Главная / Гуногун / Истисмори халки Индонезия

Истисмори халки Индонезия

Болоравии хачми андозхои пули, вайрон шудани хочагихои натурали, мавчудияти баъзе шаклхои мехнати мачбури бори гароне буданд, ба души ахолии Индонезия. Заминхои бехтаринро сармоядорони хоричи ба мухлатхои дуру дароз хамчун ичора кашида мегирифтанд. Кишоварзон аз сабаби барои пардохти андоз пул надоштан, мачбур мешуданд, ки карз гиранд ва барои адои он хосили зироати чамънаоварда ва хатто хануз киштнашударо якчанд сол пешаки фурушанд. Хукуки хариду фуруши замин, ки он тибки конуни соли 1870 чори карда шуда буд, ба кишоварзон ва зиёдшавии замини помешикон ва заминдории кулакон оварда расонид.

226_regent_garuta_crop_730x400

Дехконони Индонезия ба истисмори холландихо ва мустамликадорони дигар бо шуришхо чавоб мегардониданд. Огози соли 1888 чунин шуриш дар махалли Серанги музофоти Яваи Гарби ба амал омад. Дехконони ин чо мачбур шуданд, ки аслиха ба даст гиранд. Онхо хатто шахри Чилегонро ба даст дароварданд. Ин шуришро хукуматдорони мустамликави берахмона пахш карданд. Баъди шуриши мазкур дар солхои 90-ум бо сардории Самин ном ватандуст дехконони Яваи Маркази шуриш бардоштанд. Рохбари ин шуриш мардумро даъват кард, ки ба холландихо бойкот эълон карда шавад, мардум ба онхо андоз хам насупорад. Окибат холландихо ин шуришро пахш карданд. Самин соли 1914 дар бадарга вафот мекунад.

Соли 1889 К. Фан Дефентер ном озодандеш дар руязномае маколаи “Карзи шаъну шараф”-ро чоп кард. Дар он гуфта мешуд, ки буржуазияи Холландия аз истисмори Индонезия даромадн фаровон ба даст медарорад. Биноан у бояд нисбати халки он “Карзи шаъну шарф”-и худро адо намояд. Яъне дар бораи некуахволии халки ин мустамлика гамхори кунад. Баъди ин дар доирахои хукмрони Холландия нисбат ба Индонезия бо номи “сиёсати ахлоки” андешае ба миён омад. Соли 1902 маликаи Нидерландия “Комиссия оид ба тадкики сабабхои пастшавки некуахволии халки Ява ва Мадура”-ро созмон дод. Вале чорабинихои ин комиссия ахволи халки Индонезияро бехтар накарда, баръакс, онхо даромади ширкатхои Холландияро зиёд карданд. Масалан, аз соли 1900 то соли 1914 истехсоли канд аз 700 хазор тонна то 1 млн 400 хазор тонна, чой 2 баробар, тамоку 1,5 баробар ва нафт аз 360 хазор тонна то 1 млн 540 хазор тонна зиёд шуд. “Сиёсати ахлоки”-и Холландия истисмори халки Индонезияро боз хам зиёдтар кард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …