Главная / Чамъият / Истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия

Истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  

Дар бораи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.2010, №1, мод.11; Конуни ЧТ аз 23.11.2015 с., № 1254)

Конуни мазкур муносибатхои хукукиеро, ки байни макомоти давлати, шахсони вокеи ва хукуки дар сохахои истифодабарии самаранок ва афзалиятноки манбаъхои баркароршавандаи энергия ба миён меоянд, танзим намуда, асосхои ташкили, хукуки ва иктисодии сарфачуии беш аз пеши энергия, хифзи мухити зист, кам кардани таъсири номатлубро ба иклим, сарфаю сариштаи манбаъхои баркарорнашавандаи энергияро барои наслхои оянда муайян менамояд.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ  

Моддаи 1. Мафхумхои асоси  

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

захирахои энергетикии баркароршаванда – манбаъхои хамеша мавчуда ва ё давра ба давра дар мухити зист пайдошавандаи чараёни шуъои  офтоб, бод, обхои гарми зеризамини, дарёхо ва биомассахо, ки ба сузишвории истихрочи дохил намешаванд;

истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия – мачмуи амалиёте, ки максад аз он дигаргунсози, андухт, таксим ва истифодаи энергияи баркароршаванда, хамчунин таъмини моддию техникии ин амалиёт аст;

– энергияи анъанави – энергияи аз захирахои баркароршаванда хосилшуда, масалан, аз неругоххои барки оби ва маводи карбогидрид (ангишт, нафт, газ) бо иктидори 30 мегаватт ва бештар аз он;

энергетикаи хурд – неругоххои хурдтарин (микро), нисбатан хурд (мини) ва хурди энергетикии иктидорашон мутаносибан то 100 кВт, аз 101 то 1000 кВт ва аз 1001 то 30000 кВт;

истехсолкунандагони энергия аз манбаъхои баркароршавандаи энергия – шахсони вокеи ва хукукие, ки тавассути дастгоххои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия барои таъмини энергетикии фаъолияти худ ва инчунин бо максади фуруши минбаъдаи  он ба воситаи шабакахои энергетики  истехсол менамоянд;

истифодабарандагони энергия аз манбаъхои баркароршавандаи энергия – шахсони вокеи ва хукуки, ки энергияро аз истехсолкунандагонаш тавассути дастгоххои истифодабари аз манбаъхои баркароршавандаи энергия барои таъмини фаъолияти худ бо барк, инчунин бо максади фуруши он ба воситаи шабакахои энергетики мегиранд;

сертификати мутобикат хуччати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон додашудае, ки мувофикати энергияи ба воситаи дастгохи истифодабарии манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшударо ба регламенти техники, стандартхо ва дигар талаботи санадхои меъёрии техники тасдик менамояд;

дастгохи истифодабарии манбаъхои баркароршавандаи  энергия тачхизоти технологи ё мачмуи тачхизоти технологи барои истехсол, табдил, нигохдори ва интиколи энергияе, ки аз манбаъхои  баркароршавандаи энергия истехсол шудааст;

энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшуда – кувваи барк, гарми ва ё механикие, ки тавассути дастгоххои истифодабари аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсол карда мешавад;

биомасса чузъхои тачзияшавандаи биологии махсулот, партовхо ва бокимондахои саноати, кишоварзи, хочагии коммунали ва рузгор;

оператори шабакаи энергетики – шахси хукукие, ки хангоми интикол ва таксими энергия хизмат мерасонад;

шабакаи энергетики воситаи техникии интикол ва таксими энергияи барк ва гарми.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия

 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи манбаъхои баркароршавандаи энергия ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур

 

Конуни мазкур фаъолиятро дар сохаи манбаъхои баркароршавандаи энергия дар Чумхурии Точикистон танзим мекунад, аз он чумла:

– усулхо ва хадафхои сиёсати давлатиро дар сохаи азхудкунии манбаъхои баркароршавандаи энергия мукаррар мекунад;

– тарзхои якчоякунии манбаъхои баркароршавандаи энергияро дар системаи энергетикии чумхури муайян мекунад;

– фаъолияти ташкили, илмию тахкикоти, таррохи, коршиноси, конструктори ва батанзимдарориро, ки ба афзоиши истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия равона шудааст, ба рох мемонад;

– алокамандии фаъолиятро дар сохаи истехсол, бахисобгири, интикол, таксим ва истифодаи энергияи манбаъхои баркароршавандаи энергия пешбини менамояд;

– чорахои иктисоди ва ташкилиеро муайян мекунад, ки максади онхо хавасмандгардонии истехсол ва истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия мебошад.

 

БОБИ 2.

АСОСХОИ ТАШКИЛИЮ ХУКУКИИ ИСТИФОДАБАРИИ

МАНБАЪХОИ БАРКАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ

 

Моддаи 4. Манбаъхои баркароршавандаи энергия

 

Ба манбаъхои баркароршавандаи энергия тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дохил мешаванд:

– энергияи офтоб;

– энергияи бод;

– энергияи чараёни об, обанборхои табии ва сунъи;

– энергияи обхои гарми зеризамини;

– энергияи чуб, биомассахо дар шакли партовхои саноати, кишоварзи, чангал, хочагии коммунали ва рузгор.

 

Моддаи 5. Самтхои истифодабарии манбаъхои баркароршавандаи энергия

 

  1. Энергияи офтобро ба максадхои зерин истифода бурдан мумкин аст:

– истехсоли энергияи гарми ба воситаи кубурхои (коллекторхои) офтоби ва ё системаи гармии гайрифаъол;

– истехсоли энергияи барк ба воситаи системаи силсилавии табдилёбии харорати термодинамики;

– истехсоли энергияи барк ба воситаи системаи мустакиман табдилёбии энергия (фотобарк, гармибарк, фотогармибарк ва гайра);

– истехсоли энергияи барк, гарми ба воситаи системаи омехта бо хар гуна усулхои табдилёби;

– хосил намудани гидроген хамчун хомили энергия ба воситаи истифодаи усулхои фотолиз ва фотоэлектролизи об;

– гузаронидани чараёнхои алохидаи технологи (дар хушккунакхо, бухоркунакхо, гармхонахо ва дигар дастгоххо).

  1. Энергияи бодро бо максадхои зерин истифода бурдан мумкин аст:

– истехсоли энергияи барк бо истифодаи дастгоххои барки боди;

– истехсоли энергияи механики бо истифодаи дастгоххои механики ва гидродинамикии боди.

  1. Энергияи чараёни об ва обанборхоро инчунин ба максадхои зерин истифода бурдан мумкин аст:

– истехсоли энергияи барк дар неругоххои хурд бе истифодаи даргот (дар нахрхо, понтонхо ва мачрои озод);

– истехсоли энергияи барк дар неругоххои хурд бо истифодаи дарготхои начандон баланди обанборхои табии ва сунъи;

– истехсоли энергияи барк дар неругоххои хурди фишори чараёни обаш сунъи (канали кубурхои обрасони);

– истехсоли энергияи механики бо истифодаи хусусиятхои физикии об ва сатхи пасту баланди обанборхо.

  1. Энергияи обхои гарми зеризаминиро бо максадхои зерин истифода бурдан мумкин аст:

– истехсоли энергияи гарми (хамчун гармии барк) аз бугу обхои гарм ё газхои гарми зеризамини;

– истехсоли энергияи барк дар турбинахои буги бо истифодаи омехтаи обу бугхои зеризаминии харораташон баланд.

  1. Энергияи партовхои чубу дарахт (парахахои чуб), самг ва биомассахои партовхои саноати,  кишоварзи ва чангал, хочагии коммунали ва рузгорро ба максадхои зерин истифода бурдан мумкин аст:

– истехсоли энергияи гарми ва барк ба воситаи сузондани онхо дар неругоххои истехсоли гармию барк ва дегхои буг;

– истехсоли  гази биологи  бо максади сузондани он дар неругоххои истехсоли гармию барк ва дегхои буг ва зимни ин истехсоли нури бо истифода аз дастгоххои биохимияви;

– истехсоли гази сузишвори дар дастгоххои газогенератории  термохимияви;

– истехсоли сузишвории карбогидратхои моеъ дар дастгоххои ба гази моеъ табдил додани бокимондахои органики.

  1. Манбаъхои баркароршавандаи энергияро бо риояи конунгузории Чумхурии Точикистон ба дигар максадхо низ истифода бурдан мумкин аст.

 

Моддаи 6. Объектхои афзалиятнок барои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия

 

  1. Объектхои афзалиятнок барои истифодаи манбаъхои  баркароршавандаи энергия  инхо мебошанд:

– минтакахои дур аз маркази барктаъминкуни, ки аз сабаби зичии ками ахоли бунёди неругоххои маъмулии барк ва кашидани хати баландшиддати барк аз чихати иктисоди фоидаовар ва ё имконпазир нест;

– минтакаи дар маркази барктаъминкуни карордошта, ки дар натичаи гайриканоатбахш будани холати шабакахои энергетики ва ё норасоии иктидорхо ё кувваи барк сабаби мунтазам катъ кардани барки истифодабарандагон мегардад ва он зарари калони иктисоди ва окибати манфии ичтимоиро ба бор меорад;

– махалхои ахолинишин ва чойхои истирохати оммавии ахоли, ки дар натичаи дуду губори сузишвории органикии деги буг вазъияти экологиро мурракаб мегардонад;

– махалхои ахолинишин, бустонсаройхо ва чойхои будубоши муваккатии одамон, ки аз норасоии кувваи барк, гарми, оби гарм ва гайра танкиси мекашанд.

  1. Бо максади таъмини талаботи истехсолию маиши мамнуъгоххо ва худудхои хифзшавандаи табиат бо кувваи барк тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия афзалият доранд.

 

Моддаи 7. Талабот нисбат ба истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия

 

Фаъолият оид ба истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия, аз чумла фаъолияти илмию тахкикоти, тачрибавию конструктори, чустучу, амалисози, лоихакаши, истехсоли, сохтмону васлкуни ва корхои бахрабардори бо назардошти талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи хифзи табиат ва санитарию эпидемиологи, риояи коидахои бехатарии корхо, татбики меъёрхои истифодаи захирахои табии, шахрсозию меъмори ва истифодаи самараноки энергия  амали карда мешавад.

 

Моддаи 8. Дастгоххо барои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия ва талабот ба онхо

 

  1. Тавоноии дастгоххои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия барои истехсол, табдилдихи, нигохдори ва интиколи энергияе, ки аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсол карда мешаванд, бо хуччати додаи истехсолкунандаи чунин дастгоххо аз тарафи макомоти ваколатдори давлати тасдик карда мешавад.
  2. Молик хукук дорад хар як тачхизоти технологи ва ё мачмуи тачхизоти технологиро барои фаъолияти худ дар асоси манбаъхои баркароршавандаи энергия бо риояи конунгузори, регламентхои техники ва санадхои меъёрии техникии Чумхурии Точикистон аз нав такмил дихад.
  3. Такмили тачхизоти технологи ва ё мачмуи тачхизоти технологи бо максади истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия бо хуччатхои додаи ташкилоте, ки такмили тачхизотро анчом додааст, тасдик карда мешавад, ба шарте ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон чунин хуччат додани макомоти ваколатдори давлати пешбини шуда бошад.
  4. Талабот нисбати бахрабардории дастгоххои истифодаи  манбаъхои  баркароршавандаи энергия:

– риояи регламентхои техники, стандартхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии техникии Чумхурии Точикистон, ки талаботро барои истехсол, такмил, нигохдори ва интиколи энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшуда мукаррар мекунад;

– назорати давлати оид ба бахрабардории дастгоххои истифодаи  манбаъхои баркароршавандаи энергия;

– таъмини нишондихандахои техникию иктисодии дастгоххои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия ба меъёрхои  санадхои хукукии байналмилали, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф намудааст.

  1. Дар холати истехсол ва бахрабардории дастгоххои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия бояд шароите таъмин карда шавад, ки ба шахсони вокеию хукуки ва мухити зист зиён нарасонад.

 

Моддаи 9. Бахисобгирии манбаъхои баркароршавандаи энергия ва дастгоххои истифодаи манбаъхои

                    баркароршавандаи энергия

 

  1. Бо максади истифодаи самараноки манбаъхои баркароршавандаи энергия дар халли масъалахои энергетики ва ичтимоию иктисоди тибки конунгузории Чумхурии Точикистон манбаъхои баркароршавандаи энергия ва дастгоххои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия, ки дар каламрави чумхури карор доранд, ба хисоб гирифта мешаванд.
  2. Барои ба хисоб гирифтани манбаъхои баркароршавандаи энергия аз руи хар як навъи онхо кадастри дорои маълумот оид ба номгуе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, тартиб дода мешавад.
  3. Барои ба хисоб гирифтани дастгоххои манбаъхои баркароршавандаи энергия номгуи дастгоххо, хамчунин тарзи истифодаи онхо бо максади тавлиди энергия тартиб дода мешавад.
  4. Корхои бахисобгирии манбаъхои баркароршавандаи энергия ва  дастгоххои истифодаи ин манбаъхо, ки тибки конунгузори сурат мегиранд, аз хисоби бучет, шахсони вокеи ва хукуки, инчунин аз хисоби дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, маблаггузори карда мешаванд.
  5. Ташкили бахисобгирии манбаъхои баркароршавандаи энергия ва  дастгоххои истифодаи манбаъхои энергия ба зиммаи макомоти ваколатдори сохаи энергетика гузошта мешавад.
  6. Тартиби пешниходи иттилооти дар кадастр ва фехрист мавчударо конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

Моддаи 10. Сифати энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшуда

 

  1. Сифати энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшуда бо рохи мукаррар намудан ва истифода бурдани мачмуи умумии нишондихандахои чараёни технологи, таксим ва истеъмоли энергия, инчунин нишондихандахои таъмини бехатарии экологи, хифзи сихатии омма ва хифзи мехнат дар чараёни истифодаи манбаъхои  баркароршавандаи энергия таъмин карда мешавад.
  2. Нишондихандахои сифати энергияи аз манбаъхои  баркароршавандаи энергия истехсолшударо регламенти техники ва стандартхои Чумхурии Точикистон мукаррар менамоянд.

 

Моддаи 11. Муносибати истехсолкунандагони энергия аз манбаъхои баркароршавандаи энергия бо

                       операторони шабакахои энергетики ва  истифодабарандагони умдаи энергия

 

  1. Муносибати истифодабарандагони энергия аз манбаъхои баркароршавандаи энергия бо операторони шабакахои энергетики ва шахсони вокеию хукуки, сохибкорони инфироди, ки энергияро  харидори намуда, онро бо рохи пайвастшави ба шабакахои энергетики минбаъд ба харидорони умдаи энергия мефурушанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар асоси шартномаи байни онхо муайян карда мешавад.
  2. Операторони шабакахои энергетики истехсолкунандаи энергияро аз манбаъхои баркароршавандаи энергия ба шабакахои энергетики дар асоси шартнома ба шарте пайваст менамоянд, ки он ба устувории системаи шабакахои энергетики таъсир нарасонад.
  3. Истехсолкунандагони энергия аз манбаъхои баркароршавандаи  энергия барои пайваст кардан ба шабакахои барки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон имтиёз доранд.
  4. Операторони шабакахои энергетики ва истифодабарандагони умдаи энергия ухдадоранд энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи  энергия истехсолшударо дар асоси шартнома бо риояи хачми тавозуни истехсол ва сифати энергия аз манбаъхои баркароршавандаи энергия харидори намоянд.
  5. Рад кардани содироти энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшуда, ки ба хусусияти табиии ин манбаъхо алокаманд аст, наметавонад барои ичро накардани ухдадорихои истехсолкунандагони энергия аз манбаъхои баркароршавандаи энергия  асос шавад.

 

Моддаи 12. Таъмини истифодабарандагони энергия аз манбаъхои баркароршавандаи энергия

 

  1. Истифодабарандагони энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшуда мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар асоси шартнома бо энергия таъмин карда мешаванд.
  2. Энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия  истехсолшуда бо риояи шартхо ва талаботи зерин фурухта мешавад:

– дар асоси сертификати мутобикат ба энергияе, ки фурухта мешавад;

– дар асоси шартнома ва ё озмуни тарифхои танзимшаванда;

– ба макомоти ваколатдори сохаи энергетика.

 

БОБИ 3.

ТАНЗИМИ  ДАВЛАТИ  ВА  ИДОРАКУНИ ДАР СОХАИ ИСТИФОДАИ

МАНБАЪХОИ БАРКАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ

 

Моддаи 13. Танзими давлати ва идоракуни дар сохаи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия

 

  1. Танзими давлати дар сохаи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия иборат аст аз:

– муайян ва амали кардани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия;

– ташкилу истифодаи технология ва дастгоххои самараноки истифодабарии манбаъхои баркароршавандаи энергия;

– ташкили низоми механизмхои молиявию иктисоди, ки шахсони вокеию хукукиро барои истехсоли энергияи манбаъхои баркароршавандаи  энергия ва истифодаи онхо хавасманд мегардонад;

– дастгирии рушди заминаи истехсолоти илмию техники ва истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия ва таргиби комёбихои илмию техникии ин соха;

– танзими давлати, нархгузори дар сохаи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия;

– бахисобгири ва назорат, аз чумла тасдики пайдоиши энергия аз манбаъхои баркароршавандаи энергия;

– муайян намудани коидахои воридшавии энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшуда ба системаи энергетики ва фуруши он ба истифодабарандагон;

– хамкории байналмилали.

  1. Танзими давлати ва идоракуни дар сохаи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия аз тарафи макомоти ваколатдори давлати,  макомоти махаллии хокимияти давлати ва худидоракунии махаллии шахрак ва дехот амали карда мешавад.

 

Моддаи 14. Дастгирии давлати дар сохаи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия

 

  1. Дастгирии давлатии истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия ба максади фарохам овардани шароити мусоид барои истехсоли энергияи барк ва (ё) харорат бо истифода аз манбаъхои баркароршавандаи энергия барои кохиши энергияталабии иктисодиёт ва таъсири сектори истехсоли энергияи барк ва харорат ба мухити зист ва зиёд шудани хиссаи манбаъхои баркароршавандаи энергия хангоми истехсоли энергияи барк ва (ё) харорат амали мегардад.
  2. Дастгирии давлати дар сохаи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия иборат аст аз:

– муайян кардани сиёсати окилонаи нархгузории энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшуда, ки хавасмандгардонии истехсол ва хариди онро таъмин менамояд;

– хифзи истехсолкунандагони энергияи аз манбаъхои  баркароршавандаи энергия аз ракобати ноодилонаи дигар ташкилотхое, ки дар сохаи истехсол ва истифодаи энергия вазъи бартари доранд;

– эътирофи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия хамчун фаъолияти хифзи табиат ва сарфачуии энергия бо мукаррар намудани имтиёзхои дахлдор барои шахсони вокеи ва хукукие, ки истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия дар ин соха фаъолият доранд;

– вобаста ба хачми сармоягузори ва иктидори истехсоли барои шахсони хукуки ва сохибкорони инфиродии бо истехсоли энергия аз манбаъхои баркароршаванда машгул мутобики Кодекси андози Чумхурии Точикистон имтиёзхо пешбини карда мешаванд;

–  танзими тарифхои энергияи таъиноти истифодабарандагон, ки аз  дастгоххои истифодбарии манбаъхои баркароршавандаи энергия  мегиранд, аз чумла бо рохи кисман чудо кардани маблаг аз манбаъхое, ки конунгузори барои харочоти истехсолии чунин намуди энергия муайян намудааст;

– мукаррар намудани мухлати тезонидани истехлоки (хурдашавии) дастгоххои истифодбарии манбаъхои баркароршавандаи энергия;

–  таъмини дастрасии бемамониати шахсони вокеи ва хукукие, ки  манбаъхои баркароршавандаи энергияро барои таъмини худ истифода мебаранд, бо захирахои манбаъхои энергия бо рохи бо тартиби содда ба онхо додани хукуки истифодабарии захирахои зарурии табии ва дигар захирахо;

– кафолати ба шабакахои энергетики пайвастани истехсолкунандагони энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшуда;

– хавасмандгардонии фаъолияти сармоягузори ва чори намудани технологияи нав барои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия, аз чумла ташкили шароити мусоид барои сармоягузорони ватанию хоричи ва таъсис додани фонди дастгирии ин соха;

– дастгирии илмию техники оид ба ташкил ва татбики дастгоххои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия.

 

Моддаи 15. Барномахои истифодаи манбаъхои  баркароршавандаи энергия

 

  1. Барои идоракунии раванди рушди энергетика аз манбаъхои баркароршавандаи энергия барномахои миёнамухлату дарозмуддати илмию техникии байнидавлати, давлати, сохави ва минтакави оид ба хавасмандгардонии истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия кабул карда мешаванд.
  2. Чорабинихо оид ба амали намудани барномахои мазкур бо назардошти алокамандии онхо бо чорабинихои бо энергия таъминкунии минтакахои дурдасти камэнергия, хифзи мухити зист ва сохтмони манзил ба накша гирифта мешаванд.
  3. Маблаггузории чорабинихо оид ба амали намудани барномахои давлати аз хисоби бучети давлати ва манбаъхои гайрибучети сурат мегирад.

 

Моддаи 16. Маблаггузории барномахо ва лоихахои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия

 

  1. Барномаю лоихахое, ки барои хавасмандгардонии истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия равона карда шудаанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон аз хисоби бучети давлати ва   шахсони вокеию хукуки ва дигар манбаъхое, ки конунгузори манъ накардааст, маблаггузори карда мешаванд.
  2. Аз хисоби бучети давлати метавонанд чорабинихои зерин маблаггузори карда шаванд:

– ташкил ва амали намудани барномахои максаднок оид ба хавасмандгардонии истифодаи манбаъхои баркароршавандаи  энергия;

– дастгирии илмию техники оид ба офаридан ва татбик намудани дастгоххои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия;

– иштирок дар кори ташкилотхои байналмилалию минтакави оид ба истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия;

– чорабинихои дигари хавасмандгардонии истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия.

  1. Тартиби чудо кардани маблаг барои харочоти мазкур тибки санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 17. Нархгузори дар сохаи истехсоли энергия аз манбаъхои  баркароршавандаи энергия

 

  1. Нарх ва тарифхои энергияе, ки аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсол мешавад, бо назардошти харочоти истехсол ва дастгирии рушди истифодабарии энергия аз манбаъхои баркароршавандаи энергия барои фурухтан ба субъектхои монополияи табии бо пешниходи макоми ваколатдори танзими фаъолияти субъектхои монополияхои табии аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1254)
  2. Субъекти монополияи табии энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшударо бо нархи барои махсулоти субъекти инхисороти табии муайяншуда мефурушад ва фарки байни нархи барои махсулоти энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия мукарраршуда аз хисоби тарифи барои махсулоти субъекти монополияи табии мукарраргардида бо назардошти зарархои пешбинишуда чуброн карда мешавад.

 

Моддаи 18. Стандартони ва сертификатсия дар сохаи истифодаи манбаъхои  баркароршавандаи энергия

 

  1. Стандартони дар сохаи истифодаи самараноки манбаъхои баркароршавандаи энергия бо роххои зерин амали карда мешавад:

– дохил намудани нишондихандахои истифодаи самараноки манбаъхои баркароршавандаи энергия ба регламенти техники, стандартхо, санадхои дигари меъёрии хукукии техникии Чумхурии Точикистон;

– рохандози кардани регламенти техники, стандартхо, дигар санадхои меъёрии хукукии техникии Чумхурии Точикистон, ки заминаи методологи, ташкили ва техникии истифодаи самараноки манбаъхои баркароршавандаи  энергияро мукаррар менамояд;

– ба регламенти техники, стандартхои давлати, стандартхои байналмилали, ки Чумхурии  Точикистон онхоро эътироф намудааст, дохил намудани мизонхои сифати энергияи аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшуда;

– дохил намудани нишондихандахои самаранокии энергетики ба регламенти техники, стандартхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии техникии Чумхурии Точикистон дар сохаи сохтмон, мавод, конструксияхо, воситахои наклиёт, дастгох ва тачхизоти таъиноти хочаги, инчунин дигар молу хизматрасонихо, ки энергия аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истифода менамоянд;

– сертификатсияи хатмии энергия ва махсулоти аз манбаъхои баркароршавандаи энергия истехсолшуда.

  1. Дастгоххои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия тибки регламенти техники, стандартхо ва дигар санадхои меъёрии техникии Чумхурии Точикистон бахогузори карда мешаванд.

 

Моддаи 19. Таъминоти илмию техники дар сохаи истифодабарии манбаъхои баркароршавандаи энергия

 

Таъминоти илмию техники барои офаридан ва чори намудани дастгоххои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия, инчунин рушди истифода кардани ин манбаъхои энергия, аз чумла лоихакаши, сохтмон ва истифодабарии чунин дастгоххо дар доираи барномахои байнидавлати, давлати, сохави ва минтакави ва амалии илмию тахкикоти, лоихахои инноватсиони ва лоихахо оид ба ичрои корхои илмию тахкикоти, тачрибавию конструктори, тачрибавию технологи, ки маблаггузории онхо бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 20. Таъмини иттилоотони дар сохаи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия

 

Макомоти ваколатдори давлатии сохаи энергетика таъмини  иттилоотиро барои хавасмандгардонии истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия бо роххои зерин ташкил менамояд:

– ташкили семинархо, намоиши тачхизот ва технологияе, ки дар истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия ба кор бурда мешаванд;

– нашри иттилоот доир ба масъалахои истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия;

– таблиги истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия дар воситахои ахбори омма;

– тахияи пешниходхо доир ба дохил намудани мавод оид ба  истифодаи самараноки манбаъхои баркароршавандаи энергия дар барномахои умуми ва касбии таълими;

– тайёр намудани мутахассисони техники ва менечерони сохаи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия;

– ташкили системаи такмили ихтисос ва тайёр намудани мутахассисони сохаи истифодаи манбаъхои баркароршавандаи энергия.

 

БОБИ 4.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 21. Хамкории байналмилали дар сохаи истифодабарии манбаъхои баркароршавандаи энергия

 

  1. Хамкории байналмилали дар сохаи истифодаи манбаъхои  баркароршавандаи энергия тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилали, ки онхоро Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, ба рох монда мешавад.
  2. Самтхои асосии хамкории байналмилали дар сохаи истифодабарии манбаъхои баркароршавандаи энергия аз инхо иборатанд:

– мубодилаи манфиатбахши комёбихои илмию технологи бо ташкилотхои байналмилали ва хоричи;

– иштирок дар лоихахои байналмилали;

– мубодилаи тачриба оид ба истифодаи самараноки манбаъхои баркароршавандаи энергия;

– таълим ва бозомузии кадрхо дар асоси шартномахои хамкори;

– иштирок дар конфронсхои байналмилали, симпозиумхо ва семинархо.

 

Моддаи 22. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                           Эмомали Рахмон

 

ш.Душанбе, 12 январи соли 2010

№ 587

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Богчаи бачагон (Кудакон) дар Душанбе

Хамаи волидон (падару модарон) дар чустучуи богчахои кудакон (бачагона) -и хуб дар шахри Душанбе –пойтахти …