Главная / Чамъият / Истиклол – Бемористон – Мачмааи тандурустии ш. Душанбе

Истиклол – Бемористон – Мачмааи тандурустии ш. Душанбе

Бо ифтитохи Мачмааи нави тандурустии Истиклол 3500 чойи нави кори соли 2016 таъсис ёфт. Мачмааи тандурустии Истиклол бо шароиту имкониятхои ташхисгох, шуъбаи начот ва муоличаи очил барои калонсолон, толорхои чаррохии асаб, чаррохии умуми, чаррохии дилу рагхои хунгард, толори гиёхдармони, маркази иттилооти, китобхонаи электрони бо 27 компютери ба интернет пайваст, таваллудхона, шуъбаи беморихои дарунии кудакона, бистарикунонии калонсолон, дармонгох, озмоишгох, ошхонаи кормандон бо 150 чойи нишаст ва дар сахни хавлии мачмаа бо варзишгох шинос шуд.

istiqlol-klinika-2

Сурога ва тамос:

ш. Душанбе, куч.Неъмат Карабаева, 54/1.
телефон: (+992) 234-10-97, 234-10-73, 236-51-80, 236-01-38. 234-10-62.
Сомона: www.mti.tj

Таваллудхона: (+992) 98-537-46-41 (Шахрия).

Мачмааи тандурустии Истиклол, аз маркази мухташами тандурусти дорои 38 бинои аз 1 то 9 – ошёна буда, дар онхо хамаи шароити зарури барои кабул, муоинаю ташхис, табобат ва фарогату тавонбахши мухайё карда шудааст.

istiqlol-bemoriston4

Дар марказ 620 номгуи тачхизоти муосири ташхису табобатии истехсоли кишвархои пешрафтаи чахон аз ширкатхои бонуфузи Русия, Чин, Иёлоти Муттахидаи Амрико, Япония, Олмон, Финляндия ва Чехия дастрас ва насб шудааст.

Тавре мутахассисони соха иттилоъ доданд, бартарияти ин дастгоххо дар он аст, ки кори табибонро сабук карда, якбора бо сарфаи вакт якчанд амалиётро ичро менамоянд. Масалан дастгохи ангеография, ки нодиртарин махсуб меёбад, ташхису табобати беморихои гуногун, аз кабили беморихои дилу рагхои хунгард, касалихои занона ва гайраро ичро менамояд.

Дастгохи рентгении раками дар як лахзаи кутох беморро аз ташхис мегузаронад. Дар хучраи мамографи беморихои гадуди ширии занон ва саратони гадудхои ширии занон ташхис карда мешавад. Дар хучраи дансиометри холати физиологи ё потологии узвхоро аз ташхис мегузаронанд. Яке аз бартарихои ин дастгох бо муайян кардани зичии бофтахои устухон пешгирии шикастани устухонхои инсон мебошад.

Дар озмоишгох аксар дастгоххои муосире дастрас гардидааст, ки якбора якчанд амалиётро ичро мекунанд. Масалан дар озмоишгохи ташхиси беморихои сирояти дастгоххои ширкати олмони насб шудааст, ки дар як соат 96 амалиётро анчом медихад.  Заррабин бошад, замонави буда, сифати баланди оптики дорад ва маводхои ташхисшавандаи беморихои сироятиро аз 1000 то ба 2500 дарача калон мекунад. Аксари дастгоххои баркии тибби дар ин марказ каммасраф мебошанд.

Даромадгохи гарби

Дар хучраи шикастабанди бошад, дастгохе насб шудааст, ки дар вакти чаррохи беморро аскбардори карда, табобат менамоянд. Барои ин шахси осебдида ба дигар чой барои гузаштан аз ташхиси рентгени намеравад.

Барои беморихои гушу гулу ва бини дастгохи муосире насб шудааст, ки якбора метовонад беморро ташхис, бехис ва табобат намояд.

 Дар дармонгохи мачмаа тамоми чараёни бакайдгири, ташхис ва табобати бемор ба таври компютери ба системаи ягона ворид карда мешавад.

istiqlol-bemoriston6

Тавре мутахассисон иттилоъ доданд, дар ин мачмаа ба дастрас кардани дастгоххои сайёр дар хар як хучраи чаррохи, аз кабили рентгени мобили, рентгени раками, тачхизоти махсуси нигохдории кудакони дар вакти таваллуд бо вазни то 500 грам, интиколи ин гуна тифлони навзод аз як чо ба чойи дигар, гузаронидани чаррохи бевосита дар худи таваллудхона барои кудакони бо нукси модарзоди таваллудшуда, аз тарафи духтурони табобати кудакон ва насби камерахо дар вакти чаррохихои накшави барои тибби фосилави ва омузондани донишчуён афзалият дода шудааст.

Каблан барои табобати як бемор аз дигар беморхонахо табиб даъват карда мешуд, ё ин ки барои ташхис шахси бемор ба дигар чо фиристода мешуд, акнун тачхизоти нодиру гаронарзиши тиббии мачмаа имкон медихад, ки бемор дар чояш ташхис ва табобат карда шавад.

Барои тачрибаомузии донишчуён дар ин чо толори маснуъи фаъолият мекунад, ки тарзи расондани кумаки аввалини тибби ба онхо омузонида мешавад.

МАКОН ДАР ХАРИТА

Дар маркази системаи ягонаи иттилоотии тандурустии чумхури ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки имкон аст то дар як махзан холати бемор нигох дошта шавад ва ба маркази чумхурияви таърихи ташхису табобат ва маълумоти вазъи сихатии ахоли расонда мешавад.

Имконияти муосири тибби фосилавиро  аллакай дар чумхури ба таври манфиатбахш муаррифи гардидааст. Тавассути он табибон метавонанд дар фосилахои гуногуни махалли чойгиршави бо якдигар барои анчоми чаррохихо ё дигар амалиёт табодули дониш ва тачриба намоянд.

Дар ошёнаи дуюм ва хаштум бахши табобат бо гиёх амал мекунад, ки дар ин чо бо истифода аз гулу гиёххои шифобахши Точикистони бихиштосо дорухои гуногун омода мекунанд.

istiqlol-bemoriston-2

Бахри бемороне, ки дар ин чо табобат мегиранд, дар ошёнаи хаштум толорхои алохидаи варзиши барои занону мардон ва кудакон сохта шудаанд. Дар толор тачхизоти муосири гуногуни машки бадан дастрас гардидааст, ки мизочони маркази тандурусти метавонанд аз он васеъ истифода баранд

Арзиши умумии иншооти мачмааи тандурустии Истиклол беш аз 700 миллион сомони, аз чумла барои корхои сохтмони-васлкуни 500 миллион сомони, харид, интикол ва васлу насби тачхизоти тибби 270 миллион сомониро ташкил медихад.

Дар мачмуъ дар муассисаи мазкур 1000 хучраи тахассуси, 650 кати табобати, (аз чумла 150 кати калонсолон, 182 кати чаррохии кудакона, 213 кати соматикии кудакона, 100 кати таваллудхона), дармонгох барои кабули 800 нафар дар як баст, 47 шуъбаи маъмури, ёрирасон, дармонгохи ва зиёда аз 50 шуъбаи бистарикунони мавчуд аст. Дар пойгохи мачмаа зеристгохи ёрии таъчилии тибби бо иктидори 15 наклиёти сохави, аз чумла 3 бригадаи ёрии начотбахши, 1 адад наклиёти ёрии таъчилии тибби барои интиколи кудакони навзод фаъолият менамояд.

istiqlol-bemoriston-8

Инчунин дар ин чо иншооти гуногуни ёрирасон, толори конфронс бо 260 чойи нишаст, ошхона бо 150 чой, хонаи либосшуи, мачмааи варзиши, коргохи истехсоли дорувори ва гайра низ омодаи хизмат аст. Мачмаа муассисаи калонтарин барои табобат тавассути бистаринамои дар пойтахт махсуб ёфта, 75 фоизи иктидори он ба солимии модару кудак равона карда шудааст.

 Бори нахуст дар сохтори тандурустии кишвар рохандози намудани фаъолият дар самти чаррохии дилу рагхои кудакон, сохтори алохидаи покнамоии хуни (гемодеалези) кудакон, шуъбаи мухандисии клиники, тибби суннати ва 50 кати начоти бахшхои гуногун амали шудааст.

Лоихаи бунёди Мачмааи тандурустии Истиклол соли 1987 тасдик шуда, тайи солхои дароз сохтмони он ба таъхир афтода буд, инак баъди беш аз 30 сол туфайли сохибистиклолии кишвар имкон фарохам омад, ки дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон бо ворид намудани тагйироту иловахо ба лоихаи марказ тибки меъёрхои муосир тахия намудан, аз нав сохтмони иншоот 1 апрели соли 2013 огоз гардид.

istiqlol-bemoriston-9Иншоот дар масохати умумии 105 хазор метри мураббаъ бунёд ёфтааст. 6 сентябри соли 2011 Президени Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон бо гузоштани санги асос ва нома ба наслхои оянда ба сохтмони шифохонаи шахрии бисёрсоха бо 650 кат ва дармонгох барои кабули 800 нафар ниёзмандон дар як баст огоз бахшида буд.

Сарвари давлат ба рохбарияти Вазорати тандурусти ва хифзи ичтимоии ахоли ва дигар макомоти масъул дастур дод, ки дар пахлуи шифохонаи шахри, вокеъ дар шафати Маркази чумхуриявии ташхиси, хамчунин як осоишгохи хуб сохта, ба ниёзмандон пешкаш намоянд.

Дар чараёни сохтмони маркази тандурустии Истиклол Сарвари давлат Эмомали Рахмон ду маротиба-4 сентябри соли 2013 ва 4 ноябри соли 2014 бо рафти корхо ва сифати сохтмон шинос шуда буд.

Дар вакти бунёди ин иншооти беназири тандурусти пешниходхои Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон ба инобат гирифта шудааст ва дар натича мачмааи тандурустии Истиклол бо назардошти завки баланди зебоипарасти ва риояи коидаву унсурхои меъмории шаркии бо талаботи замони муосир омехта, хеле дилкашу назаррабо бунёд ёфт. Бинои мачмаа, ки дар як чойи назаррас бунёд шудааст, ба симои шахри Душанбе хусни тоза зам мекунад.

Хуччатхои лоихавии иншоотро се ташкилоти лоихакашии ватани – Корхонаи вохиди давлатии «Пажухишгохи илми-тадкикоти ва лоихакашии «Душанбешахрсоз», чамъиятхои саххомии кушодаи «Саноатсоз» ва «Шахрофар» тахия намудаанд.

istiqlol-bemoriston-3Дар бунёди иншооти мазкур 8 ташкилоти сохтмони ба хайси пудратчиёни асоси ва 17 адад ташкилоти молрасон иштирок кардаанд. Дар рафти сохтмони ин иншоот аз огоз то анчом аз 450 то 2500 нафар мутахассисони касбу кори гуногун бо  кор ва маоши аз 1200 то 3500 сомони таъмин шуданд. Корхо тахти назорати доимии 350 нафар мутахассисон ва масъулини мухандисию техники чараён дошт. Дар рафти бунёди иншоот корхонахои сохтмони ва техникахои гуногунтамга, аз чумла 6 адад корхонахои бетонтайёркуни, даххо адад кран-манорахои борбардор, автокранхо, экскаваторхо ва дигар автомашинахои борбардор фаъолият мекард.

Ин мачмаа бузургтарин иншооти сохаи тандурустии Точикистон на танхо дар замони сохибистиклоли, балки дар даврони собик Иттиходи Шурави мебошад ва дар минтакаи Осиёи Маркази хам шояд бехамто бошад.

Мачмаа нахустин муассисаи бисёрсохаи тиббии кишвар мебошад, ки мутобик ба талаботи меъёрхои байналмилали бунёд гардида, фарогири зинахои ташхис, табобат, аз чумла хадамоти ёрии фаврии тибби ва офиятбахшии тибби муосир мебошад.

Дар пойгохи ин мачмаа 14 кафедраи сохавии Донишгохи давлати тиббии Точикистон, Донишкадаи тахсилоти баъдидипломии кормандони сохаи тандурустии Точикистон, Коллечи чумхуриявии тибби ва гайра фаъолият карда, метавонанд аз он чун пойгохи бехтарини таълими, илми ва тачрибаомузии амали пурсамар истифода баранд.

20170520_113744

Фарохам овардани шабакахои худкори идоракунии иттилооти, таъмини об,(оби тоза, гарм, хунук), газхои табобати (хавои фишурда, оксиген), хавополои(тоза, гарму сард), пешгирии сухтор, тибби фосилави, интернет, алокаи дохили ва шахри, радиои дохили, камерахои мушохидавии мустаким (416 нукта), 602 мачмуи компютер низ мачмааро дар чумхури ва минтака беназир кардааст.

Дар масохати 9500 метри мураббаъ китъаи замин корхои кабудизоркуни гузаронида шудааст. 670 адад дарахту буттахои гуногуни ороиши ва 10 хазор адад гулхои мавсими шинонида шудааст. Гулгашту фавворахо, чойхои нишасту чарогхои гуногунранг, ки бо завки баланди зебоипарасти сохта шудааст, низ барои табобати беморон ва болидагии рухи онхо хизмат мерасонад.

Мавриди зикр аст, ки бо гузаронидани ислохоти муваффак дар сохахои афзалиятноки чомеа аз тарафи Президенти мамлакат бахши тандурусти низ рушду таракки меёбад. Дар саросари кишвар даххо адад марказхои саломати, бунгоххои тибби ва беморхонахои муосир бунёд гардида, бо тачхизоти муосиру дигар технологияи компютерии пешкадам таъмин мешавад, кадрхои баландихтисоси махалли барои фаъолият дар ин марказхо роххат мегиранд.

Ташноби Беморхонаи Истиклол
Ташноби Беморхонаи Истиклол

Бо таъмини чунин шароити муосир акнун мардум ба хоричи кишвар нарафта, дар махалли зисти худ бо харчи камтарин маблаг ва сарфаи вакт табобат мегиранд. Ин дастраси ба хизматрасонии муосири тибби, пешгири ва аз байн бурдани беморихои гуногун, аз чумла касалихои сирояти, пешгирии фавти модару кудак, дар шароити муосир ва бо риояи коидахои гигиению санитари расондани кумакхои аввалияи тибби мебошад ки аз чониби Сарвари давлат барои мардум пешкаш карда мешавад.

Аз чониби Хукумати мамлакат барномахои мукаммал барои рушди соха кабул гардида, марказхо бо мутахассисони сохибтахассус таъмин мешавад. Дар муассисахои олии кишвар бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат духтарону писарони лаёкатманди нохияхои дурдасти кухистони мамлакат тибки квота тахсил карда, ба зодгохи хеш бармегарданд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …