Главная / Биология / Инкишофи хучайрахои чинси (гаметогенез)

Инкишофи хучайрахои чинси (гаметогенез)

Дар гадудхои чинси инкишофи хучайрахои чинси, ки онхоро гамета меноманд, ба амал меояд. Хучайрахои нарина (нутфа) дар наслдон ва модина (хучайратухм) дар тухмдон инкишоф меёбанд. Чудочинси аз нигохи эволютсиони бартари дорад. Чудочинси сохт ва рафтори волидонро махсус гардонида, хамчун омили нави эволютсиони, яъне интихоби чинси ташаккул меёбад ва нисбати наслхои худ гамхори зохир менамояд. Дар ин холат наринахо асосан роли мухофизат ва гизоёбиро бозида, дар мухориба барои ба даст овардани модина иштирок мекунанд. Дар раванди пайдоиш хучайрахои чинси хам дар сперматогенез ва хам дар овогенез даврахои гуногунро аз сар мегузаронанд (расми 6.4).

6-4

Давраи аввалро даври афзоиш номида, дар ин чо хучайрахои ибтидоии чинси бо рохи митози таксим ва микдоран зиёд мешаванд. Дар сперматогенез афзоиши хучайрахои аввалини чинси хеле фаъол буда, аз вакти ба балогатраси огоз меёбад ва дар тамоми давраи наслдихи, яъне вакте ки хайвонот дар афзоиши чинси иштирок дорад, давом мекунад, сипас, тадричан дар дами пири катъ мегардад. Хучайрахои аввалини чинсии модина дар мухрадорони дарачаи паст дар давоми хаёташон инкишоф меёбанд. Дар ширхурон, аз чумла дар одам, ин гуна хучайрахо дар батни модар инкишоф ёфта, нисбатан фаъоланд ва дар холати ороми то пухта расидани хучайрахои чинси махфуз мемонанд.

Давраи дуюм давраи сабзиш аст. Дар гаметахои норасидаи нарина сабзиш чандон ба назар намерасад ва андозаи онхо низ хурд мебошад. Баракс, хучайратухми оянда, ки оосит ном дорад, хачман садхо, хазорхо, баъзан миллионхо маротиба калон мешавад.

Дар баъзе хайвонот оосит бо суръати нихоят тез, масалан, дар давоми чанд руз ё хафта инкишоф меёбад, дар намудхои дигар бошад, давомоти сабзиши он моххо ва солхоро дарбар мегирад. Сабзиши ооситхо аз хисоби моддахое, ки хучайрахои

дигари организмхо пайдо мекунанд, ба амал меояд. Масалан, дар мохихо, обхокихо ва бештар дар хазандагону паррандагон массаи асосии тухмро зарди ташкил мекунад.

Зарди дар чигар дар шакли махлули махсус синтез шуда, ба воситаи хун ба тухм мегузарад. Дар он чо вай ба оосити сабзанда дохил шуда, дар шакли зардии серкабат чамъ мегардад. Fайр аз ин, дар хучайраи чинсии оянда сафедахои гуногун, хамчунин микдори зиёди КРН (наклиёти, рибосоми, ахбори) синтез мешаванд. Зарди дар шакли моддахои гизои (равганхо, сафедахо, ангиштобхо витаминхо ва гайра) буда, барои инкишофи чанин лозиманд. КРН синтези сафедахоро дар давраи огози инкишоф таъмин мекунад, зеро дар ин вакт КРН-а худ хануз ба фаъолият шуруъ накардааст. Давраи дигар ё сеюм, давраи пухтараси ё мейози аст, ки дар расми 6.5 нишон дода шудааст. Хучайрае, ки ба давраи балогат шуруъ мекунад, дастаи хромосомааш диплоиди буда, микдори КДН дучанд гардидааст (2п,4с).

Дар раванди афзоиши чинси организмхои хар намуд дар наслхои худ микдори муайяни хромосомахои хосро нигох медоранд. Ин холат дар натичаи таксимшавии мейози ба амал меояд, чунки дар рафти пухта расидани хучайрахои чинси микдори хромосомахо кам (редуксия) ва аз хучайраи дастаи диплоиди (2n) хучайраи гаплоиди (1n) пайдо мешавад. Баъди бордоршави, яъне омехташавии хучайрахои чинси, дастаи хромосомахо боз микдори пешинаи худро пайдо мекунанд (2n).

Конуниятхои чараёни мейоз дар хучайрахои чинсии нарина ва модина мохиятан монанданд. Бинобар ин, аввал конуниятхои умумии мейоз ва сипас, чихатхои фарккунандаи сперматогенез ва оогенезро дида мебароем. Мохияти мейоз аз он иборат аст, ки хар як хучайраи чинси нисфи хромосомахоро мегирад, яъне дастаи хромосомахо гаплоиди (ток) аст.

Аз тарафи дигар, мейоз даврае мебошад, ки омезиш (комбинатсия)-и нави генхо дар натичаи якчояшавии хромосомахои волидон ба амал меояд. Ба таври дигар гуем, дар мейоз омезиши хиссачахои ирси хамчунин дар натичаи ивазшави (доду гирифт)-и хромосомахои гомологи ба амалмеояд. Мейоз ду давраи таксимшавии пайихамро дарбар мегирад, ки кариб дар байни онхо фосила нест. Мейоз хамчун митоз чор мархила – профаза, метафаза, анафоза ва телофазаро аз сар мегузаронад.

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …