Главная / Чамъият / Иншо Кадри Модар

Иншо Кадри Модар

Модар асосотарин ва вокеитарин калима дар хаёти хар як инсон ба шумор меравад ва инсон аз тифли то пири дар хангоми хар мушкили худ ба модар мурочиат мекунад. Хатто дар вакти гоиб будани у низ новобаста аз модар талаби кумак ва иноят мекунад.

kadri-modar

Дар бораи иноят ва мухаббати модар ба фарзанд ва хикмату … у аз кадим хам дар адабиёти бадеи ва хам дар адабиёти шифохии мардум хикояву киссахои таъсирбахш вучуд дорад.

Дар як хикояе омадааст, ки Пиразане нобиное як писар дошт ва уро танхо калон ва тарбият менамуд. Рузе пирсараш бемор шуд ва модар сари болини писари бемораш нишасту аз Худо илтичо менамуд то ба писараш шифо дихад. Ногахон фариштае падид омаду ба модар гуфт:

Аз Худо ба ту як башорат дорам, метвони як орзуи Худро бигуи, ки Худо уро бароварда мекунад.

Модар гуфт: аз Худо орзу дорам, ки ба писари ягонаам шифо бахшад.

Фаришта гуфт: хуб бикр кун, ту чашмони нобино дори, мумкон орзуят дигар бошад.

Модар гуфт: Орзуи ман саломатии писарам аст.

 Писар шифо ёфт ва модар уро бо азобу укубате калон кард то вакте, ки калон шуд модар туи уро барпо намуду уро хонадор кард. Аммо модар медид, ки рузи писараш бо сахтию камбизоати сипари мегашт ва хеч кори хубу мувофике пайдо наменамуд.

Модар хамеша дар фикри писар дилгир мегашт. Рузе ба фикри писар банд буд, ки хмон фаришта падид омаду гуфт:

Модар метавони орзуи худро бигуи, ки ин башоратро аз  Худо бароят овардам:

Модар гуфт: кадри фарзанд баланд будааст ва кош рузи писрам ба хуби бигзарад ва писарам зиндагии хурраме дошта бошад.

Фаришта хайрон шуду гуфт: Модар, ту худатро фикру кадр кун, умратро ба нобинои сипари карди! Ин толеи ту хаст, ки Худованд орзуятро бароварда мекунад, хуб фикр кун!

Модар гуфт: Агар Худо орзуи маро амали созад, орзуям барори умру кору рузгори хуби писарам аст!

Писар сарватманд шуд вале хамсараш харруз бо у чанчол мекарду кадрдони намекард, ки: ман аз  модари курат безор шудаам, ё бо ман зиндаги мекуни ва ё бо модараи курат.

Писар намедонист ин гапро ба модараш чи хел бигуяд. Модар, ки худ ин бахсро шунида буд, гуфт: ки писарам ман мехохам хонаи алохидае дошта бошам, ки бо худам ва дар дунёи торики худам зиндаги кунам ва зиндагии шуморо низ торик насозам.

Писар ба модараш хонаи дигаре хариду модарашро ба он чо бурд ва сари хар вакт аз холи модар хабар мегирифт. Ногох хамон фаришта омаду пурсид:

Эй модар, аз Худо амр шудааст, ки як орзуи худро бигуи, ки у бароварда созад. Модар гуфт: Орзу дорам, ки келинам –зани мушфику мехрубону  шавад то зиндагии писарам хубу умри писарам хуш бигзарад.

Фаришта ба газаб омаду гуфт: Эй зан, ту хастии худатро дар танхоию торики ба  писарат бахшиди, акнун ки у дигар ба ту ниёз надорам, фикри худатро кун ва талаб кун, ки чашмонат равшан шаванд!

Модар гуфт: Чамони ман ва калби ман вакте равшан аст, ки писарам хушхол  бошад. Дар ин вакт орзуи модар бароварда шуд ва аз чашмони фаришта ашк чори шуд ва гуфт:

Эй модар ту мавчуде хасти, ки Худо туро махсус барои фарзанд фиристод ва дар ин вакт як катра ашки фаришта ба дидаи модар чакид ва чашмони у бино шуданд.

Ба ин монанд хикояхои тарбиявию ахлоки дар мавзуъхои эхтиом ба модар, падар, устод, калонсолон дар адабиёти точик зиёд аст, ки онхо барои тарбияи насли чавон дар китобхои дарси ва адаби ба назар мерасанд. Дар адабиёти бадеи низ модар нафакат як шахси мехрубону дилсуз васф шудааст, балки зани часуру далеру диловар тасвир гардидааст. Дар “Шохнома”-и А. Фирдавси часорати занон дар баробари мардон ва хифзи онхо  аз сарзамину ватану давлати худ равшан ба калам оварда шудааст. Дар тули таърих дар шоханшохихои гуногун модарон-маликахо баъди фавти хамсаронашон то калон шудани писари худ мамлакатро идора  мекарданд. Малика Томирис низ хамчун як модар-зани часур ба хотири касди писараш, ки аз чониби Куруши Кабир ба катл расид, сари уро аз танаш чудо намуд.

      Накши модарон дар хаёти ичтимоию сиёсии халкхо ва кишвархо аз бостон то имруз равшан инъикос ёфтааст. Дар адабиёти муосири точик низ модар макоми махсусеро касб кардааст, ки дар осори тамоми шоирон мушохида мегардад. Бештари адибони  точик  хатто “Модарнома”-ба хотири кадру манзалати зан-модар навиштаанд, ки ин дарак аз эхтиром ва макоми баланди модар дар чомеаи мо медихад.

Шеъри Эрач Мирзо –шоири точик, ки барои мухаббату кадри модар гуфта шудааст, имруз сари забони хурду бузург аст:

Писар рав кадри модар дон, ки доим

Кашад ранчи писар бечора модар.

Аз у махбубтар дораш, ки дорад

Туро чун чон ба бар бечора модар.

Матни мазкур Иншои озод дар мавзуи Кадри Модар аст.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

maktub-prezident

МАКТУБ БА  ЧАНОБИ ОЛИ – ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Ба Президенти Чумхурии Точикистон Пешвои миллат – Чаноби оли Мухтарам Эмомали Рахмон аз номи маъюби …