Главная / Гуногун / Инкилоби Синхай дар Чин

Инкилоби Синхай дар Чин

9 майи соли 1911 дарбори Теин дар бораи сохтмони роххои охани нав фармон баровард. Баъди якчанд руз-20 майи соли 1911 байни хукумати Чин ва консорсиуми байналхалки, ки ба он банкхои Англия, Фаронса, Германия ва ИМА дохил буданд, барои сохтани рохи охани Ханкоу – Гуанчжоу ва Ханкоу – Сичуан ба маблаги зиёда аз 6 млн ф.ст. вомбарг созишнома ба имзо расонд, ки он сабабгори асосии тобистони хамон сол дар Чин вусъат ёфтани харакати инкилоби мегардад. Соли 1911 ин инкилоб ба худ номн “Синхай”-ро гирифтааст.

6 сентябри соли 1911 дар Чэнду, вокеъ дар музофоти Сичуан сипохиёни манчури ба суи мардуми чамъшуда оташ кушоданд. Ин вокеа косаи сабри мардумро лабрез кард.

xinhai-revolution

Бегохии 10 октябри соли 1911 дар зери рохбарии узви созмони инкилоби сержант Сюн Бинкун аскарони баталиони сапёрхо дар Учан шуриш бардоштанд. Ба онхо полкхои дигари гарнизони ин шахр низ хамрох шуданд. Шабона сипохиёни аскарон исёнбардоштаи шахри Учан ситоди императорро ишгол карда, амалдорони манчури аз шахр фирор карда, дар сохили Янг пинхон шуданд. Рузи дигар аъзои созмонхои инкилоби бо хамрохии Кумитаи маслихатии музофот карор карданд, ки ба хукумати инкилобии Хубэй фармондехи артиши омехтаи Учан Ли Юанъхун таънин карда шавад.

Дар мачлиси инкилобчиён ва аъзои ассамблеяи маслихатии музофот карор кабул карда шуд, ки минбаъд мамлакат Чумхурии Чини панч миллат – чиноихо, манчурхо, мугулхо, дунганхо ва тибетихо номида шавад. Хукумати нав карор кард, ки оиди хамаи чиноятхои содиркардаи сулолаи Теин эъломия нашр кунад. Дар ин эъломия гуфта мешуд, ки хамаи музофотхои Чин ва аскарони сипохи император ба тарафи инкилоб гузаранд. Дар нотаи аз номи хукумати инкилоби ба консулхои давлатхои хоричии дар Ханкоубуда фиристодашуда зикр шуда, ки шартхои созишномахои бо давлатхои хоричи бастаи хукумати Теин эътибор доранд. Иштирокчиёни инкилоб бо нияти аз зери зулми манчурхо озодшави кокулхои худро тарошиданд.

Баъди галабаи инкилоб бар Учан ва эълони истиклолияти Чин дар давоми моххои октябр – ноябри соли 1911 боз 14 музофоти империяи Теин хокимияти манчурхоро бархам заданд. То охири соли 1911 аз 18 музофот танхо 3 музофот (Чжили, Хэнан ва Ганьсу) бо ном хукумати Тсинро эътироф мекарданду халос.

29 декабри соли 1911 вакилони аз музофотхо омада дар Нанкин Сун Ятсенро, ки якчанд руз пештар аз мухочирати дуру дароз баргашта буд, президенти муваккатии Чин интихоб карданд.

Дар ин давра нерухои аксулинкилоб фаъол шуданд. Рохбари онхо Юан Ши-кай буд. Дарбори император 3 ноябри соли 1911 барои начоти мутлакият конститутсияро эълон ва хукумати манчуриро пароканда карда, ба Юан Ши-кай супориш медихад, ки хукумати навро ташкил кунад.

Юан Ши-Кай дар вазифаи нахуствазир тамоми нерухои харби ва чонибдорони худро муттахид намуда, аз чониби император бар зидди инкилоб ба хучум мегузарад. 27 ноябр нерухои зиддиинкилоби дар зери рохбарии Юан Ши-Кай Ханъянро мегиранд. Кисме аз рохбарони чумхуриятхохон таклиф карданд, ки бо Юан Ши-Кай сулх баста шавад. 17 декабри соли 1911 дар шахри Шанхай байни онхо гуфтушунид cap шуд. Ба ин гуфтушунид мамлакатхои империалисти – Англия, Фаронса, Германия, Чопон, Русия ва ИМА дахолат карданд. Онхо аз тарафхо ба хамдигар гузашт карданро такозо карданд, то ки инкилоби Синхай шикаст дода шавад.

1 январи соли 1912 Сун Ятсен ба ичрои вазифаи президенти муваккатии Чумхурии Чин шуруъ кард. У дар эъломияи президентии худ гуфт, ки бо бархам хурдани мутлакияти Теин, у хам аз вазифаи президентии муваккатии Чин даст мекашад.

Юан Ши-Кай ба дарбори Теин фишор меовард, то ки сулолаи Теин аз хокимияти Чин даст кашад. Дар ин сурат хокимияти Чин ба дасти у мегузашт. Император Теи Си дигар дар байни халк ягон такягохе надошт. Барои хамин 12 феврали соли 1912 ба “Манифест дар бораи дасткаши аз хокимият” имзо гузошт. Бо хамин мутлакияти Теин аз байн рафт.

Баъди ин 1 апрели соли 1912 Сун Ятсен расман эълон кард, ки ба истеъфо меравад. Вазифаи президенти ба дасти Юан Ши-Кай гузашт. Хамин тавр инкилоби Синхай шикаст хурд. Юан Ши-Кай Дар Чин диктатураи худро барпо намуд.

Сарфи назар аз камбудию нокомихояш инкилоби Синхай ахамияти калони таърихи дошт. Якум, он ба хукмронии сулолаи манчурхо дар Чин хотима гузошт. Дуюм, Синхай оммахои васеъи ахолии Чинро ба мубориза барои чомеаи демократи бедор кард. Сеюм, гояхои истиклолиятхохиро дар байни халк пахн намуд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …