Главная / Чамъият / Иттифокхои касаба

Иттифокхои касаба

Конуни Чумхурии Точикистон Дар бораи иттифокхои касаба  

(Ахбори мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2011, №6, мод. 611;)

Конуни мазкур асосхои хукукии таъсиси  иттифокхои касаба, хукуку кафолатхои фаъолияти онхоро муайян намуда, муносибатхои иттифокхои касабаро бо макомоти хокимияти давлати, корфармоён, иттиходияхои онхо, дигар иттиходияхои чамъияти, шахсони вокеи ва хукуки танзим менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мавзуи танзими Конуни мазкур

Мавзуи танзими Конуни мазкур муносибатхои чамъиятие мебошанд, ки вобаста ба амали намудани хукуки конститутсионии шахрвандон ба муттахидшави, таъсис, фаъолият, азнавташкилдихи ва (ё) бархамдихии иттифокхои касаба, иттиходияхои (ассотсиатсияхои) онхо, ташкилотхои ибтидоии иттифоки касаба  (минбаъд-иттифокхои касаба) ба вучуд меоянд.

itifoqi-kasaba

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

иттифоки касаба – ташкилоти чамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шахрвандонро аз лихози манфиатхои умуми дар сохахои фаъолияти истехсоли ва гайриистехсоли барои хифзи хукукхои мехнати, ичтимоию иктисоди ва дигар хукуку манфиатхои аъзоёнаш муттахид менамояд;

ташкилоти ибтидоии иттифоки касаба – иттиходияи ихтиёрии дар асоси оиннома ва ё низомномаи иттифоки касаба амалкунандаи аъзои иттифоки касаба, ки дар як корхона, муассиса, ташкилот, чамъият новобаста аз шакли ташкилию хукуки кор мекунанд ё дар як муассисаи таълими  тахсил менамоянд (минбаъд- корхона);

аъзои иттифоки касаба – шахсони ба синни 15 расидае, ки ихтиёран ба иттифоки касаба дохил шудаанд, оинномаи (низомномаи) онро эътироф менамоянд ва дар кайди ташкилоти ибтидоии иттифоки касаба буда, хакки аъзоги мепардозанд;

хакки аъзоги – пардохти ихтиёрии маблаги узви иттифоки касаба ба ташкилоти иттифоки касаба, ки барои ичрои вазифахои оинномави истифода карда мешавад;

иттиходияи чумхуриявии иттифоки касаба – иттиходияи ихтиёрии сохавии ташкилотхои ибтидои ва вилоятии иттифокхои касаба, ки бо манфиатхои умумии ичтимои-мехнати ва касби алокаманданд;- макомоти иттифоки касаба – макомоте, ки мутобики оинномаи (низомномаи) иттифоки касаба, иттиходияхои иттифокхои касаба таъсис ёфта, тавассути онхо иттифоки касаба ваколатхои худро амали менамояд;

иттиходияи минтакавии иттифокхои касабаи байнисохави – иттиходияи ихтиёрии минтакавии иттифокхои касабаи байнисохави, ки  дар худуди вилоят, шахр ва ё нохия амал менамояд;

ташкилоти минтакавии иттифоки касаба – иттиходияи ихтиёрии аъзои иттифокхои касабаи ибтидоии як иттифоки касаба, ки дар худуди вилоят, шахр ва нохияхои Чумхурии Точикистон амал менамояд;

намояндаи иттифоки касаба – рохбари иттифоки касаба ё шахси дигаре, ки мутобики оиннома (низомнома) ё бо карори макомоти дахлдори иттифоки касаба барои намояндаги ваколатдор карда шудааст.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи  иттифокхои касаба

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи  иттифокхои касаба ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  

Моддаи 4. Доираи амали Конуни мазкур

  1. Амали Конуни  мазкур ба фаъолияти иттифокхои касаба, ташкилот ва иттиходияхои онхо, макомоти иттифоки касаба, намояндаи иттифоки касаба дар доираи ваколатхояш, корфармоён, иттиходияхои онхо, хамчунин ба макомоти хокимияти давлати ва худидоракунии махалли пахн мегардад.
  2. Хусусияти хоси татбики Конуни мазкур дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон (барои хизматчиёни харби), макомоти корхои дохили, макомоти амнияти милли ва дигар сохторхои харбикунонидашуда тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории ин сохахо  мукаррар карда мешавад.

Моддаи 5. Хукуки шахрвандон ба муттахид шудан дар иттифоки касаба

  1. Шахрвандон барои химояи манфиатхои худ хукук доранд бо хохиши худ, бе ичозати пешаки ташкилоти иттифоки касаба таъсис диханд, бо шарти риояи оиннома (низомнома) ба иттифоки касаба дохил ва аз он хорич  шаванд.
  2. Шахрвандон хукук доранд дар корхонахо, агар дар онхо на камтар аз се нафар муттахид шуда бошанд, ташкилотхои иттифоки касаба таъсис диханд.
  3. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки берун аз каламрави он зиндаги ва кор мекунанд, метавонанд ба иттифокхои касабаи Чумхурии Точикистон дохил шуда, ташкилоти иттифоки касаба таъсис диханд.
  4. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон истикомат мекунанд, ба истиснои холатхои алохидаи мукаррарнамудаи конунгузори ва  санадхои хукукии байналмилалие, ки онхоро Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, метавонанд ба иттифокхои касабаи Чумхурии Точикистон шомил шаванд.

Моддаи 6. Хукуки  иттифокхои касаба, ташкилотхои онхо ба ташкили иттиходияхо

  1. Иттифокхои касаба, ташкилотхои онхо бо максади ичрои вазифахои оинномавии худ  хукук доранд дар асосхои  умуми аз руи аломатхои сохави, худуди ё аломатхои дигар иттиходияхо (шурохо, федератсияхо, конфедератсияхо ва ба он монанд иттиходияхо) таъсис диханд (агар ин дар оиннома пешбини шуда бошад), хамчунин ба хайати иттиходияхо озодона дохил шаванд ва аз онхо бароянд.
  2. Иттифокхои касабае, ки хохиши ташкил намудани иттиходияхои иттифокхои касабаро доранд, бо хам созишнома мебанданд ва оинномаи (низомномаи) иттиходияро тасдик менамоянд.

3  Хукукхои иттиходияхои иттифокхои касабаро мутобики Конуни мазкур, хамчунин оинномаи (низомномаи) ин иттиходия иттифокхои касабае муайян мекунанд, ки ин иттиходияхоро ташкил намудаанд.

Моддаи 7. Узвият  ба иттифоки касаба

  1. Узви иттифоки касаба шахсе шуда метавонад, ки дар корхона, дар хочагии шахси вокеии истифодабарандаи мехнати кироя кор мекунад, хамчунин шахсе, ки мустакилона мехнат мекунад.
  2. Шахрванд иттифоки касабаеро, ки ба он хохиши шомил шудан дорад озодона интихоб менамояд. Барои дохил шудан ба иттифоки касаба аризаи корманд ба ташкилоти ибтидоии иттифоки касаба асос мебошад.
  3. Хеч касро барои шомил шудан ё нашудан ба иттифоки касаба  мачбур кардан мумкин нест.
  4. Дар оинномаи (низомномаи)  иттифоки касаба узвият ба иттифоки касаба нисбат ба шахсе, ки ба кори эчоди машгул аст, аъзои хочагихои дехкони, шахсони вокеи – субъектони фаъолияти сохибкори мебошад, инчунин шахсе, ки дар муассисахои таълимии ибтидоии касби ё тахсилотхои олии касби тахсил менамояд, шахсе, ки бо сабаби ба нафака баромадан аз кор ё хизмат озод шудааст ва ё шахсе, ки муваккатан кор намекунад, метавонад пешбини карда шавад.
  5. Узви иттифоки касаба хакки аъзогиро ба ташкилоти иттифоки касабаи чои кор ё тахс пардохт менамояд. Тартиб, андоза ва мухлати пардохти хакки аъзоги дар оинномаи (низомномаи) иттифоки касабаи дахлдор муайян карда мешаванд.
  6. Хакки аъзогие, ки аз чониби аъзои иттифоки касаба пардохта шудааст, бозгардонида намешавад.

Моддаи 8. Сохтори ташкили ва тартиби таъсиси иттифокхои касаба

1.Сохтори ташкилии иттифокхои касабаи Точикистонро ташкилотхои ибтидоии иттифокхои касаба, кумитахои сохавии нохияви, шахри, вилояти ва чумхурияви, иттиходияхои муштараки вилоятии иттифокхои касаба ташкил медиханд.

2.Ташкилотхои ибтидоии иттифокхои касаба дар корхонахо ё хангоми муттахид намудани аъзои иттифоки касабае, ки мустакилона худашонро бо кор таъмин кардаанд ё дар корхона ё дар назди шахси хукукии мехнати кирояро истифодабаранда кор мекунанд, таъсис дода мешаванд, дар сурати мавчуд будани шумораи на камтар аз се аъзо.

3.Иттифокхои касабаи махалли (шахри, нохияви) на кам аз ду ташкилотхои ибтидоии иттифокхои касабаи дар корхонахои як вохиди марзиву маъмури амалкунандаро муттахид карда метавонанд.

4.Иттифокхои касабаи вилояти ташкилотхои иттифокхои касабаи як сохаи дар вохидхои марзиву маъмурии вилоят амалкунандаро муттахид месозанд.

5.Иттифокхои касабаи сохавии чумхурияви ташкилотхои иттифокхои касабаи як сохаи дар удуди чумхури амалкунандаро муттахид менамоянд.

  1. Иттиходияи умумичумхуриявии иттифоки касаба иттифокхои касабаи сохави, вилояти, махалли, иттифокхои касабаи ташкилотхои муштаракро бо максади хамохангу муттахид сохтани амалиёти ташкилотхои хамаъзо ба таври ихтиёри муттахид менамояд.

Моддаи 9. Мустакилияти иттифокхои касаба

  1. Иттифокхои касаба дар фаъолияти худ мустакил буда, ба макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, корфармоён, хизбхои сиёси ва дигар ташкилотхои (иттиходияхои) чамъияти вобаста нестанд ва ба онхо хисоботдиханда намебошанд.
  2. Дахолати макомоти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, шахсони мансабдор, корфармоён ва иттиходияхои онхо ба фаъолияти иттифокхои касаба, ба чуз аз холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, манъ аст.
  3. Иттифокхои касаба аз руи ухдадорихои дигар иттиходияхои чамъияти, макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, корхонахо ва дар навбати худ онхо аз руи ухдадорихои иттифокхои касаба чавобгар нестанд.
  4. Иттифокхои касаба оиннома (низомнома) ва сохтори худро мустакилона тахия ва тасдик мекунанд, макомоти рохбарикунандаро интихоб ва фаъолияти худро ташкил намуда, мачлису конференсияхо ва пленуму анчуманхо мегузаронанд.
  5. Хамаи иттиходияхо ва ташкилотхои иттифокхои касаба дар назди конун баробаранд, барои амали намудани намояндаги ва хифзи хукуку манфиатхои аъзои иттифоки касаба хукуки баробар доранд.

Моддаи 10. Манъи махдудкунии хукуки шахрвандон аз руи  аломати узвият ба иттифокхои касаба

  1. Узвият ба иттифокхои касаба ба ягон махдудияти хукукхои мехнати, инчунин иктисоди, ичтимои, фарханги, сиёси, шахрванди ва озодихое, ки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва санадхои дигари конунгузории Чумхурии Точикистон кафолат додаанд, сабаб шуда наметавонад.
  2. Хар гуна махдудияти хукуки ё мукаррар намудани бартари  хангоми бастан, тагйир додан ё катъ намудани шартномаи (карордоди) мехнати вобаста ба узвият ба иттифокхои касаба ё ба иттифоки касабаи  мушаххас, ба шомил шудан ба он ё баромадан аз он манъ аст.

Моддаи 11. Хамкории иттифокхои касаба бо макомоти давлати, корфармоён ва иттиходияхои онхо

  1. Хамкории иттифокхои касаба бо макомоти давлати, корфармоён ва иттиходияхои (иттифокхои, ассотсиатсияхои) онхо дар асоси шарикии ичтимои ва хамкории тарафхои муносибатхои мехнати ва намояндагони онхо, инчунин дар заминаи низоми шартномахо ва созишномахои коллективи ба рох монда мешавад.
  2. Иттифокхои касаба дар катори дигар шарикони ичтимои хукуки баробари иштирокро дар идоракунии маблагхои сугуртаи ичтимои, шугл, сугуртаи тибби, нафака ва дигар фондхое, ки аз хисоби маблагхои хакки сугуртави ташаккул меёбанд, инчунин хукуки назорати чамъиятиро нисбат ба истифодабарии ин фондхо доро мебошанд.
  3. Иттифокхои касаба хукук доранд бо макомоти хокимияти давлати, иттиходияхо (иттифокхо, ассотсиатсияхо) ва дигар ташкилотхои чамъиятии сохаи рушди табобати санаторию курорти, муассисахои истирохати, сайёхи, тарбияи чисмонии оммави ва варзиш  хамкори кунанд.
  4. Иттифокхои касаба дар муайян ва татбик намудани сиёсати ичтимоию иктисодии давлат ширкат меварзанд.
  5. Иттифокхои касаба бо тартиби мукарраршуда тавассути намояндагони ваколатдори худ хукук доранд дар кори хайати мушовараи вазоратхо ва дигар макомоти марказии хокимияти ичроия, чаласахои макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти идоракунии корхонахо иштирок намоянд.

Моддаи 12. Оинномаи (низомномаи) иттифокхои касаба

  1. Иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномаи (низомномаи) худ фаъолият менамоянд.
  2. Оинномаи (низомномаи) иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо дар анчуманхо, конференсияхо, мачлиси таъсисии  иттифокхои касабаи сатхи дахлдор кабул карда мешаванд ва набояд хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон бошанд.
  3. Оинномаи (низомномаи) иттифоки касаба бояд масъалахои зайлро дарбар гирад:

– маком ва номи пурраи иттифоки касаба, номи ихтисоршудаи он, махалли чойгиршавии макоми интихобии он (нишонии хукуки);

– максад ва вазифахои иттифоки касаба;

– шарт ва тартиби кабул ба аъзогии иттифоки касаба;

– хукуку ухдадорихои аъзои иттифоки касаба, шартхо, тартиб ва асосхои хорич кардан аз узвияти иттифокхои касаба;

–  доираи фаъолияти сохави, минтакави ё касби;

– сохтори ташкилии иттифоки касаба, ваколатхои ташкилоти он, макомоти интихоби, тартиби ташаккули хайати онхо;

– шарт, мухлат, тартиби даъвати анчуманхо, конференсияхо ё мачлиси умумии аъзои иттифоки касаба ва тартиби карор кабул кардани онхо;

– тартиб ва мухлати хисоботи макомоти интихобии иттифоки касаба дар назди аъзои он, тартиби назорат кардан ба фаъолияти макомоти интихобии иттифоки касаба;

– манбаъхои воридшавии (ташаккули) маблагхои иттифоки касаба, инчунин маблагхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст ва самтхои истифодаи онхо;

– тартиби амали намудани фаъолияти хочаги, ки барои ичрои вазифахои оинномави заруранд;

– тартиби ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи (низомномаи) иттифоки касаба;

– шарт ва тартиби катъ намудани фаъолияти иттифоки касаба ва халли масъалахои моликият;

– тартиби ташкили макомоти иттиходияхои иттифоки касаба ва ваколати онхо;

–  мухлати ваколати макоми иттифокхои касаба;

– тартиби азнавташкилдихи, катъ намудани фаъолияти иттиходияи иттифоки касаба ва истифодаи моликияти он дар ин холатхо;

– дигар масъалахое, ки мухолифи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон набуда, ба фаъолияти иттиходияхои иттифокхои касаба дахл доранд.

  1. Макомоти болоии иттифокхои касаба дар доираи ваколатхои дар оиннома (низомнома) пешбинишуда низомномахои ташкилотхои иттифокхои касабаро тасдик менамоянд.

Моддаи 13. Бакайдгирии давлатии иттифокхои касаба

  1. Бакайдгирии давлатии иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхоро Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон ва макомоти махаллии он (раёсатхои адлияи Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва вилоятхо) тибки конунгузории Чумхурии Точикистон анчом медиханд.
  2. Барои ба кайди давлати гирифтани иттифокхои касаба, иттиходияхои иттифокхои касаба  муассисони онхо ё ки рохбарони макомоти интихобии онхо ба макоми бакайдгиранда бо  ариза мурочиат менамоянд. Ба ариза хуччатхои зерин – оиннома (низомнома), протоколи анчуман, конференсия, мачлиси муассисони аъзои иттифоки касаба бо карор дар бораи тасдик намудани ин хуччатхо, маълумот дар бораи макомоти интихоби, руйхати ташкилотхои иттифоки касаба, ки ба  хайати ин иттифоки касаба ё иттиходияи  иттифоки касаба  дар вохиди марзиву маъмурии дахлдор дохил шудаанд, хамчунин маълумот дар бораи муассисони иттиходияхо илова карда мешаванд.
  3. Дар асоси хуччатхои пешниходшуда макоми бакайдгирандаи давлати иттифоки касаба ё иттиходияи иттифоки касабаро дар муддати 1 мох ба кайд мегирад ва шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатиро ба мурочиаткунанда месупорад.
  4. Макоми бакайдгирандаи давлати ба кайди давлати гирифтани иттифокхои касабаро рад карда наметавонад. Дар сурати мутобикат накардани хуччатхои пешниходшуда ба талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон макоми бакайдгирандаи давлати пешниход намудани хуччатхои иловагиро талаб мекунад. Дар мавриди рад кардани  бакайдгирии давлатии иттифоки касаба бо тартиби пешниходнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон шикоят кардан   мумкин аст.
  5. Ташкилотхои иттифокхои   касабаи нохияви, шахри, вилояти, сохави, чумхурияви ва федератсияи иттифокхои касаба, ки дар асоси оинномаи (низомномаи) худ амал мекунанд, тибки тартиби мукаррарнамудаи моддаи мазкур ба кайди давлати гирифта мешаванд.
  6. Ташкилоти иттифоки касаба, иттиходияи иттифокхои касаба аз рузи ба кайди давлати гирифта шуданашон хукуки шахси хукукиро пайдо мекунанд.
  7. Барои пешниходи хуччатхои нодуруст хангоми бакайдгирии давлати шахсоне, ки ин хуччатхоро омода ва пешниход кардаанд, тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 14. Робитахои байналмилалии иттифокхои касаба

Иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо хукук доранд бо иттиходияхои иттифокхои касабаи байналмилали хамкори намуда, ба  онхо шомил шаванд, дар фаъолияти онхо иштирок кунанд ва дигар амалхоеро, ки хилофи конунгузории Чумхурии Точикистон нестанд, анчом диханд.

Моддаи 15. Рамзи иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо

  1. Иттифокхои касаба метавонанд рамзхои худро дошта бошанд ва онхоро истифода баранд.
  2. Рамзхои иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо  мутобики оиннома (низомнома) аз чониби макомоти болоии онхо тасдик гардида, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта мешаванд.
  3. Рамзхои иттифокхои касаба набояд ба рамзхои давлати ё ин, ки дини ва ё рамзхои дигар иттиходияхои шахрвандон ё иттиходияхои чамъияти монанд бошанд.

БОБИ 2. ХУКУКХОИ АСОСИИ ИТТИФОКХОИ КАСАБА ВА ИТТИХОДИЯХОИ ОНХО

Моддаи 16. Хукукхои иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо бо максади хифзи хукукхои мехнатии аъзои худ

  1. Иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо хукукхои мехнатии аъзои худро химоя намуда, дар тахияи сиёсати давлатии шугли ахоли ширкат варзида, оид ба хифзи ичтимоии шахсоне, ки бинобар ихтисор шудани кор ё тагйир ёфтани шароити мехнат аз  корхона аз кор озод мегарданд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон, созишномахо ва шартномахои коллективи таклифхо пешниход менамоянд.
  2. Иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо хукукхои мехнатии шахрвандон – аъзои иттифоки касабаро хангоми бастан ё катъ намудани шартномаи (карордоди) мехнати хифз мекунанд, дар якчояги бо корфармо шахсони нав ба кор кабулшударо бо мазмуни созишнома ва шартномаи коллективи ва хуччати таъсисии шахси хукуки шинос менамоянд.
  3. Дар сурати номувофикии шартномаи (карордоди) мехнати ба конунгузории Чумхурии Точикистон ва созишнома ва шартномаи коллективи иттифокхои касаба хукук доранд аз корфармо тагйир додани  шартхои шартномаи (карордоди) мехнатиро ба манфиати корманд – узви иттифоки касаба талаб намоянд.
  4. Бархамдихи ё азнавташкилдихии корхонахо ва кисмхои таркибии сохтории онхо, кисман ё пурра боздоштани истехсолот бо ташаббуси корфармо, сохибмулк ё макомоти идоракунии ваколатдори он, ки боиси ихтисори чойхои кор ё бадшавии шароити мехнат мегарданд, метавонад танхо дар холати пешаки огох намудани (тибки талаботи Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон) иттифокхои касабаи дахлдор ва гузаронидани гуфтушунидхо оид ба риоя намудани хукуку манфиатхои шахрвандон амали гарданд.

Моддаи 17. Хукукхои иттифокхои касаба дар сохаи  хифзи мехнат ва мухити зист

  1. Иттифокхои касаба хукук доранд дар тахияи барномахои давлати оид ба масъалахои хифзи мехнат ва мухити зист, инчунин санадхои меъёрии хукукие, ки масъалахои хифзи мехнат ва пешгирии касалихои касби ва бехатарии экологиро ба тартиб медароранд, ширкат варзанд.
  2. Иттифокхои касаба нисбати риоя гардидани конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба хифзи мехнат ва мухити зист бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон назорати чамъияти мебаранд.
  3. Иттифокхои касаба тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хукук доранд дар ташхиси бехатарии шароити мехнати иншоотхои ба лоиха гирифташуда, сохташаванда ва истифодашавандаи истехсоли, инчунин механизму асбобхои ба лоиха гирифташаванда ва истифодашаванда, аттестатсияи чойхои кори доир ба шароити мехнат иштирок намоянд.
  4. Дар холатхои ошкор намудани хукуквайронкунихое, ки ба хаёт ва саломатии кормандон тахдид мекунанд, иттифокхои касаба, нозирони чамъиятии онхо оид ба хифзи мехнат хукук доранд аз корфармо хатман бартараф намудани ин хукуквайронкунихоро талаб намоянд, хамзамон ба макомоти давлати ва хадамоти назорати мехнат барои андешидани чорахои зарури мурочиат намоянд.
  5. Дар мавриди ичро накардани талабот оид ба бартараф намудани хукуквайронкунихо, махсусан дар холати тахдид ба хаёт ва саломатии кормандон, иттифокхои касаба, нозирони чамъиятии онхо оид ба хифзи мехнат хукук доранд то аз тарафи макомоти дахлдор кабул шудани карор аз корфармо боздоштани корхоро талаб намоянд.

Моддаи 18. Хукукхои иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо ба бурдани музокироти коллективи ва бастани созишномахо ва шартномахои коллективи

  1. Иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо, ташкилотхои ибтидоии иттифокхои касаба ва макомоти онхо барои бурдани музокироти коллективи, бастани созишномахо ва шартномахои коллективи мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон хукук доранд.
  2. Корфармоён, иттиходияхои онхо, макомоти хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот вазифадоранд дар музокироти коллективи, бастани созишномахо ва шартномахои коллективи иштирок намоянд.
  3. Намояндагии иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо барои аз номи кормандон бурдани музокироти коллективи, бастани созишномахо  ва шартномахои коллективи дар сатхи умумидавлати, сохави ё минтакави мутаносибан бо шумораи аъзои иттифоки касаба, ки онхо муттахид менамоянд, муайян карда мешавад.

Моддаи 19. Хукукхои иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо ба хифзи ичтимоии кормандон

  1. Иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо бо корфармоёни дахлдор, иттиходияхои онхо ва макомоти идоракунии давлати оид ба масъалахои хифзи хукукхои ичтимоии аъзои худ, муайян намудани меъёрхои асосии сатхи зиндаги, андозаи чубронпулихо вобаста ба болоравии нарххо, мукаррар намудани хачми маблаги камтарин барои рузгузарони ва вобаста ба индекси нарххо сари вакт тачдиди назар кардани музди мехнат, мукофотпули, кумакпулихо, назорати ичрои ин чорабинихо, инчунин оид ба дигар масъалахо мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон метавонанд созишнома ва шартномахо банданд.
  2. Иттифокхои касаба бо  тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар таксими манзили истикомати, инчунин маблаге, ки барои сохтмони манзил равона карда шудааст, иштирок намуда, дар корхонахо дар бобати бахисобгирии шахрвандоне, ки ба бехтар намудани шароити манзил ниёз доранд, истифодабарии манзили идорави ва хизмати, хобгоххо ва дигар манзилхои истикомати назорати чамъиятиро ба рох мемонанд.

Моддаи 20. Хукукхои иттифокхои касаба ба амали намудани назорати чамъияти  ба рафти ичрои созишномахо ва шартномахои коллективи

  1. Иттифокхои касаба хукук доранд ба рафти ичрои созишномахо ва шартномахои коллективи назорати чамъияти баранд.
  2. Дар сурати риоя накардани шартхои созишномахо ва шартномахои коллективи иттифокхои касаба хукук доранд ба тарафи дигари созишномахо ва шартномахои коллективи оид ба рафъи  ин конуншиканихо пешниход равон намоянд, ки он дар мухлати муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон бояд барраси гардад.
  3. Тарафи кабулкардаи пешниход ухдадор аст, ки дар бораи карори кабулнамудааш ба тарики хатти дар мухлати мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон иттифоки касабаи дахлдорро хабардор намояд.
  4. Дар сурате, ки тарафи кабулкардаи пешниход конеъ намудани  талаби иттифоки касабаро рад кунад ва ё дар холати ба мувофика наомадани тарафхо, ихтилофи байни онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи халли бахсхои мехнатии коллективи барраси карда мешавад.

Моддаи 21. Хукукхои иттифокхои касаба, иттиходияхои онхо  дар халли  бахсхои  мехнатии фарди ва коллективи

  1. Иттифокхои касаба, иттиходияхои онхо хукук доранд манфиати аъзои иттифоки касабаро дар макомоти баррасикунандаи бахсхои мехнатии фарди ва коллективи намояндаги кунанд.
  2. Намояндагони иттифокхои касаба дар баррасии бахсхои мехнати дар кори комиссияхои оид ба бахсхои мехнатии фарди ва дигар макомот иштирок  менамоянд.

Моддаи 22. Хукукхои иттифокхои касаба, иттиходияхои онхо ба амали намудани назорати чамъиятии риояи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат ва иттифокхои касаба

  1. Иттифокхои касаба, иттиходияхои онхо хукук доранд назорати чамъиятии риоя намудани конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мехнат ва иттифокхои касабаро аз чониби корфармо, сохибмулк ё намояндаи ваколатдори макомоти идоракунандаи он амали намоянд, инчунин рафъи конуншикании ошкоршударо талаб намоянд.
  2. Бо максади амали намудани назорати чамъияти оид ба риояи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба мехнат, хифзи хукукхои ичтимои, мехнати ва манфиатхои аъзои худ иттифокхои касаба хукук доранд бозрасии техники ва хукукии мехнат ва хадамоти ёрии хукуки дошта бошанд, ки салохияти онхоро оинномаи (низомномаи) иттифокхои касаба ва санадхои меъёрии  хукукии Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  3. Намояндагони иттифокхои касаба хукук доранд бо максади санчиши риояи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мехнат аз чониби корфармо, шахсони мансабдори он ба корхонахо, сарфи назар аз шакли ташкилию хукуки, ки дар он аъзои иттифоки касаба фаъолият менамоянд, бе мамониат ворид шаванд.

Моддаи 23. Хукукхои иттифокхои касаба ба дастрас намудани маълумот

Иттифокхои касаба хукук доранд мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз корфармо, субъектхои хочагидори, иттиходияхои онхо, инчунин аз макомоти идоракунии давлати оид ба масъалахои мехнат ва рушди ичтимоию иктисоди дар доираи хисоботи омории мукарраршуда ба таври ройгон маълумот дастрас намоянд.

Моддаи 24. Хукукхои иттифокхои касаба ба иштирок дар таълим ва такмили  ихтисоси  кадрхои иттифокхои касаба

  1. Иттифокхои касаба хукук доранд мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон муассисахои таълими ва илми-тадкикоти дошта, омузиш, бозомузи, такмили ихтисоси кадрхои иттифоки касаба, таълими кормандон ва аъзои иттифоки касабаро амали намоянд.
  2. Маблаггузории ин муассисахо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои басташуда, метавонанд аз хисоби маблагхои иттифокхои касаба, корфармо ва дигар манбаъхои манънакардаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда шаванд.

Моддаи 25. Хукукхои иттифокхои касаба дар сохаи таъминоти ичтимои ва сугуртаи ичтимоии давлати

Иттифокхои касаба хукуку манфиатхои шахрвандонро дар макомоти давлати оид ба масъалахои таъмини ичтимои ва сугуртаи ичтимоии давлати ифода ва химоя намуда, фаъолияти онхоро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон тахти назорати чамъияти карор медиханд.

Моддаи 26. Хукукхои иттифокхои касаба дар сохаи хифзи саломати

  1. Иттифокхои касаба моликияти ба онхо мансуби муассисахои санаторию курорти ва истирохатгоххоро идора намуда, дар таъсис ва ташкили кори курортхо, санаторияхо, профилакторияхо, истирохатгоххо, лагерхои солимгардонии кудакону наврасон, ташкилотхои  зерсохтор кумаки моддию молияви мерасонад ва ба рушди мадании оммави, тарбияи чисмони, варзиш ва сайёхи мусоидат менамоянд.
  2. Иттифокхои касаба бо макомоти давлати, иттиходияхои чумхуриявии корфармоён созишнома баста, корхои бехтар намудани муоличаи санаторию курорти ва рушди муассисахои истирохати, сайёхи, тарбияи чисмонии оммави ва варзишро ба рох мемонанд.

Моддаи 27. Ташкил ва гузаронидани мачлисхо, гирдихамоихо, рохпаймоихои осоишта, намоишхо, корпартоихо

Иттифокхои касаба мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мачлисхо, гирдихамоихо, намоишхо, пикетгузорихо ва рохпаймоихо ва дигар чорабинихоро чун воситаи мубориза барои бехтар намудани шароити мехнат, баланд бардоштани музди кор, кам кардани бекори, муттахид намудани мехнаткашон дар мубориза барои хукукхои мехнати ва манфиатхои ичтимоиву иктисоди, мухофизат аз худсарии корфармо, таъсир расонидан ба макомоти давлати бо максади пеш бурдани хамон сиёсати иктисодиву ичтимои, ки ба талаботи аъзои иттифоки касаба чавобгу бошад, ташкил менамоянд ва мегузаронанд.

БОБИ 3. КАФОЛАТИ  ФАЪОЛИЯТИ ИТТИФОКХОИ КАСАБА

Моддаи 28. Кафолати фаъолияти иттифоки касаба

Аъзои макомоти интихобии иттифокхои касаба, иттиходияхои онхо хукук доранд:

– аз корхонахое, ки дар онхо аъзои иттифокхои касаба кор мекунанд, бемамониат дидан намоянд, ба мухити кори онхо шинос шаванд;

– аз корфармо, шахси дигари мансабдор хуччати дахлдор, маълумот ва тафсироте, ки ба шароити мехнат, ичрои созишномахо ва шартномахои коллективи ва хукуквайронкунихо оид ба мехнат дахл доранд, талаб карда гиранд;

– ба корфармо, шахси мансабдор оид ба масъалахои хифзи мехнат бевосита ба таври хатти ё шифохи мурочиат намояд.  

Моддаи 29. Кафолатхо барои кормандоне, ки ба хайати макомоти интихобии иттифокхои касаба интихоб шудаанд

  1. Ба кормандони корхона, муассиса ё ташкилоте, ки ба макомоти интихобии иттифокхои касаба интихоб шудаанд, барои ичрои ваколатхояшон кафолат дода мешавад.
  2. Корфармо шартномаи (карордоди) мехнатиро бо кормандоне, ки рохбари макомоти иттифоки касаба мебошанд, танхо бо розигии пешакии макомоти болоии иттифоки касаба катъ карда метавонад.
  3. Ба аъзои макомоти интихобии иттифокхои касаба, ки аз кори истехсолии худ озод нашудаанд, тибки созишномахо ва шартномахои коллективи имтиёзхо пешбини шуда метавонанд.
  4. Мувофики созишномахо ва шартномахои коллективи аъзои макомоти интихобии иттифокхои касаба дар вакти ба сифати вакил дар анчуману конференсияхое, ки иттифокхои касаба даъват мекунанд, иштирок карданашон, инчунин хангоми иштирокашон дар кори макомоти он бо пардохти музди миёнаи мохонаашон аз хисоби маблагхои иттифокхои касаба ва корфармоён аз кори истехсолот озод карда мешаванд.

 

Моддаи 30. Ухдадории корфармо оид ба мухайё намудани шароити мусоид барои фаъолияти иттифокхои касаба

  1. Корфармо вазифадор аст оид ба мухайё намудани шароити муносиб  барои фаъолияти иттифокхои касаба дар корхона мусоидат намояд.
  2. Мутобики созишномахо ва шартномахои коллективи корфармо метавонад макоми интихобии иттифоки касабаро бо бинои кори, тачхизоти зарури, гарми, равшани, воситахои алока, наклиёт ва дигар воситахое, ки барои фаъолияти он заруранд, таъмин намояд.
  3. Дар сурати мавчуд будани розигии хаттии кормандоне, ки аъзои иттифоки касаба мебошанд, корфармо хар мох аз музди мехнати аъзои иттифоки касаба, хакки аъзогии онхоро тибки тартиби мукаррарнамудаи созишномахо ва шартномахои коллективи ба суратхисоби иттифокхои касабаи дахлдор мегузаронад. Корфармо хукук надорад, ки интиколи маблаги мазкурро ба таъхир андозад.

 

БОБИ 4. ТАШКИЛОТХОИ ИБТИДОИИ ИТТИФОКИ КАСАБА

 

Моддаи 31. Ташкилотхои ибтидоии иттифоки касаба дар корхона

  1. Ташкилотхои иттифоки касаба дар корхона ва кисмхои таркибии сохтории онхо хукуку

манфиатхои мехнати ва ичтимоию иктисодии аъзои иттифоки касабаро  химоя менамоянд. Ташкилотхои ибтидоии иттифоки касаба тавассути макомоти интихобии мутобики оинномаи (низомномаи) сохави таъсисдода ё тавассути намояндагии иттифоки касабае, ки ваколатдори намояндагии манфиатхои аъзои  иттифоки касаба аст ва дар доираи мукаррароти пешбининамудаи хамин Конун ва оинномаи (низомномаи) иттифоки касаба амал менамояд, ваколатхои худро амали менамояд.

  1. Дар сурати дар корхонахо мавчуд будани якчанд ташкилоти  иттифоки касаба бо мувофикаи байни онхо ташкилоти  иттифоки касабае, ки аксарияти кормандонро муттахид месозад, ё дигар макомоти намояндагии ташкилоте, ки теъдоди бештари кормандонро муттахид менамояд, тарафи созишнома ва ё шартномаи коллективи шуморида мешавад.

 

Моддаи 32. Ваколатхои макомоти интихобии ташкилоти ибтидоии иттифоки касаба дар корхона

  1. Макомоти интихобии ташкилоти ибтидоии иттифоки касаба дар корхонахо чунин ваколатхо дорад:

– созишномахо ва шартномахои коллективи мебанданд ва ичрои онро назорат менамояд, дар бораи ичрои он дар мачлиси умумии коллектив (конференсия) хисобот медихад, аз макомоти дахлдор ба чавобгари кашидани шахсони мансабдореро, ки шартхои созишномахо ва шартномахои коллективиро ичро накардаанд, талаб менамояд;

– якчоя бо корфармо масъалахои чори, тачдиди назар ва  тагйир додани меъёрхои мехнатро хал менамояд;

– якчоя бо корфармо масъалахои музди мехнати кормандони корхона, шаклхо ва низоми пардохти музди мехнат, нархгузори, чадвали тариф, тархи маошхои вазифави, шартхои чори намудан ва андозаи иловапулихо, изофапули, мукофотпули ва дигар пардохтхои хавасмандгардонию чуброниро хал менамояд;

– якчоя бо корфармо масъалахои  вакти кор ва вакти истирохатро хал менамояд,  чадвали бастхо ва додани рухсатихо, чори  кардани  хисоби якчояи вакти корро мувофика менамояд, ба изофакори ва кор дар рузхои истирохат ичозат медихад;

– якчоя бо корфармо масъалахои рушди ичтимоии корхона, бехтар намудани шароити хифзи мехнат, хизматрасонии моддию маиши ва тиббии кормандонро хал менамояд;

– дар халли масъалахои ичтимоию иктисоди, муайян ва тасдик кардани руйхат ва тартиби ба кормандон додани имтиёзхои ичтимои иштирок менамояд;

– дар тахияи коидахои тартиботи дохилии мехнатии корхона иштирок менамояд;

– ба бекор кардани шартномаи (карордоди) мехнати бо корманд бо ташаббуси корфармо розиги медихад ё онро рад менамояд;

– дар санчиши ходисахои нохуш, беморихои касби ва садама, дар кори комиссия оид ба масъалахои хифзи мехнат иштирок менамояд;

– чихати аз тарафи корфармо пешниход гардидани хуччатхои зарури барои таъин намудани нафакаи  кормандон ва аъзои оилаи онхо назорати чамъияти мебарад;

– манфиати шахсони сугурташударо дар комиссияи сугуртаи ичтимоии давлати химоя намуда, кормандонро тибки шартхои пешбининамудаи созишномахо ва шартномахои коллективи ба санатория, профилактория, истирохатгоххо, муассисахои сайёхи, пойгоххо ва муассисахои солимгардони равон мекунад ва ташкили хизматрасонии тиббиро ба  кормандон ва аъзои оилаи онхо месанчад;

– манфиати кормандони корхонахои карздорро дар мархилаи муфлисшави химоя  менамояд.

  1. Макомоти интихобии ташкилоти иттифоки касаба, инчунин хукукхои дигари бо конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинишударо доро мебошад.

 

Моддаи 33. Тартиби додани розиги барои катъ намудани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо

  1. Макомоти интихобии ташкилоти ибтидоии  иттифоки касаба дар холатхои пешбининамудаи конунгузории мехнат дар давоми дах руз пешниходи асосноки корфарморо дар бораи катъ кардани шартномаи (карордоди) мехнати бо корманд барраси менамояд.
  2. Дар сурати ба чаласа хозир нашудани корманд ё намояндаи у, баррасии пешниход то чаласаи дигар дар доираи мухлати мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда мавкуф гузошта мешавад.
  3. Дар сурати такроран бе сабаби узрнок ба чаласа хозир нашудани корманд, мумкин аст пешниход дар гоибии у барраси карда шавад.
  4. Ташкилоти ибтидоии иттифоки касаба корфарморо аз  карори кабулкарда дар мухлати як хафта аз санаи кабули он ба тарики хатти хабардор менамояд.
  5. Карори иттифоки касаба дар бораи додан ё надодани розиги  ба  катъи шартномаи (карордоди) мехнати бояд асоснок бошад.

 

БОБИ 5. МОЛИКИЯТИ ИТТИФОКХОИ КАСАБА, ФАЪОЛИЯТИ ХОЧАГИ ВА МОЛИЯВИ

 

Моддаи 34. Моликияти иттифокхои касаба

  1. Иттифокхои касаба мутобики конунгузории Чумхурии Точикиистон хукуки сохиби, истифода ва ихтиёрдории молу мулк ва маблагхое мебошанд,  ки  молики онхоянд.
  2. Моликияти иттифоки касаба бинову иморат, иншоот, наклиёт, муассисахои санаторию курорти, сайёхи, варзиши, муассисахои солимгардони, истирохатгоххо, марказхои фархангию равшаннамои, илмию таълими, ташкилот, фонди  манзили, нашриёт, матбаа, когазхои киматнок, хакки аъзогии иттифоки касаба ва дигар маблагу моликияте буда метавонанд, ки аз хисоби манбаъхои худ ташаккул ёфтаанд, инчунин аз  шахсони сеюм ба ихтиёрдории макомоти иттифокхои касаба вогузошта шудаанд.
  3. Манбаъ, тартиби ташаккул ва истифодаи маблаги бучети иттифоки касабаро оинномаи (низомномаи)  иттифокхои касаба муайян менамояд.
  4. Иттифокхои касабаро аз хукуки ихтиёрдори ва истифодабарии молу мулке, ки барои идоракунии хочагидори дода шудааст, танхо бо карори суд аз руи асосхои муайяннамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон махрум кардан мумкин аст.
  5. Моликияти иттифокхои касабаро конун химоя менамояд.

 

Моддаи 35. Фаъолияти молиявию хочагии иттифокхои  касаба

  1. Фаъолияти молиявию хочагии иттифокхои касаба мувофики оинномаи (низомномаи)  онхо амали мегардад.
  2. Иттифокхои касаба мувофики оиннома (низомнома) ва максаду вазифахояшон хукук доранд, ки бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ташкилотхои  тичорати, фондхои чамъияти ва дигар фондхо таъсис диханд, инчунин бо фаъолияти  ношири  ва молиявию хочаги машгул шаванд.

 

Моддаи 36. Хукуки иттифокхои касаба, иттиходияхои онхо дар бобати ба чавобгари кашидани шахсони мансабдор

  1. Макомоти иттифокхои касаба (на поёнтар аз сатхи нохияви) хукук доранд аз рохбари корхона, агар он конунгузори дар бораи мехнат ва  созишномахо ва шартномахои коллективиро вайрон намояд, катъ намудани шартномаи (карордоди) мехнатиро талаб намоянд.
  2. Баррасии талаби макомоти иттифоки касаба хатми мебошад.

 

БОБИ 6. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 37. Чавобгари барои риоя накардани

Конуни мазкурШахсони вокеи ва хукукие, ки мукаррароти Конуни мазкурро риоя намекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 38. Дар бораи аз эътибор сокит донистани

Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи иттифокхои касаба, хукук ва кафолатхои фаъолияти онхо”Конуни Чумхурии Точикистон аз 12 марти соли 1992 “Дар бораи иттифокхои касаба, хукук ва кафолатхои фаъолияти онхо” (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с. 1992, №7, мод. 101; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1997, № 9, мод.117) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 39. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал  карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                            Эмомали РАХМОН

ш. Душанбе, 

2 августи соли 2011,

№757

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …