Главная / Маданият ва санъат / Истифодаи асбобхои ошхона

Истифодаи асбобхои ошхона

Сачокчахоро хамрохи асбобхои ошхона истифода мебаранд. Аз кадимулайём ба миз сачокча дар шакли секунча, квадрат ва гайра мегузоранд. Онро ба табакчаи хурд, ки дар тарафи рост (барои таоми дуюм) аст гузоштан хуб аст.

Хеч гох сачокчаро гирди гардан напечонед, ё онро ба гиребон нагузоред, ки ин коидахои кухнашуда мебошад. Сачокчаро аз тахаш кушода, ба руи зону гузоред. Бо он даст пок накунед, барои ин сачокчахои когазин мавчуданд. Дастмоли когазиро истифода бурда,  баъд онро ба табакчаи истифодабурдаи худ гузоред. Салфеткаи матогиро аз тарафи рости табакчаи истифодабурда мегузоранд, агар табакчаро гирифта бошанд, ба тарафи худ такя карда гузоред.

salfetka

Таърихи пайдоиши салфетка

Сачокчахо (салфедка) – «sугiуttу» аз калимати франсави гирифта шуда, дастмолча, когази мулоим барои пок кардани дасту лаб хангоми таомхури ё баъд аз он аст. Онро римихо аз кадим истифода мебурданд.

Хозир хам сачокчахои когазин ва матогин васеъ истифода бурда мешаванд. Дар вакти оростани мизи идона мувофики коида сачокчахои каноти якрангаш бо дастархон нагз дарзмол карда ва камтар крахмал дода бошанд.

Барои он ки сачокча дар миз зебо намояд коидахои тахкунии сачокчаро аз худ кардан лозим аст. Дар расми ороиши миз як намуди тах кардани сачокчахо нишон дода шудааст. Шумо метавонед бо хохиши худ дар соати кори амали якчанд намуди тахкунии сачокчахоро бо хамрохии дугонахотон ва муаллиматон ичро намоед.

Коидахои тахкунии сачокчаро аз худ кунед

Коидахои зебо ба руи мизгузориро омухтан лозим аст. Сачокчахо (салфеткаихо)_ тахкардаро ба назди асбобхо ё ба руи табакчаи канноди мегузоранд. Сачокчахои когазин боз дар вакти додани маснуоти хамирини истифода бурда мешаванд.

Намуди зебо ва тартиби ороиши миз иштирохоро мекушояд ва шираи меъдаро хосил мекунад, ки он ба хазмкунии таом мадад мерасонад.

 Савол в супориш

  1. Вазифаи асбобхои дар руи миз гузоштаро гуфта дихед.
  2. Ба руи миз гузоштани асбобхои корд, чангак, кошукро амали нишон дихед.
  3. Агар дар кабинети технология шароит мухаё бошад ороиши дастурхон ва тарзи гузоштани асбобхо ва сачокчахо барои шаш нафар амали ичро намоед.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …