Главная / Гуногун / Истиора чист?

Истиора чист?

Истиора калимаи арабист, маънои аслиаш ба орият, амонат ва гаравгон гирифтан аст, аммо дар илми бадеъ аз чумлаи санъатхои маънавист, ки ба чои як калима калимаи дигарро истифода мебаранд. Истиора хам ба мачоз ва хам ба ташбех наздик аст. Донишмандони илми бадеъ истиорарояк нави мачоз медонанд ба ин маъни, ки дар истиора калима аз маънои аслии худ хеле дур меравад. Истиораро ташбехи пушида низ меноманд ва истиора дар асоси инкишофи минбаъдаи ташбехи пушида ба вучуд меояд. Фарки истиора аз ташбех он аст, ки дар истиора ташбехшаванда зикр наёфта, факат ташбехкунанда ном бурда мешавад.

Масалан, дар байти:

Гули ман, иди наврузат муборак,

Чунин чашни дилафрузат муборак. 

калимаи «гул» ба маънои ёр омадаст ва истиора аст. Агар бигуем, ки «ёри ман мисли гул аст», мо ёрро ба нихоли гул монанд кардем, ки ин ташбех аст. Аммо агар бигуем, ки «гули ман омад», дар ин ифода «гул» истиора мешавад, зеро ба чои калимаи «ёр» истифода шудааст.

????????????????????????????????????
????????????????????????????????????

Максад аз истифодаи истиора, пеш аз хама, хаккикатро барчастатар ва бофасохат баён кардан аст. Аз мисоли боло маълум шуд, ки руи ёр мисли гул аст, аммо нагуфтем , ки «ёри ман, ки у мисли гул аст, омад», баръакс кутохакак «гули ман омад» гуфтем ва дар ин чо «гул» киноя аз ёр мебошад.

Хамин тарик, «гул», ки дар ифодаи аввал ташбехкунанда буд, дар ифодаи сони чои худи ташбехшавандаро гирифт ва ба истиора табдил ёфт.

Дар байти:

Меравию гиря меояд маро, Соате биншин, ки борон бигзарад. гузаштани борон истиора аст. Ба маънои оби чашм, яъне шоир гуфтан мехохад, ки аз рафтани ту чунон гамгин мешавам, ки оби дидагонам мисли борон мерезад. Дар ин ифода борон чои ташбехшавандаро гирифт ва истиора шуд.

Чанд мисол:

Маро аз гиряи шабхо нашуд чуз дарди сар хосил,

Ба хуни дал абас парвардаам ин тифли бадхуро.

(Мулхами Бухорои)

Ай ки бар кори шикасти дили мо мекуши,

Бохабар бош, ки ин шиша садое дорад.

(Хофиз)

Дар байти аввал ибораи «тифли бадху» (ба чои оби дида омадаст) ва дар байти дуюм «шиша» (ба чои дил омадааст) истиора мебошанд.

Истиора ду хел мешавад:

  1. Истиораи равшан. Дар ин навъи истиора ташбехша ванда, яъне сохибистиора зикр нашуда, истиорашаванда оварда мешавад.

Мисол:

Барафрухт он мох чун офтоб,

Фуру рехт бар гул зи наргис гулоб.

(Низоми)

Калимахои «мох», «гул», «наргис» ва «гулоб»- и байт истиораи равшананд, зеро онхо ба маънои аслии худ наомадаба чои сохибистиора — ёр, руй, чашм ва ашк омадаанд.

  1. Истиораи пушида (истиораи изофи). Ин навъи истиора чунон аст, ки шоир истиорашавандаро умуман зикр накарда, ягон сифат, аломат, хислат ва узви онро ба таври изофат сохибистиора месозад. Мисол:

Мисраъи барчастаи охам ончунин истодааст,

Об гардад шамъ, гар дар анчуман бинад маро.

Дар ин байт сохибистиора оху нола аст, ба маънои шеър омадааст ва «мисраъи барчаста» чун истиорашаванда бо сохибистиора дар шакли изофи пайвастааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Истиора чанд хел мешавад?
  2. Маънои лугави ва истилохии истиораро гуед.
  3. Тафовути ташбеху истиора дар чист?

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …