Главная / Чамъият / Иттиходияхои корфармоён

Иттиходияхои корфармоён

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи иттиходияхои корфармоён

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2004, №5, мод.343; с. 2011, №3, ст. 164;)

Мачлиси намояндагон 31-уми марти соли 2004 кабул кардааст

Мачлиси милли 29-уми апрели соли 2004 чонибдори намудааст

Конуни мазкур асосхои умумии хукуки, иктисоди ва ташкилии фаъолияти иттиходияхои корфармоён, хукуку ухдадорихои онхоро дар системаи танзими шартномавии муносибатхои ичтимоию мехнати мукаррар менамояд.

itihodiyai-korfarmoyon

БОБИ 1.

Мукаррароти умуми

Моддаи 1. Предмети танзими Конуни мазкур

Предмети танзими Конуни мазкур муносибатхои чамъиятие мебошанд, ки хангоми татбики хукуки корфармоён барои таъсиси иттиходияхо ба максади муаррифи ва химояи манфиату хукукхои худ дар рафти танзими шартномавии муносибатхои ичтимоию мехнати пайдо мешаванд.

Моддаи 2. Мафхуми иттиходияи корфармоён

Иттиходияхои корфармоён шакли ташкилоти чайритичорати мебошад, ки ба узвияти корфармоён асос ёфтааст.  

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи иттиходияхои корфармоён

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи иттиходияхои корфармоён ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.  

Моддаи 4. Хукуки корфармоён ба иттиход

Корфармоён хукук доранд бидуни ризоияти пешакии макомоти хокимияти давлати ва макомоти хокимияти махалли дар асоси ихтиёри иттиходияхои корфармоёнро бо максади муаррифии манфиатхо ва химояи хукукхои худ дар муносибати байнихамдигари бо иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо, макомоти дигари намояндагии кормандон, макомоти хокимияти давлати ва макомоти хокимияти махалли таъсис диханд.

Давлат бо максади рушди шарикии ичтимои, таъмини иштироки корфармоён бо тартиби мукарраршуда дар ташаккулу татбики сиёсати мувофикашуда ва таъмини хукуки корфармоён ба иттиход дар бахши муносибатхои ичтимоию мехнати ва муносибатхои иктисодии ба онхо марбут мусоидат менамояд.  

Моддаи 5. Принсипхои фаъолияти иттиходияхои корфармоён

Фаъолияти иттиходияхои корфармоён дар асоси принсипи аъзогиву хоричшавии ихтиёрии корфармоён ва (ё) иттиходияхои онхо сурат мегирад.

Иттиходияхои корфармоён максад, намуд ва самтхои фаъолияташонро мустакилона муайян менамоянд.

Иттиходияхои корфармоён, иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо, макомоти хокимияти давлати, макомоти хокимияти махалли дар бахши муносибатхои ичтимоию мехнати ва муносибатхои иктисодии ба онхо марбут дар асоси принсипхои шарикии ичтимои хамкори мекунанд.  

Моддаи 6. Мустакилияти иттиходияхои корфармоён

Иттиходияхои корфармоён фаъолияти худро новобаста ба макомоти хокимияти давлати, макомоти хокимияти махалли, иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо, хизбу харакатхои сиёси ва дигар ташкилотхои чамъияти ба амал мебароранд.

Дахолати макомоти хокимияти давлати, макомоти хокимияти махалли ва шахсони мансабдори онхо ба фаъолияти иттиходияхои корфармоён, ки хукукхои иттиходияхои корфармоёнро махдуд месозад ё барои амали конунии фаъолияти оинномавии онхо мамониат мекунад, манъ аст.

Тартиби хамкории иттиходияхои корфармоон аз чониби худи онхо мувофики оиннома ва карорхои макомоти идоракунии иттиходияхои корфармоён муайян карда мешавад.

 

Моддаи 7. Вазифахои асосии иттиходияхои корфармоён

Вазифахои асосии иттиходияхои корфармоён инхоянд:

– иштирок дар гузаронидани музокирот, тахия кардан ва бастани созишномахои дучониба, сечониба доир ба масъалахои муносибатхои ичтимоию мехнати;

– иштирок дар макомоти доимоамалкунандаи низоми шарикии ичтимои тавассути намояндагони ваколатдори худ, аз чумла дар кори комиссияхои чумхурияви, вилояти, шахри, нохиявии дучонибаву сечониба бо максади танзими муносибатхои ичтимоию мехнати;

– таъмини ташкили ичрои ухдадорихое, ки корфармоён-аъзои иттиходияхо аз руи созишномахо кабул кардаанд;

– иштирок дар халли бахсхои коллективии мехнати;

– иштирок дар тахия ва экспертизаи лоихаи санадхои меъёрии хукуки, инчунин накшаву барномахо доир ба масъалахое, ки ахамияти калони ичтимоию иктисоди доранд;

– таъмини иттилооти ва методии аъзои иттиходияхо;

– таъмини фаъолияти хамохангшудаи аъзои иттиходияхо бо максади халли самараноки масъалахои иктисоди, истехсоли ва ичтимои.

 

Моддаи 8. Намудхои иттиходияхои корфармоён

Иттиходияхои корфармоён метавонанд аз руи нишонахои худуди, сохави, байнисохави, худудиву сохави таъсис дода шаванд.

Иттиходияи чумхуриявии корфармоён – иттиходияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи иттиходияхои сохавии чумхурияви (байнисохави) ва худудии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар худуди беш аз нисфи каламрави Чумхурии Точикистон фаъолият дорад.

Иттиходияи сохавии (байнисохавии) чумхуриявии корфармоён-иттиходияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоёни соха (сохахо) ё намуди (намудхои) фаъолият таъсис дода шудааст, дар мачмуъ дар худуди беш аз нисфи каламрави Чумхурии Точикистон фаъолият дорад ва (ё) бо онхо на кам аз нисфи кормандони соха (сохахо) ё намуди (намудхои) фаъолият муносибати мехнати доранд.

Иттиходияи вилоятии (аз он чумла Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон) корфармоён-иттиходияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиходияи сохавии вилояти ва шахру нохиявии корфармоён таъсис дода шудааст ва дар худуди як вилояти Чумхурии Точикистон фаъолият мекунад.

Иттиходияи сохавии вилоятии (аз он чумла Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон) корфармоён-иттиходияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоёни соха (намуди фаъолият) таъсис дода шудааст ва дар худуди як вилояти Чумхурии Точикистон фаъолият дорад.

Иттиходияи шахрии (нохиявии) корфармоён-иттиходияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоён ва (ё) иттиходияхои сохавии шахри (нохияви) таъсис шудааст ва дар худуди як шахр ё нохия фаъолият дорад.

Иттиходияи сохавии шахрии (нохиявии) корфармоён-иттиходияе, ки дар асоси ихтиёри аз тарафи корфармоёни соха (намуди фаъолият) таъсиси дода шудааст ва дар худуди як шахр ё нохия фаъолият дорад.

БОБИ 2.

ТашкилдиХИ, азнавташкилдиХИ ва барХамдиХии иттиХодияХои корфармоён

 

Моддаи 9. Ташкили иттиходияхои корфармоён

Иттиходияхои корфармоён дар асоси карори муассисон ташкил карда мешаванд.

Муассисони иттиходияи корфармоён на кам аз ду корфармо ё ду иттиходияи корфармоён шуда метавонанд.

Кобилияти хукукии иттиходияи корфармоён ба сифати шахси хукуки аз лахзаи кайди давлатии он бо тартибе, ки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи иттиходияхои чамъияти» пешбини намудааст, пайдо мешавад.(КЧТ аз 25.03.11с №696)

 

Моддаи 10. Хуччати таъсисотии иттиходияхои корфармоён

Хуччати таъсисотии иттиходияхои корфармоён оиннома аст.

Оинномаи иттиходияи корфармоён бояд масъалахои зеринро муайян намояд:

-номи иттиходияи корфармоён;

-максаду вазифахои иттиходияи корфармоён;

-махалли чойгиршавии иттиходияи корфармоён;

-тарзи идоракунии иттиходияи корфармоён;

-хукуку ухдадорихои аъзои иттиходияи корфармоён;

-шарту тартиби узвият ба иттиходияи корфармоён ва хорич шудан аз он;

-манбаъхои ташаккули молу мулки иттиходияи корфармоён;

-тартиби ворид сохтани тачйирот ба оинномаи иттиходияи корфармоён;

-сохтор, тартиби таъсис ва ваколатхои макомоти идоракунии иттиходияи корфармоён, инчунин тартиби аз чониби онхо кабул намудани карорхо;

-тартиби ба намоянда ва (ё) намояндахои иттиходияи корфармоён додани ваколат барои бурдани музокироти коллективи доир ба тахия, бастан ва тачйир додани созишномахо, инчунин барои ширкат дар раванди созиш хангоми сар задани бахсхои мехнатии коллективи;

-мукаррароти дигаре, ки ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ва конунгузории Чумхурии Точикистон ихтилоф надоранд.

Дар оинномаи иттиходияи корфармоён чавобгарии узви иттиходияи корфармоён барои риоя накардани мукаррароти оиннома, карорхои макоми олии идоракунии он метавонад пешбини шавад.

Тачйирот ба оинномаи иттиходияи корфармоён дар асоси карори макомоти олии идоракунии он ворид карда мешавад.

 

Моддаи 11. Азнавташкилдихи ва бархамдихии иттиходияи корфармоён

Азнавташкилдихи ва бархамдихии иттиходияи корфармоён дар асоси карори дахлдори макоми олии идоракунии иттиходияи корфармоён, инчунин бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

БОБИ 3.

ВазЪи Хукукии иттиХодияХои корфармоён ва аъзои онХо

 

Моддаи 12. Хукукхои аъзои иттиходияхои корфармоён

Аъзои иттиходияхои корфармоён хукуки баробар доранд.

Аъзои иттиходияхои корфармоён хукук доранд:

– дар таъсиси макомоти идоракунии иттиходияхои корфармоён бо тартибе, ки оинномаи иттиходияхои корфармоён муайян намудааст, иштирок кунанд;

– барои баррасии макомоти идоракунии иттиходияхои корфармоён оид ба масъалахои фаъолияти иттиходияхои корфармоён таклиф пешниход кунанд, дар мухокима, аз чумла дар кабули карори дахлдор бо тартиби мукаррарнамудаи оинномаи иттиходияхои корфармоён ширкат варзанд;

– дар муайян намудани мазмуну мундаричаи созишномахои аз чониби иттиходияхои корфармоён басташаванда, ки муносибатхои ичтимоию мехнати ва муносибатхои ба онхо марбути иктисодиро ба танзим медароранд, ширкат намоянд;

– оид ба фаъолияти иттиходияхои корфармоён, созишномахои аз чониби онхо басташуда, инчунин дар бораи матни ин созишномахо маълумот гиранд;

– дар масъалахои татбики конунгузорие, ки муносибатхои мехнати ва муносибатхои дигари ба он бевосита алокамандро ба танзим медарорад, тахияи санади меъёрии дохили (локали), ки мукарарроти хукуки мехнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномахои коллективи, инчунин халли бахсхои мехнатии инфиродиву коллективи аз иттиходияхои корфармоён кумак гиранд;

– узвияти иттиходихои корфармоёнро озодона тарк кунанд;

– ба хукукхои дигаре, ки оинномаи иттиходияи корфармоён пешбини намудааст.

 

Моддаи 13. Ухдадорихои аъзои иттиходияхои корфармоён

Аъзои иттиходияхои корфармоён ухдадоранд:

– талаботи оинномаи иттиходияхои корфармоёнро ичро намоянд;

– шартхои созишномахоеро, ки иттиходияхои корфармоён бастаанд, риоя кунанд ва ухдадорихои пешбининамудаи ин созишномахоро ичро намоянд.

 

Моддаи 14. Хукукхои иттиходияхои корфармоён

Иттиходияхои корфармоён хукук доранд:

– дар тахияи таклифхо ба лоихаи барномахо, инчунин дар тахияи санадхои меъёрии хукуки доир ба масъалахое, ки ахамияти калони ичтимоию иктисоди доранд, ширкат варзанд;

– намояндагони худро барои иштирок дар чаласаи макомоти хокимияти давлати, макомоти хокимияти махалли мувофики тартиби мукаррарнамудаи дастури макомоти дахлдор равон кунанд;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори аз макомоти дахлдор дар доираи ваколатхояшон оиди масъалахои мехнати, ичтимоию иктисоди маълумот гиранд;

– манфиати аъзояшро дар макомоти хокимияти давлати ва макомоти хокимияти махалли, ташкилотхои чамъияти муаррифи ва мухофизат намоянд;

– намояндагони ваколатдори худро дар сатхи дахлдор ба комиссияхои вилояти, шахри, нохиявии дучонибаву сечониба равон кунанд;

– аз номи аъзои худ хангоми музокироти коллективи ва бастани созишномахо бо макомоти хокимияти давлати ва макомоти хокимияти махалли, иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо доир ба масъалахои ичтимоию иктисоди ва муносибатхои мехнати баромад намоянд;

– дар халли бахсхои мехнатии коллективи мувофики тартиби пешбининамудаи конунгузори ширкат варзанд;

– барои аз чониби корфармоён -аъзои иттиходияхои корфармоён ичро гардидани ухдадорихои мукаррарнамудаи созишномахо мусоидат намоянд;

– ба корфармоён доир ба масъалахои бурдани музокирот, бастани шартномаву созишномахои коллективи, халли бахсхои мехнатии коллективи кумаки машваратию методи расонанд;

– барои таъмини фаъолияти оинномавии худ аз воситахои ахбори омма истифода кунанд ва муассиси онхо бошанд, фаъолияти табъу нашрро ба рох монанд;

– ба ассотсиатсияхои (иттифокхои) иттиходияи корфармоён бо нигох доштани мустакилият ва хукукхои шахси хукуки муттахид шаванд;

– китъахои заминро истифода баранд.

Иттиходияхои корфармоён инчунин метавонанд хукукхои дигари бо оинномаи иттиходияи корфармоён пешбининамударо дошта бошанд.

 

Моддаи 15. Ухдадорихои иттиходияхои корфармоён

Иттиходияхои корфармоён ухдадоранд:

– санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистонро риоя намоянд;

– бо тартиби пешбининамудаи конунгузори музокироти коллективи баранд, чихати шартхои мувофикашуда бо иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо созишнома банданд;

– ба аъзои худ дар хусуси созишномахои бастаи иттиходияхои корфармоён ва дар бораи ин созишномахо маълумот диханд;

– ба иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо, макомоти хокимияти давлати, макомоти хокимияти махалли маълумотро дар хусуси масъалахои ичтимоию мехнати, ки иттиходияхои корфармоён дар ихтиёр доранд ва барои бурдани музокироти коллективи бо максади тахия ва бастани созишномахо, инчунин назорати ичрои онхо заруранд, пешниход намоянд;

– назорати ичрои созишномахои аз чониби иттиходияи корфармоён басташударо ба амал бароранд;

– бахри ичрои ухдадорихое, ки аъзои иттиходияи корфармоён дар созишномахо пешбини намудаанд, инчунин шартномахои коллективии аз чониби корфармоён-аъзои иттиходияи корфармоён басташуда мусоидат намоянд;

– дар назди аъзои худ аз хусуси фаъолияти иттиходияи корфармоён бо тартиб ва дар мухлатхое, ки оинномаи иттиходияи корфармоён пешбини намудааст, хисобот диханд;

– дар масъалахои татбики конунгузори, ки муносибатхои мехнати ва муносибатхои дигари ба он алокамандро ба танзим медарорад, тахияи санади меъёрии амалаш махдуд, ки мукаррароти хукуки мехнатиро дар бар мегирад, бастани шартномаву созишномахои коллективи, инчунин дар халли бахсхои мехнатии инфиродиву коллективи ба аъзои худ кумак расонанд;

– ухдадорихои дигари бо оинномаи иттиходияхои корфармоён пешбинишударо ичро намоянд.

 

Моддаи 16. Моликияти иттиходияхои корфармоён

Иттиходияхои корфармоён метавонанд хукуки моликият ё дигар хукукро ба бино, сохтмон, иншоот, фонди манзил, тачхизот, асбобу олот, маблач бо арзи милливу хоричи, кочазхои киматнок ва ба молу мулки дигар дошта бошанд.

Аъзои иттиходияхои корфармоён хангоми хорич шудан аз иттиходияхои  корфармоён хукукхояшонро ба молу мулке, ки ба моликияти иттиходияи корфармоён додаанд, аз чумла ба хакки узвияту хакки дигар аз даст медиханд, агар дар оинномаи иттиходияхои корфармоён мукаррароти дигаре пешбини нашуда бошад.

Иттиходияхои корфармоён масъулияти бо молу мулки худ адо кардани ухдадорихои аъзояшонро надоранд.

БОБИ 4.

Мукаррароти хотимави

 

Моддаи 17. Масъулияти иттиходияи корфармоён

Иттиходияи корфармоён барои риоя ё ичро накардани созишномахои басташуда дар кисмати ухдадорихои хамин иттиходия, ки дар созишномахо бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон зикр шудаанд, масъул мебошад.

Иттиходияи корфармоён аз руи ухдадорихои аъзояш, аз чумла аз руи ухдадорихои онхо, ки дар созишномахои аз чониби хамин иттиходияи корфармоён басташуда пешбини гардидаанд, масъул шуда наметавонад.

 

Моддаи 18. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти Чумхурии Точикистон                Э. Рахмонов

 

         ш. Душанбе  17 майи соли 2004

          № 32

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …