Главная / Гуногун / Ислохоти аввали асри XX дар ИМА

Ислохоти аввали асри XX дар ИМА

Харакати ислохотхохи дар ИМА дар натичаи норозигии доирахои васеъи ахолии мамлакат аз фаъолияги инхисорхо огоз ёфт. Кисми пешкадами буржуазия ба сиёсати ислохотхохи гузашт. Ба ин рох номзади Хизби Чумхуриятхохон Т. Рузвелт дар интихоботи президентии соли 1904 голиб баромад. У баъди интихобот ислохот гузаронд. Ин ислохот на ба гуруххои алохида, балки ба нафъи хамаи аъзоёни Чомеаи Америка нигаронида шуда буд.

Конгресс дар бораи захирахои табиии мамлакат якчанд конун кабул кард. То ин вакт захирахои табии, аз он чумла, заминро инхисорхо берахмона горат мекарданд. Мувофики конунхои нав 235 млн гкр замин фонди дахлнопазири давлати эълон карда шуд. Конуни дигар дар бораи аз болои тайёр кардани махсулоти хуроквори ва дорувори ташкил кардани назорати давлати буд. Бо ин роххо пеши рохи корхои гайриконунии ширкатхои инхисори гирифта мешуданд.

ssha

Вале, вакте ки соли 1909 номзади дигари Хизби Чумхуриятхохон Уилям Тафт дар интихоботи президенти голиб баромад. Ислохоти саркардаи Т. Рузвелтро давом надод. Тафт имконият дод, ки ин инхисорхо даромади калон ба даст дароранд. Ин кор норозигии як кисми мардумро ба вучуд овард.

Харакати ислохотхохии ибтидои асри ХХ-и ИМА мураккаб буд. Кисми пешкадами буржуазияи дар ин харакат иштироккарда зидди суистеъмол кардани фаъолияти трестхо буд. Кисми дигараш баръакс, чонибдори озодии комили инхисорхо буд. Вале аксарияти ислохотхохони ин давра арзишхои иктисоди бозоргониро химоя мекарданд. Умуман ислохоти ибтидои асри XX имконнит дод, ки ИМА аз ракибони асосии худ пеш гузашта, ба мамлакати пуриктидори чахон табдил ёбад.

Системам бисёрхизбии ИМА. Дар ибтидои асри XX дар ИМА асосан 3 хизб барои дар мамлакат хукмрон шудан дар байни худ ракобат мекарданд: демократа, чумхуриятхохон ва сотсиалистй. Фаъолияти онхо махсусан дар давраи интихобот баланд мешуд.

Системаи бисёрхизби ба интихобкунандагони ИМА имконият медод, ки номзади сазоворро президенти мамлакат интихоб кунанд, ба Конгресс ва макомоти конунгузории дигари марказию иёлот низ ашхоси сазоворро интихоб намоянд. Хамин хел хам мешуд, ки номзади ба мансаби президенти сохибшуда ба ваъдахои пеш аз интихобот додааш вафо намекард. Ба хамин сабаб аз чумхуриятхох Улиям Тафт, ки соли 1909 ба ичрои вазифан президенти шуруь карда буд, интихобкунандагон норози буданд. Ин холати чумхуриятхохон ба оппозитсияи демократи имконият медод, ки дар интихоботи дар пешистода дастболо шавад, ё ки ба ин маком намояндаи хизби сотсиалисти сохиб мешуд, яьне онхо метавонистанд номзади худро ба мансаби президенти гузаронанд. “Мусобика” барои мансаби президенти дар Касри Сафед асосан дар байни хизбхои чумхуриятхохон ва демократи сурат мегирифт.

Дар интихоботи соли 1912 хар се хизб хам номзадхои худро ба мансаби президенти пешниход карданд. Хизби Согтиалисти Ючин Дебсро пешниход кард. Хизби Демократи ба ин мансаб Вудро Вилсонро лоик донист. Ин вакт дар Хизби Чумхуриятхохон чудои ба амал омад. Барои хамин ин хизб номзади ягонаро пешниход карда натавонист. Он ду номзад пешниход намуд. У. Тафт ва Т. Рузвелтро. Дар натича овозхои интихобкунандагони чумхуриятхохон дар байни ду номзад таксим шуданд. Умуман овозхои интихобкунандагон чунин таксим шуданд: В. Вилсон – 6.286.214 овоз, Т. Рузвелт – 4.126.020 овоз. У. Тафт – 3.483.922 овоз ва Ю. Дебс – наздики 1 млн овоз. Хамин тарик номзади Хизби Демократи профессори таъриху хукуки донишгохи Принстон Вудро Вилсон ба мухлати 4 сол президенти ИМА интихоб гардид.

Вале мумкин буд, ки номзади Хизби Чумхуриятхохон голиб барояд. Сабаби асосии шикасти ин хизб дар ду номзад пешниход кардани он буд. Чамъи овозхои ба даст даровардаи хар дуи онхо 7609942 нафарро ташкил кард. Ин аз шумораи овозхои гирифтаи номзади демократхо, ки голиб баромад, кариб 1,5 млн нафар зиёд аст. Хамин тарик, соли 1912 намояндаи Хизби Демократи ба мухлати 4 соли оянда сохиби Касри Сафед гардид.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Муборизаи миллию озодихохии халки Корея

Дар Корея хукмрон шудани истилогаронн Чопон маорифпарварони ин мамлакатро бе тафовут гузошта наметавонист. Онхо мардумро …