

Субъектхои муносибатхои иттилооти ба имконияти озодона гирифтан, истифода намудан, пахн кардан ва хифз намудани маълумоте, ки чихати татбики хукук, озоди ва манфиатхои конуни, анчом додани максад ва вазифахои онхо заруранд, хукук доранд.

Татбики хукук, ба иттилоот аз чониби субъектхои муносибатхои иттилооти набояд хукукхои чамъияти, сиёси, иктиcоди, ичтимои, маънави, экологи ва дигар хукукхо, озоди ва манфиатхои конунии дигар шахрвандон, хукук ва манфиатхои шахсони хукукиро вайрон кунад ва ба манфиатхои Чумхурии Точикистон зарар оварад.

Ба хар як шахрванд, ба иcтиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, озодона дастрас намудани иттилоот, ки шахсан ба у дахл дорад, таъмин карда мешавад.

Моддаи 9. Кафолати хукук ба иттилоот 

Хукук ба иттилоот чунин таъмин карда мешавад:

-бо баамалбарории тартиби татбики хукук ба иттилоот;

-бо рохи амали намудани назорати давлатии риояи конунгузори оид ба иттилоот;

-мукаррар намудани масъулият барои вайрон кардани конунгузори оид ба иттилоот.

БОБИ 2.

ФАЪОЛИЯТИ ИТТИЛООТИ

 

Моддаи 10. Фаъолияти иттилооти

 

Бо максади татбики каноатбахши фаъолияти иттилооти макомоти хокимияти давлати ва дигар макомоти хадамоти иттилооти системахо, шабакахо, манбаъ ва махзани маълумот таъсис медиханд.

Тартиби таъсис, сохтор, хукук ва ухдадорихои онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикиcтон муайян карда мешавад.

Моддаи 11. Самтхои асосии фаъолияти иттилооти

 

Самтхои асосии фаъолияти иттилооти аз сохахои сиёси, иктисоди, фарханги, ичтимои, маънави, экологи, илмию техники, байналмилали ва дигар cохахои хаёти чамъияти иборатанд.

Давлат, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикиcтон, озодии фаъолияти иттилоотиро дар ин самтхо ба хамаи шахсони вокеи ва хукуки дар доираи хукук ва озоди, вазифа ва салохияти онхо кафолат медихад. (КЧТ аз 3.07.12с., №848)

Моддаи 12. Шаклхои асосии фаъолияти иттилооти

 

Шаклхои асосии фаъолияти иттилооти инхоянд:

– гирифтани иттилоот – ба даст овардан ва мувофики конунгузории Чумхурии Точикиcтон чамъ намудани иттилоот дар бораи шахc, ашё, далелхо, вокеаву падидахо ва гайра, сарфи назар аз шакли пешниходи онхо;

– истифода намудани иттилоот – конеъгардонии эхтиёчоти иттилоотии давлат, шахсони вокеи ва хукуки;

– пахн кардани иттилоот – интишор ва мубодилаи иттилоот тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– хифз намудани иттилоот – таъмини холати зарурии иттилоот, ифодакунандагони моддии он ва бахисобгирии онхо.

(КЧТ аз 3.07.12с., №848)

Моддаи 13. Маълумоти касби дар сохаи фаъолияти иттилооти

 

Дар Чумхурии Точикиcтон барои гирифтани маълумоти касби дар сохаи фаъолияти иттилооти тавассути системахои муассисахои таълимии он шароит фарохам оварда мешавад.

Тартиби таъсиси муассисахои таълимии самти иттилооти (рузноманигори, омор, корхои китобхонави ва бойгони, фаъолияти илмию иттилооти, информатика, техникаи хисоббарор ва гайра) ва принсипхои фаъолияти онхоро Конуни Чумхурии Точикиcтон «Дар бораи маориф» ва дигар санадхои меъёрии хукуки муайян менамоянд.

Моддаи 14. Ташкили тадкикоти илми дар сохаи фаъолияти иттилооти

 

Барои таъмини фаъолияти самарабахш ва рушди cистемахои миллии иттилооти дар Чумхурии Точикиcтон дар сохаи фаъолияти иттилооти тадкикоти чустучуи, бунёди ва амалии илми анчом дода мешавад.

Бо ин максад муассисахои илми, сохторхои илмию истехсоли, иттиходияхо, ассотсиатсияхо, марказхои технологияи нави иттилооти ва дигар вохидхо, аз чумла бо иштироки шарикони хоричи, таъсис дода мешавад.

Маблаггузории тадкикоти чустучуи ва бунёдии илми, барномахои илми, лоихахои дорои ахамияти давлати дар муассисахои илмию тадкикоти ва таълими аз хисоби маблаггузорихои бучег, маблагхои худи ва фармоишгарон анчом дода мешавад.

Маблаггузории тадкикоти амали, коркардхо чун коида дар асоси шартнома ё карордод анчом дода шуда, натичаи онхо метавонад мавзуи муносибатхои моли бошад.

БОБИ 3.

НАМУДХО, МАНБАЪХОИ ИТТИЛООТ ВА НИЗОМИ ВОРИД ШУДАН БА ОН

 

Моддаи 15. Намудхои иттилоот

 

Намудхои асосии иттилоот иборат аз:

-иттилооти омори;

-иттилооти оммави;

-иттилооти фаъолияти макомоти давлати;

-иттилооти хукуки;

-иттилоот оид ба шахсият;

-иттиллооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопеди;

-иттилооти ичтимоишиноси, шиносои, иктисоди, тичорати, экологи, хизмати, истеъмоли, бойгони, илми, илми-техники ва гайра.

Моддаи 16. Иттилооти давлатии омори

 

Иттилооти давлатии омори бояд ба таври мунтазам ошкоро интишор гардад. Озодона ворид шудани шахрвандон, муассисахои илми ва дигар ташкилотхои манфиатдор ба маълумоти омории интишорнашуда, ки тахти махдудиятхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикиcтон карор нагирифтаанд, таъмин карда мешавад.

Системаи иттилооти омори, манбаъхо ва низоми он тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи омори давлати» ва дигар санадхои меъёрии хукуки оид ба ин соха муайян карда мешавад.

Моддаи 17. Иттилооти оммави

 

Воcитахои чопии ахбори омма ин матбуоти даври, рузномахо, мачаллахо, бюллетенхо ва нашрияхои яквакта бо нусхахои муайян ба шумор мераванд.

Воситахои электронии ахбори омма иборатанд аз радио, телевизион, кино, сабти овоз ва сабти видео.

Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти воситахои алохидаи ахбори омма тибки санадхои конунгузори оид ба ин воситахо муайян карда мешаванд.

Моддаи 18. Иттилооти фаъолияти макомоти идораи давлати

 

Иттилооти макомоти фаъолияти идораи давлати бо роххои зерин ба маълумоти шахсони манфиатдор расонида мешаванд:

-интишори онхо дар нашрияхои расми ё пахн намудани онхо аз чониби хадамоти иттилоотии макомот ё ташкилотхои дахлдори давлати;

-интишори онхо дар воситахои чопии ахбори омма ё эълони оммави, аудиои ва аудиовизуалии воситахои ахбори омма;

-бевосита расонидани онхо ба маълумоти шахсоне манфиатдор (ба таври шифохи, хатти ё тартиби дигар);

-фарохам овардани имконияти шиносои бо маводи бойгони, хисобот, санадхои натичахои санчиш ва гайра;

-ошкор намудани онхо тавасcути маърузахои оммавии шахсони мансабдор.

Манбаъхо ва тартиби гирифтан, истифода намудан, пахн кардан ва хифз намудани иттилооти расмии макомоти давлати ва макомоти махаллии хокимият тибки асноди конунгузори ба ин макомот муайян карда мешавад.

Моддаи 19. Иттилооти хукуки

 

Манбаъхои иттилооти хукуки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, санадхои хукукии байналмилали, иттилооти воситахои ахбори омма, маърузахои оммави, дигар манбаъхои иттилоот оид ба масъалахои хукуки мебошанд.

Бо максади таъмини шахрвандон бо санадхои меъёрии хукуки давлат интишори расмии онхоро мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи санадхои меъёриихукуки» ба танзим медарорад.

Моддаи 20. Иттилоот оид ба шахсият

 

Маълумоти асоси ба шахсият (маълумоти инфироди) иборат аст аз: миллат, маълумот, вазъи оилави, вазъи модди, мансубият ба дин, вазъи саломати, инчунин сурога, сана ва махалли таваллуд.

Манбаъхои иттилооти хуччати оид ба шахсият санадхои ба номи у додашуда, санадхои аз чониби у имзогардида, инчунин маълумот оид ба шахсият ба хисоб мераванд, ки макомоти хокимияти давлати ва махалли чамъ овардаанд.

Чамъовари, хифз, истифода ва пахн намудани иттилоот оид ба хаёти шахси, хамчунин иттилооте, ки сирри шахси ва оилави, махфияти гуфтушуниди телефони, муросилоти почта, телеграф ва дигар маълумоти оид ба шахсиятро бидуни розигии у ошкор месозад, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон манъ аст. Хар як шахc хукук дорад бо иттилооти доир ба у чамъовардашуда шинос шавад.

Иттилоот оид ба шахсият ба гурухи иттилооти пинхони марбут буда, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хифз карда мешавад.

Моддаи 21. Иттилооти дорои хусусияти маълумотию энсиклопеди

 

Манбаъхои асосии ин иттилоот энсиклопедия, лугатхо, маълумотномахо, иттилооти рекламави, эълонхо, рохнамохо, маводи картографи, инчунин маълумотномахое ба хисоб мераванд, ки аз чониби макомоти хокимияти давлати ё махаллии ба он ваколатдор ва иттиходияхои чамъятии шахрвандон, ташкилот, муассисахои бойгони ва кормандони онхо, инчунин системахои автоматикунонидашудаи иттилооти дода мешаванд.

Системаи ин иттилоот, ворид шудан ба он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 22. Иттилооти ичтимоишиноси

 

Манбаъхои асосии иттилооти ичтимоишиноси маълумоти хуччати ё ба таври оммави эълоншудае ба хисоб мераванд, ки дар онхо натичахои пурсиши ичтимои, мушохидахо ва дигар тадкикотхои ичтимои инъикос ёфтаанд.

Тадкикотхои ичтимоишиноcи аз чониби макомоти давлати, иттиходияхои чамъиятии шахрвандон, ки тибки тартиби мукарраргардида ба кайд гирифта шудаанд, сурат мегиранд.

Моддаи 23. Манбаъхои иттилоот

 

Манбаъхои иттилоот аз ифодакунандахои моддии кайдшудаи иттилоот бо маълумотхои (реквизитхо), ки ба хаммонандкунии он имкон медиханд, инчунин аз хабархои воситахои ахбори омма ва маърузахои оммави иборат мебошанд.

Моддаи 24. Низоми ворид шудан ба иттилоот

 

Низоми ворид шудан ба иттилоот ин тартиби гирифтан, истифода намудан, пахн кардан ва хифз намудани иттилоот мебошад, ки санадхои меъёрии хукуки пешбини намудаанд.

Иттилоот аз руи воридшави ба иттилооти ошкоро ва иттилооти воридшавии махдуд чудо карда мешавад.

Давлат низоми воридшави ба иттилоотро назорат мекунад.

Вазифаи назорати низоми воридшави ба иттилоот аз таъмини риояи талаботи конунхо дар бораи иттилот аз чониби хамаи макомоти давлати, корхонахо, муассисахо ва.ташкилотхо, рох надодан ба беасос мансуб донистани маълумот ба гурухи иттилооти воридшавии махдуд иборат мебошад.

Назорати давлатии риояи низоми мукаррарнамуда аз чониби макомоти махсусе, ки онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд, сурат мегирад.

Моддаи 25. Воридшави ба иттилооти ошкоро

 

Воридшави ба иттилооти ошкоро бо роххои зерин таъмин карда мешавад:

-нашри мунтазами он дар нашрияхои расми (бюллетенхо, мачмуахо);

-пахн намудани он тавассути ахбори омма;

-бевосита додани он ба шахрвандони манфиатдор, макомоти давлати ва шахсони хукуки.

Тартиб ва шартхои мувофики дархост ба шахрвандон, макомоти давлати, шахсони хукуки ва намояндагони ахли чомеъа додани маълумот тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад. Махдуд сохтани хукук барои гирифтани иттилооти ошкоро манъ аст. Аз хукуки гирифтани иттилоот он шахрвандоне истифода мебаранд, ки чунин иттилоот барои ичрои ухдадорихои касбиашон зарур аст.

Моддаи 26. Иттилооти дастрасиаш махдуд

 

Иттилооти дастрасиаш махдуд тибки низоми хукуки ба пинхони ва махфи чудо карда мешавад.

Шахсони вокеи ва хукукие, ки дорои иттилооти пинхонии касби, кори, истехсоли, бонки, тичорати ва хусусияти дигар дошта мебошанд, онхоро тавассути маблагхои худи ба даст оварданд ё натичаи амали касби, кори, истехсоли, бонки, тичорати ё дигар манфиатхои онхо буда, сирри мувофики конун пешбининамударо вайрон накарда, низоми дастраси ва хифзи онро муайян мекунанд.

Мансуб донистани иттилоот ба гурухи маълумоти махфии дорои сирри давлати ва дастрасии шахрвандон ба онхо мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлати» сурат мегирад.

Тартиби муносибат бо иттилооти махфи ва хифзи он аз чониби макомоти дахлдори давлати бо шарти риояи талаботи мукаррарнамудаи хамин Конун муайян карда мешавад.

Тартиб ва мухлати ошкор намудани иттилооти махфи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 27. Дастрасии шахрвандон ба маълумот дар бораи худ

 

Шахрвандон хукук доранд:

-дар давраи чамъоварии иттилоот донанд, ки кадом маълумот, аз тарафи ки дар бораи онхо ва бо кадом максад чамъ гардид, чи тавр, кай ва бо кадом максад мавриди истифода карор мегирад;

-иттилооти мансуб ба худро дастрас намоянд, бо он шинос шаванд, пурраги ва мувофикии онро талаб намоянд.

Макомоти идораи давлати, макомоти хокимияти ичроия дар махаллхо (хукуматхо), муассисахои бойгони, ки системаи иттилоотии онхо маълумотро оид ба шахрвандон дар бар мегирад, вазифадоранд бо талаби шахсоне, ки ин иттилоот ба онхо дахл дорад, ба истиснои холатхое, ки конун пешбини намудааст, бидуни монеа онро пешниход намоянд, инчунин чихати пешгирии гайриконунии ба даст овардани он тадбирхо андешанд. Дар сурати вайрон кардани ин талабот, конун хифзи шахрвандонро аз зарари вобаста ба истифодаи чунин иттилоот расониданшуда кафолат медихад.

Дастрасии шахсони бегона ба маълумоти оид ба дигар шахсе, ки мутобики санадхои меъёрии хукукии чори аз чониби макомоти давлати, ташкилотхо ва шахсони мансабдор чамъовари шудааст, дар мавриди набудани розигии шахсе, ки нисбат ба у чунин маълумот чамъовари гардидааст ва агар у дар кайди хаёт набошад, бидуни розигии ворисони у манъ аст. Дар мавриди набудани ворисон дастраси ба чунин иттилоот бо ичозати макомоти давлати, ташкилот ё макомоти хокимияти махалли, ки молики иттилоот мебошанд, ичозат дода мешавад.

Хамаи ташкилотхое, ки оид ба шахрвандон маълумот чамъовари менамоянд, бояд то огози кор бо онхо тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон бакайдгирии давлатии манбаъхои дахлдори маълумотро анчом диханд.

Теъдоди зарурии маълумот оид ба шахрвандон, ки онро метавон бо рохи конуни ба даcт овард, бояд то хадди акал махдуд карда шавад ва танхо бо максадхои конунан мукарраргардида мавриди истифода кунад.

Ради додани ичозат дар бораи дастраси ба чунин иттилоот, пинхон кардани он, чамъоварии гайриконуни, истифода, хифз ё гайриконуни пахн намудани он метавонад ба суд шикоят кунад.

Моддаи 28. Дархосг дар хусуси дастраси ба санадхои расми ва додани иттилооти хатти ё

                        шифохи

 

Тахти мафхуми дархости иттилооти (минбаъд дархост) дар хусуси дастраси ба санадхои расми дар Конуни мазкур мурочиат бо талаботи фарохам овардани имконияти шиносшави бо санадхои расми дар назар дошта шудааст. Дархост метавонад инфироди ё умуми бошад. Он дар шакли хатти пешниход карда мешавад.

Шахрванд хукук дорад ба макомоти давлати мурочиат намуда, пешниходи хамагуна санади расмиро, сарфи назар аз мансубияти ин хуччат ба у талаб намояд, ба истиснои холатхои махдудияти дастраси, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.

Тахти мафхуми фарохам овардани иттилооти хатти ё шифохи дар Конуни мазкур мурочиат ба талаби фарохам овардани иттилооти хатти ё шифохи оид ба фаъолияти макомоти конунгузори, ичроия ва судии Чумхурии Точикистон, шахсони мансабдори он оид ба масъалахои алохида дар назар дошта шудааст.

Шахрвандони Чумхурии Точикиcтон, макомоти давлати, ташкилот ва иттиходияхои шахрвандон (минбаъд – дархосткунанда) ба макоми дахлдори конунгузори, ичроия, хокимияти суди ва бойгони, шахсони мансабдори онхо дархост пешниход менамоянд.

Дар дархост насаб, ном, номи падари дархосткунанда, хуччат, маълумоти хатти ё шифохие, ки ба у зарур аст ва нишонии худ, ки чавобро мехохад ба даст орад, бояд зикр гардад.

Макомоти хокимияти конунгузори, ичроия ва судии Чумхурии Точикиcтон, шахсони мансабдори онхо вазифадоранд оид ба иттилооти марбут ба фаъолияти онхо ба таври хатти, шифохи, тавассути телефон ё бо истифодаи маърузахои оммавии шахсони мансабдори худ иттилоот пешниход намоянд.

Моддаи 29. Мухлати баррасии дархост дар бораи дастраси ба асноди расми

Мухлати барраcии дархост вобаста ба имконияти конеъ намудани он набояд аз cи рузи таквими бештар бошад.

Дар мухлати дар кисми якуми моддаи мазкур нишондодашуда муассисаи давлати ба дархосткунанда оид ба чавоби дархости у ба таври хатти маълумот пешниход менамояд. (КЧТ аз 3.07.12с., №848)

Моддаи 30. Рад ва ба таъхир гузоштани конеъгардонии дархост дар хусуси дастраси ба

                       асноди расми

 

Радди конеъгардонии дархост ба маълумоти дархосткунанда дар шакли хатти бо тавзехи тартиби шикоят намудан аз карори кабулгардида расонида мешавад. Дар раддия бояд инхо зикр гарданд:

1) шахси мансабдори муассиcаи давлатие, ки конеъгардонии дархостро рад намудааст;

2) санаи раддия;

3) аcосноккунии раддия.

Ба таъхир андохтани конеъгардонии дархост дар холате ичозат дода мешавад, ки агар санади дархостшавандаро дар мухлати як мох барои ба шиносои пешниход намудан имконнопазир бошад. Огохони дар мавриди ба таъхир гузоштани дархост ба маълумоти дархосткунанда дар шакли хатти ба тавзехи тартиби шикоят намудан аз карори кабулгардида расонида мешавад. Дар ахбор дар хусуси ба таъхир андохтани ичрои дархост ин холатхо бояд зикр гарданд:

1) шахси мансабдори муаcсисаи давлатие, ки конеъгардонии дархостро дар мухлати як мохи мукарраргардида рад намудааст;

2) санаи ирсол ё додани ахбор дар бораи ба таъхир гузошгани дархост;

3) сабабхое, ки вобаста ба он санади дархостшавандаро наметавон дар мухлатхои мукаррарнамудаи хамин Конун дод;

4)  мухлате, ки дархост конеъ гардонида хохад шуд. Раддия ё батаъхиргузории конеъгардонии дархост оид ба додани иттилооти хатти низ ба хамин тартиб сурат мегирад.

Моддаи 31. Норизои аз рад ё батаъхиргузории конеъгардонии дархост оид ба дастраси ба

                       асноди расми

 

Дар сурати рад намудани дархости хуччат барои шиносшави ё батаъхиргузории конеъгардонии дархост дархосткунанда хукук дорад нисбат ба раддия ё батаъхиргузори ба макомоти болои ё суд шикоят кунад.

Агар ба шикояти ба макомоти болои додашуда чавоби манфи ирсол гардад, дархосткунанда хукук дорад нисбати ин раддия бо тартиби суди шикоят намояд.

Суд хукук дорад барои таъмини пурраги ва объективии баррасии парванда санадхои расмиеро, ки имконияти шиносшави бо онхо рад шуда буд, талаб кунад ва пас аз омухтани онхо дар мавриди асоснокии (ё беасосии) амали шахсони мансабдори муаcсисаи давлати карор кабул намояд.

Агар рад ё батаъхиргузори беасос бошад, суд муассиcаи давлатиро вазифадор менамояд, ки ба дархосткунанда имконияти шиносои бо санадхои расмиро фарохам оварад ва нисбат ба шахсони мансабдоре, ки ба дархосткунанда чавоби рад додаанд, таъиноти хусуси барорад.

Радди беасос оид ба фарохам овардани имконияти шиносои бо санадхои расми ё вайрон кардани мухлати муайяни фарохам овардани он бидуни сабабхои узрнок тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон боиси чавобгарии шахсони мансабдори муассисахои давлати мегардад. (КЧТ аз 3.07.12с., №848)

Шикоят нисбат ба рад ё батаъхиргузории конеъгардонии дархост дар хусуси иттилооти хатти бо тартиби дар хамин модда зикршуда сурат мегирад.

Моддаи 32. Тартиби чуброни харочот оид ба конеъгардонии дархостхои вобаста ба дастраси

                       ба асноди расми ва пешниходи иттилооти хатти

 

Дархосткунанда бояд пурра ё кисман харочоти вобаста ба ичрои дархостхо оид ба дастраси ба асноди расми ва пешниходи иттилооти хаттиро чуброн намояд.

Тартиби пардохти нусхаи асноди дархостшаванда аз чониби муаcсисаи давлати муайян карда мешавад.

Хукумати Чумхурии Точикистон тартиб ва андози пардохти корхоро вобаста ба чамъовари, чустучу, тахия, таъсис ё пешниход намудани иттилооти хаттии дархостшаванда, ки набояд аз харочоти вокеии вобаста ба ичрои дархост бештар бошад, муайян мекунад.

Корхои оид ба чустучуи асноди расми пардохта намешаванд.

Моддаи 33. Хуччатхо ва иттилооте, ки тибки дархост барои шиносшави дода намешаванд

 

Аз руи дархости иттилооти санадхои расмии дорои мазмуни зайл мавриди пешниход барои шиноcшави карор намегиранд:

-иттилооте, ки тибки тартиби мукарраргардида дорои сирри давлати эътироф гардидааст;

-иттилооти пинхони;

-иттилоот дар бораи корхои фаврию тафтишотии макомоти тахкик ва суд дар холатхое, ки ошкор намудани онхо метавонанд ба чорабинихои фаври, тахкик ё тафтиши пешаки зарар расонад, хукуки инсон барои баррасии одилона ва объективии парвандаи судии у вайрон гардад, ба хаёт ва саломатии ягон шахc тахдид ба миён оварад;

-иттилооти марбут ба хаёти шахсии шахрвандон;

-хуччатхое, ки муросилоти хизмати дохилиидоравиро ташкил медиханд (маълумотномахо, муросилоти байни вохидхои сохтори ва гайра), агар онхо бо коркарди самти фаъолияти муассиса, чараёни кабули карорхо алокаманд буда, барои кабули онхо замина гардидаанд;

-иттилооте, ки тибки дигар конунхо ё санадхои меъёри набояд ошкор карда шававд. Муассисае, ки ба он дархост пешниход шудааст, метавонад хуччати дорои иттилоотеро, ки дар асоси санади меъёрии дигар муаcсисаи давлати бояд ошкор карда нашавад, барои шиносшави пешниход накунад ва он муаcсисаи давлатие, ки дархостро барраси менамояд, хукук надорад масъалаи ошкор намудани онро арзёби кунад;

-иттилооти муассисахои молияви, ки барои идорахои тафтишу молияви тахия гардидаанд.

Моддаи 34. Хукуки моликият ба иттилоот

 

Иттилоот объекти хукуки моликияти давлат, шахсони вокеи ва хукукимебошад. Иттилоот метавонад хам дар хачми пурра ва хам танхо вобаста ба сохиби, истифода ё ихтиёрдори объекти хукуки моликият бошад.

Асосхои ба миён омадани моликият ба иттилоот аз инхо иборатанд:

-ташаккули иттилоот бо кувваи худ ва аз хиcоби худ;

-шартнома дар бораи ба даст овардани иттилоот;

-шартномае, ки шартхои ба дигар шахc гузаштани хукуки моликият ба иттилоотро дар бар мегирад.

Иттилооте, ки аз чониби якчанд шахрванд ё шахсони хукуки таъсис шудааст, моликияти умумии муассисон мебошад. Тартиб ва коидахои истифодаи чунин моликият мувофики шартномаи байни моликон басташуда муайян карда мешавад.

Иттилооте, ки аз чониби ташкилотхо (шахсони хукуки) таъсис шудааст, ё бо рохи дигари конуни ба даст дароварда шудааст, моликияти ин ташкилотхо мебошад.

Иттилооте, ки аз хиcоби маблагхои бучети давлати хосил шудааст, моликияти давлати ба хисоб меравад. Иттилооте, ки дар асоси хукуки моликияти инфироди хосил шудааст, дар холати дар асосхои шартномави барои нигохдори супурдани он ба махзанхои дахлдори маълумот, фондхо ва бойгонихо метавонад ба моликияти давлати мансуб дониста шавад.

Молики иттилоот хукук дорад шахси амалкунандаи сохиби, истифода ва ихтиёрдории иттилоотро таъйин намуда, коидаи коркарди иттилоот ва дастраси ба онро муайян карда, инчунин дигар шартхоро нисбат ба иттилоот мукаррар намояд.

Моддаи 35. Иттилоот хамчуи мол

 

Махсулоти иттилооти ва хизматрасонии иттилоотии шахсони вокеи ва хукуки, ки ба фаъолияти иттилооти машгуланд, метавонад объекти муносибатхои моли гардад, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон танзим карда мешаванд. (КЧТ аз 3.07.12с., №848)

Нарх ва нархгузори ба махсулоти иттилооти ва хизматрасонии иттилооти, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конун, тибки шартнома мукаррар карда мешавад.

БОБИ 4.

ХИФЗИ ХУКУК БА ИТТИЛООТ, РОХ НАДОДАН БА СУИИСТИФОДА АЗ ХУКУК БА ИТТИЛООТ

 

Моддаи 36. Хифзи хукук ба иттилоот

 

Хукук ба иттилоот тибки конунгузории Чумхурии Точикистон хифз карда мешавад. Давлат ба хама иштироккунандагони муносибатхои иттилооти хукукхои баробар ва имконияти баробар барои дастраси ба иттилоот кафолат медихад.

Хеч кас хукук надорад, ба истиснои холатхои пешбининамудаи моддаи 33 Конун мазкур хукуки шахсро дар интихоби шакл ва манбаи гирифтани иттилоот махдуд созад. (КЧТ аз 3.07.12с., №848)

Субъекти хукук ба иттилоот метавонад рафъи хама гуна хукуквайронкунихои нисбат ба у рухдодаро талаб намояд.

Мусодираи нашрияхо, нигорахо, махзанхои иттилооти, хуччатхои фондхои бойгони, китобхонахо, осорхонахо ва несту нобуд кардани онхо дар заминаи мавкеи идеологи ва сиёси манъ аст.

Моддаи 37. Рох надодан ба суиистифода аз хукук ба иттилоот

 

Истифодаи иттилоот ба мукобили асосхои сохти конститутсиони ва амнияти давлат, ба мукобили амнияти иттилооти, барои барангехтани кинаю адовати нажоди, милли, махалгарони, дини, забони, чанг, зулму зуровори, фаъолияти террористи ва экстремисти, хусумати ичтимои, тачовуз ба шахсият, хукук ва озодихои инсон ва шахрванд, таблиги фахшу фуруч (порнаграфия) манъ  аст. (КЧТ аз 3.07.12с., №848)

Моддаи 38. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукукие, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобики санадхои хукукию меъёри ба чавобгари кашида мешаванд.

Шахсон дар холатхои зерин барои вайрон намудани конунгузори дар бораи иттилоот чавобгар мебошанд:

беасос рад намудани пешниходи иттилооти дахлдор;

пешниход намудани иттилооте, ки ба хакикат мувофикат намекунад;

сари вакт пешниход накардани иттилоот;

дидаю дониста пинхон доштани иттилоот;

мачбурсози ба пахн намудан ё мукобилат ба пахн намудан, ё радди беасоси пахн намудани иттилооти дахлдор;

пахн намудани иттилооте, ки ба хакикат мувофик набуда, обрую эътибори шахсро паст мезанад;

истифода ва пахн намудани иттилоот оид ба хаёти шахсии шахрванд, бидуни розигии у аз чониби шахсе, ки вобаста ба ичрои ухдадорихои хизматии шахси молики иттилооти дахлдор мебошад;

ошкор намудани сирри давлати ё дигар сирри конунан хифзшаванда аз чониби шахсе, ки бояд ин сирро хифз намояд;

вайрон кардани тартиби нигох доштани иттилоот;

дидаю дониста несту нобуд кардани иттилоот, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конун;

беасос ба гурухи маълумоти воридшавии махдуд марбут донистани навъхои алохидаи иттилоот.

Шикоят аз руи амали гайриконунии шахсони мансабдор ба макомоти сатхи болоие, ки ин шахсони мансабдор ба он тобеанд, пешниход карда мешавад.

Дар сурати ба шахрванд, шахси хукуки ва ба макомоти давлати расонидани зарари модди ва маънави ва дар холати конеъ нагардонидани шикояте, ки ба макоми болои кардааст, шахрванд ва шахси хукуки хак дорад нисбат ба амали гайриконунии шахси гунахкор ба суд шикоят кунад.

БОБИ 5.

ФАЪОЛИЯТИ  ИТТИЛООТИИ  БАЙНАЛМИЛАЛИ,  ХАМКОРИ  БО  ДИГАР  ДАВЛАТХО, ТАШКИЛОТХОИ  ХОРИЧИ  ВА Б АЙНАЛМИЛАЛИ  ДАР  СОХАИ  ИТТИЛООТ

 

Моддаи 39. Фаъолияти иттилоотии байналмилали

 

Фаъолияти иттилоотии байналмилали аз таъмини шахсони вокеи ва хукукибо иттилооти расми ё ба таври оммави эълонгардида оид ба фаъолияти сиёсати хоричии Чумхурии Точикистон, вокеа ва падидахое, ки дар дигар кишвархо рух медиханд, инчунин максаднок берун аз худуди Чумхурии Точикистон пахн намудани иттилооти хамачониба дар бораи Чумхурии Точикистон тавассути макомоти давлати, иттиходияхои шахрвандон, воситахои ахбори омма ва шахрвандон иборат мебошад.

Шахрвандони Чумхурии Точикистон барои озодона ва бемамониат ба даст овардани иттилоот тавассути манбаъхои хоричи, аз чумла пахши мустакими телевизион, радио, матбуот ва системахои иттилооти хукук доранд.

Вазъи хукуки ва фаъолияти касбии хабарнигорони хоричии дар Чумхурии Точикистон аккредитатсияшуда ва дигар намояндагони воситахои ахбори омма хоричи, инчунин фаъолияти иттилоотии намояндагони дипломатми, консулгари ва дигар намояндагони расмии хоричи дар Чумхурии Точикистон тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, танзим могардад.

Таъсис ва фаъолияти ташкилотхои муштарак дар сохаи иттилоот бо иштироки шахсони вокеи ва хукуки Чумхурии Точикистон ва давлатхои хоричи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, танзим мегардад.

Моддаи 40. Хамкории байналмилали

 

Хамкории байналмилали дар cохаи иттилоот оид ба масъалахои дорои манфиати муштарак дар асоси шартномахои байналмилали, ки Чумхурии Точикистон ва шахсони хукукии машгул ба фаъолияти иттилооти ба имзо расонидаанд, сурат мегирад.

Моддаи 41. Воридот ва содироти махсулоти (хизматрасонии) иттилооти

 

Воридот ва cодироти махсулоти (хизматраеонии) иттилооти тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи фаъолияти иктиcодии хоричи анчом дода мешавад.

Моддаи 42. Мустакилияти иттилооти

 

Асоси мустакилияти иттилоотии Чумхурии Точикистон хукуки моликият ба захирахои миллии иттилооти мебошад.

Ба захирахои иттилоотии Чумхурии Точикистон тамоми иттилооти марбутаи он, сарфи назар аз мазмун, шакл, вакт ва макони ташаккул, дохил мешаванд.

Чумхурии Точикистон дар каламрави худ захирахои иттилоотиро мустакилона ташаккул дода, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунхо ва шартномахои байналмилали, онро озодона ихтиёрдори менамояд.

Моддаи 43. Кафолатхои истиклоли иттилоотии Чумхурии Точикистон

Истиклоли иттилоотии Чумхурии Точикистон чунин таъмин мегардад:

бо хукуки мустаснои моликии Чумхурии Точикистон ба захирахои иттилоотие, ки аз хисоби маблагхои бучети давлат ташаккул меёбанд;

бо хифзи системахои миллии иттилооти;

бо мукаррар кардани низоми дастрасии дигар давлатхо ба захирахои иттилоотии Чумхурии Точикистон;

бо истифодаи захирахои иттилооти дар асоси хамкорихои баробархукук бо дигар давлатхо.

 

Моддаи 44. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                   Эмомали Рахмонов

 

ш. Душанбе, 10 майи соли 2002

№ 55

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …