Главная / Гуногун / Ислохоти Шералихон дар Афгонистон

Ислохоти Шералихон дар Афгонистон

Соли 1863 Дустмухаммадхон вафот кард ва барои точу тахти Афгонистон дар байни писарони у муборизаи мусаллахона сурат гирифт. Окибат соли 1868 дар ин мубориза Шералихон голиб баромада, амири Афгонистон шуд.

019pho000000127u00044000-svc1

Шералихон ба Хиндустон сафар карда, ба навгонихои аз Англия ба он чо рохёфтаи буржуази шиносои пайдо намуда, баъди ­ба ватан баргаштан ба ислохоти давлати даст зад. Ислохоти андози Шералихон мадди назар дошт, ки аз андози натурали ба андози пули бояд гузашт. Ислохоти харби азнавсозии артиш ва таъсиси сипохи муназзами муосирро дар назар дошт. Ба Шералихон муяссар гардид, ки артиши Афгонистонро пуркувват карда, шумораи онро то ба 50 хазор нафар расонад, хокими марказиро мустахкам кунад, макомоти махсуси машварати ва политсияи давлатиро ташкил намояд. Гайр аз ин у ба ислохоти тичорат ва фарханг хам шуруъ кард. Дар мамлакат шаб, алокаи почтаро ташкил кард, барои бехтар кардани роххо чорахои зарури андешид. Соли 1873 рузномаи аввалини Афгонистон “Шамс-ун-нахор” ба чоп расид. Вале ба татбики пурраи ислохоти Шералихон тачовузн нави харбии Англия халал расонид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …