Главная / Чамъият / Истифодаи объекти сохтмон дар мухлати кафолат

Истифодаи объекти сохтмон дар мухлати кафолат

Моддаи 77-и  Карори шахрсози. Истифодаи объекти сохтмон дар мухлати кафолат

  1. Агар дар шартномаи пудратии сохтмон тартиби дигар пешбини нагардида бошад, пудратчи дар мухлати мукарраргардидаи кафолат имконпазирии истифодаи объекти сохтмонро кафолат медихад.
    2. Фармоишгар, сохибмулки объекти сохтмон то ба охир расидани мухлати кафолат вазифадоранд объекти сохтмонро давра ба давра дар мухлати мукарраргардида, вале на кам аз як маротиба дар се сол аз назари техники гузаронанд, санад тартиб дода, дар он холати техники ва норасоихои ошкоргардидаро нишон диханд. Хангоми зарурат фармоишгар, сохибмулки объекти сохтмон хукук доранд намояндагони пудратчи, макомоти ваколатдори давлатии назорати меъмори ва шахрсози ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатиро чихати иштирок дар азназаргузарони чалб намоянд.
    3. Хангоми гузаштани хукуки моликият (хукуки истифодабари) бо ташаббуси сохибмулки (истифодабарандаи) нав метавонад пеш аз мухлат азназаргузаронии техники анчом дода шавад.
    4. Талабот дар бораи рафъи нуксонхо аз чониби фармоишгар, сохибмулки объекти сохтмон дар чараёни мухлати кафолат ба пудратчи пешниход карда мешавад. Пудратчи нуксонхоро дар мухлатхое, ки бо фармоишгар, сохибмулки объекти сохтмон ба мувофика расонида шудааст, бартараф менамояд.
    5. Агар пудратчи аз бартараф кардани нуксонхо саркаши кунад ё мухлати мувофикашудаи рафъи нуксонхоро ба таъхир андозад, фармоишгар хукук дорад нуксонхоро бо гузаронидани маблаги харочот аз хисоби пудратчи мустакилона бартараф намояд.
    6. Андозаи маблаги харочоти вобаста ба рафъи нуксонхо дар асоси нарххое муайян карда мешавад, ки хангоми ичрои корхои дахлдори сохтмони амал мекарданд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …