Главная / Чамъият / Ислохоти конститутсиони дар Чумхурии Точикистон

Ислохоти конститутсиони дар Чумхурии Точикистон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи ислохоти конститутсиони дар Чумхурии Точикистон, тартиби кабул намудан ва мавриди амал карор додани Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1994, №13, мод.194)

Шурои Олии Чумхурии Точикистон кайд мекунад, ки баъди поён ёфтани чанги граждани, дар рафти тадричан бартараф намудани окибатхои он, дар натичаи мехнати пуршиддати халк, чидду чахди макомоти хокимият ва идораи маркази ва махаллии давлати ва бо дастгирии Иттиходи Давлатхои Мустакил, давлатхои дигар ва ташкилотхои байналхалки барои ба амал овардани дигаргунихои катъи дар хамаи сохахои хаёти чамъият дар асоси Конститутсияи (Сарконуни) нави Чумхурии Точикистон шароит фарохам оварда шуд. Холо барои кушодани рох ба суи сохтмони давлати демократи, хукуки, дуняви дар Точикистон, таъмини пурратари кафолатхо ва химояи хукук ва озодихои инсон, тахкими мавкеи Точикистон дар арсаи байналхалки ва обрую эътибори он дар байни ахли олам тамоми имкониятхо мавчуданд.

sarqonun

Мухокимаи халкии лоихаи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, ки моххои апрел-июни соли 1994 баргузор шуд ва дар рафти он лоиха мавриди дастгирии хеле васеъ карор гирифт, бо камоли итминон зарурати харчи зудтар амали сохтани ислохоти конститутсиониро собит месозад ва дар зудтарин вакт бо рохи овоздихии халки (рефе­рендум) кабул намудани Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистонро такозо мекунад.

Шурои Олии Чумхурии Точикистон инчунин кайд мекунад, ки шакли идораи президенти, ки дар лоихаи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон пешбини гардидааст, аз тарафи аксарияти иштирокчиёни мухокимаи он маъкул дониста шуд ва ин имконият медихад, ки барои тайёри ва гузаронидани интихоботи Президенти Чумхурии Точикис­тон кор вусъат дода шавад.

Бо дар назардошти фавк ва дар асоси Изхороти сиёсии Сарвари давлат, Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон Э. Рахмонов, ки Шурои Оли 28 декабри соли 1993 онро маъкул донист,

ба максади собиткадамона амали намудани ислохоти конститутсиони, таъмини идома ва фаъолияти самарабахши хамаи шохахо ва савияхои хокимият ва идораи давлати дар рафти навсозии дарпешистода, фарохам сохтани шароит барои сари вакт амал кардани меъёрхои Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, бахри тахкими замина барои аз бухрони ичтимоию иктисоди баромадани чумхури, минбаъд муътадил гардидани вазъи сиёсии дохили, ба даст овардани ризояти чамъияти,

бо саъю кушиш барои мухайё сохтани имконият ба халк, ба шуму­ли гурезахо-шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки худашон такдири кишвари худро муайян кунанд,

Эъломияро дар бораи истиклолияти Чумхурии Точикистон дастури амал карор дода ва мувофики моддахои 1, 2, 5, 99 ва 103-юми Конститутсияи (Конуни Асосии) Чумхурии Точикистон.

Шурои Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:  

Моддаи 1. Лоихаи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, ки комиссияи оид ба тахияи лоихаи Конститутсияи (Сарконуни) нави Чумхурии Точикистон пешниход кардааст, бо назардошти чамъбасти мухокимаи халки маъкул дониста ва он ба овоздихии халки (референдум) гузошта шавад.

Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон дар сурате кабулшуда хисоб мешавад, ки ба он бештар аз нисфи интихобкунандагони Чумхурии Точикистон, ки дар референдум иштирок кардаанд, овоз до­да бошанд.

Рузи овоздихии халки (референдум) рузи кабул намудани Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ба шумор рафта, ид эълон карда мешавад ва хар сол хамчун Рузи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон тачлил мегардад.  

Моддаи 2. Мансаби Президенти Чумхурии Точикистон таъсис дода шавад. Дар як вакт бо референдум оид ба кабул намудани Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон интихоботи умумихалкии Президенти Чумхурии Точикистон гузаронида шавад.

Интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон», ки дар ин ичлосия кабул гардид, гузаронида шавад.

Моддаи 3. Референдум барои кабул намудани Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон 25 сентябри соли 1994 таъин карда шавад.

Моддаи 4. Комиссияи марказии интихобот оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон» ташкил карда шавад.

Ташкил ва гузаронидани овоздихии халки (референдум)-ро барои кабул намудани Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистонба зиммаи Комиссияи марказии интихоботи оид ба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон ва комиссияхои интихоботии поёни оидба интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон гузошта шавад.

Хамаи макомоти давлати ва шахсони мансабдор ба комиссияхои оид ба гузаронидани референдум ва интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон ёрии зарури расонанд. Хар гуна амалиётеро, киба татбики хукуки интихоботии шахрвандон мамониат мерасонанд, пешгири намоянд.

Моддаи 5. Харочоти вобаста бо гузаронидани референдум ва интихоботи Президенти Чумхурии Точикистон аз хисоби Бучети чумхури таъмин карда шавад.

Моддаи 6. Мукаррар карда шавад, ки то мавриди амал карор додани Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон хамаи макомоти давлатии Чумхурии Точикистон ваколатхои худро мувофики Конститутсияи (Конуни Асосии) Чумхурии Точикистон амали менамоянд.

Моддаи 7. Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон аз рузи расман нашр шудани он мавриди амал карор дода мешавад. Аз худи хамон руз амали Конститутсияи (Конуни Асосии) Чумхурии Точикистон, ки соли 1978 кабул шудааст, бо хамаи тагйирот ва иловахои ба он дохил кардашуда катъ мегардад.

Моддам 8. Конунхои пештар кабулкардашудаи Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои  хукукии макомоти хокимият ва идораи давлатии Чумхурии Точикистон дар чузъе, ки ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ихтилоф надорад, амали худро хифз мекунанд.Хамаи конунхо ва санадхои мазкури хукуки бояд ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон дар давоми ду соли мавриди амал карор гирифтани он кабул карда шаванд.

Конунхое, ки дар Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон конститутсиони номида шудаанд, бояд баъди як соли мавриди амал карор гирифтани он кабул карда шаванд.

Моддаи 9. Баъди мавриди амал карор гирифтани Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон депутатхои халки Чумхурии Точикистон хукук ва ваколатхои худро то кушода шудани ичлосияи якуми Мачлиси Олии Чумхрии Точикистон хифз мекунанд. Ин мухлат аз мухлати ваколатхои Шурои Олии Чумхурии Точикистон даъвати дувоздахум зиёд буда наметавонад.

То кушода шудани аввалин ичлосияи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Шурои Олии Чумхурии Точикистон даъвати дувоздахум, Раёсати он ва Раиси Шурои Олии Чумхурии Точикистон хамаи ваколатхоеро, ки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ба Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раёсати он ва Раиси Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон медихад, ичро мекунанд.

Президенти Чумхурии Точикистон пеш аз шуруъ намудан ба вазифа дар ичлосияи Шурои Олии Чумхурии Точикистон даъвати дувоздахум савганд ёд мекунад.

Моддаи 10. Шурои Вазирони Чумхурии Точикистон то ташкили Хукумати нав ваколатхои Хукуматро, ки Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, ичро менамояд.

Моддаи 11. Шахсони мансабдор, ки онхоро Шурои Олии Чумхурии Точикистон таъин ё интихоб намудааст, мувофики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон аз нав таъин ё интихоб мешаванд.

Баъди мавриди амал карор гирифтани Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ваколати судяхои судхои Точикистон то интихобот ё таъини нави онхо боки мемонад. Мухлати ин ваколатхо аз шаш мох зиёд буда наметавонад.

Моддаи 12. Шурои депутатхои халки Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, Шурохои депутатхои халки вилоятхо, шахрхо, нохияхо, шахракхо ва кишлокхо, кумитахои ичроияи онхо ваколатхои худро то ташкили макомоти нави махаллии хокимият мувофики Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон ва конунхои мавчуда дар чузъе, ки бо Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон мухолифат надорад, ичро намоянд.

Моддаи 13. Судхои хакамии Чумхурии Точикистон ба судхои Иктисодии Чумхурии Точикистон табдил дода мешаванд.

Моддаи 14. Кумитаи назорати конститутсионии Чумхурии Точкистон то интихоботи Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон амал мекунад.

Моддаи 15. Ин Конун дорои эътибори Конуни конститутсиони мебошад ва аз рузи кабул шуданаш мавриди амал карор мегирад.

Раиси Шурои Олии

Чумхурии Точикистон                                                                                 Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  20 июли соли 1994

№ 974

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …