Искандари румиро пурсиданд: «Диёри Машрику Магриб ба чи гирифти, ки мулуки пешинро хазоин ва умру лашкар беш аз ин будааст ва чунин фатхе муяссар нашуд?»
Гуфто:
– Ба авни худои азза ва чалла хар мамлакатеро, ки гирифтам, раияташ наёзурдам ва номи подшохон чуз ба накуи набурдам.
Бузургаш нахонанд ахли хирад,
Ки номи бузургон ба зишти барад.
***
Ин хама хеч аст чун мебигзарад,
Бахту тахту амру нахю гиру дор
Номи неки рафтагон зоеъ макун,
То бимонад номи некат ёдгор.