Главная / Чамъият / Иттифоки нависандагони Точикистон

Иттифоки нависандагони Точикистон

Иттифоки нависандагони Точикистон — Муассисаи эчодии адибони Точикистон мебошад, ки вокеъ дар хиёбони Исмоили Сомонии шахри Душанбе пахлуи Бинои Хукумати Шахри Душанбе карор дорад.

Он соли 1934 бо номи Иттифоки нависандагони ЧШС Точикистон ташкил шудааст. Аввалин раиси он Саид Носир будааст. Баъдан, дар ин маком – Ахмадбек Мавлонбеков, Абдусалом Дехоти, Сотим Улугзода, Мирзо Турсунзода, Муъмин Каноат, Аскар Хаким ва Мехмон Бахти раиси кардаанд. Шоир Абулкосим Лохути дар замони таъсиси Иттифок Раиси фахрии он таъин шуда будааст.

Сурати бинои Иттифоки нависандагони Точикистон

Иттифоки нависандагони Точикистон

Таърих

Иттифоки нависандагон аз ташкилотхои бозмонда аз даврони Шурави аст, ки аз бучаи давлат маблаггузори мешавад. Дар замони Шурави таблиги гояхои коммунисти яке аз самтхои аслии фаъолияти иттифоки нависандагон махсуб меёфт. ИНТ чузъи таркибии Иттифоки нависандагони СССР буд. ИНТ маи 1934 дар Съезди I нависандагони Точикистон ташкил ёфт. То ин вакт Ассотсиатсияи нависандагони пролетарии Точикистон вучуд дошт, ки 11 январи 1931 таъсис шуда буд. 10 июни 1932 КМ ПК(б) Точикистон дар бораи ба хаёт татбик намудани карори КМ ВКП (б) «Дар бораи азнавсозии ташкилотхои адабии эчоди» чорахо андешид: аз чумла таъсиси Бюрои Ташкилии Иттифоки нависандагони шуравии Точикистон пешбини шуд. Дар хайати бюро 10 адиб бо рохбарии С. Айни ва А. Лохути дохил буданд. Муттахид шудани куввахои адаби дар як ташкилот ба инкишофи эчоди ва гоявии нависандагон имкон дод. Методи эчодии нависандагони Точикистон, ба мисли тамоми нависандагони шурави, методи реализми сотсиалисти буд. Солхои ЧБВ бисёр нависандагони точик дар сафхои Армияи Шурави буданд; 40 наф. бо ордени Ситораи Сурх, 8 наф. бо ордени Чанги Ватани мукофотонида шудаанд, 4 наф. кахрамонона халок гардиданд.

Органи олии рохбарикунандаи Иттифоки нависандагони Точикистон – Анчумани ИТН (номи аввалааш, съезди ИТН), органи ичроия Раёсат мебошад. Раёсат аз хайати худ Президиум ва Котиботи ИНТ интихоб мекунад, ки онхо тамоми корхои чории ташкили ва эчодиро анчом медиханд. Аввалин раиси Правления Иттифоки нависандагони Точикистон Абулкосим Лохути буд. Анчумани якуми нависандагони Точикистон соли 1934, дувум соли 1947, севум соли 1954, чорум соли 1959, панчум соли 1966, шашум соли 1971, хафтум соли 1976, хаштум соли 1981, нухум соли 1986, дахум соли 1991, ёздахум соли 1997, дувоздахум соли 2003, сездахум соли 2009 баргузор гардида, чараёни адабиётро ба мачрои дархури замону чомеа ворид овардаанд.

Сарварон

Иттифоки нависандагони Точикистонро дар солхои гуногун Саид Носиров (1934- 1935), Ахмадбек Мавлонбеков (1935-1937), Сотим Улугзода (1944-1946), Мирзо Турсунзода (1946-1977), Муъмин Каноат (1977-1991), Аскар Хаким (1991-2003) ва Мехмон Бахти (аз 2003 то 2015) раиси кардаанд. Раисии Кумитаи нави ташкилотии Иттифоки нависандагони Точикистонро дар солхои 1938-1939 Абдусалом Дехоти, дар солхои 1940-1944 Мирзо Турсунзода бар ухда доштаанд.[1] С-хои 1946 – 1977 раиси Правленияи Иттифоки нависандагони Точикистон Мирзо Турсунзода буд. Аз с. 1977 котиби якуми ИНТ Муъмин Каноат буд. Баъдтар Аскар Хаким раиси Иттифоки нависандагони Точикистон интихоб шуд. Алхол раиси Иттифоки нависандагони Точикистон Низом Косим пури Чахонгир аст.[1]

Сохтор

Рохбарияти Иттифоки нависандагони Точикистон аз раис, ду нафар чонишин ва хайати раёсат иборат аст, ки дар анчумани нависандагон интихоб мешаванд. Дар назди раёсати Иттифоки нависандагон бахшхои назм, наср, драматургия, адабиёти кудакону наврасон, танкиди адаби, тарчума ва робитахои адаби, адабиёти русизабону узбекзабон босамар фаъолият мебаранд. Иттифоки нависандагони Точикистон, хамчунин, эчодкорони миллатхои гуногунеро, ки дар Точикистон зиндаги ва эчод мекунанд, пайваста сарчамъу муттахид медорад. Шуъбахои иттиходия ва марказхои таргиби адабиёти он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхои Сугду Хатлон ва навохии гуногуни кишварамон босамар захмат мекашанд. Анчуманхо, пленумхо, мачлисхои эчоди, дахаву хафта ва рузхои адабиёт, семинархо ва курс-конфронсхои адибони чавон, ки дар давоми 80 соли гузашта мунтазам баргузор шудаанд, пеш аз хама, барои ба майдон овардани адабиёти асиле хидмат кардаанд, ки хамнафаси халку хамкадами замон, мураббию мубаллиги ахлоки хамида, рогиби эхсоси баланди ватанпарварию миллатдусти ва хидматгору рахнамойи бебадали мардум бошад. Ду фарогатгохи мучаххаз – яке дар дараи Варзобу дигаре дар вилояти Сугд, дар хидмати адибону ахли хонадони эшонанд.

Нашрияхо

Мачаллаи адабии миллии «Садои Шарк», журнали русии «Помир» ва хафтаномаи «Адабиёт ва санъат» нашрияхои махсуси Иттифоки нависандагони Точикистонанд.[1]

Раиси нави ИНТ

Соли 2015 Низом Косим пури Чахонгир дар натичаи интихоботи Раиси нави Иттифоки нависандагони Точикистон аксарияти овозхоро сохиб гардида ба ин мансаб сазовор дониста шуд. У 57 сол дошта, дар шахри Кургонтеппа зода шудааст. Донишгохи давлатии Точикистонро бо ихтисоси филолог – журналист соли 1979 хатм кардааст. Солхои гуногун дар нашрияи “Пионери Точикистон”, корманди идораи таргиботии Иттифоки нависандагон, мухаррири нашриёти “Адиб” ва сармухаррири Вазорати фарханг буд.[2]. Аз соли 2006 то 2010 дар вазифаи Директори муассисаи давлатии “Телевизиони кудакону наврасон – Бахористон” кор кардааст. Низом Косим пури Чахонгир дар интихоботхои парламентии солхои 2010 ва 2015 ду навбат аз хавзаи ягонаи умумичумхурияви вакил аз ХХДТ интихоб шудааст.[3]. Низом Косим – 8-умин Раиси Иттифоки нависандагони Точикистон шудааст.

ТАМОС

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …