Главная / Гуногун / Инкилоби Эрон. Харакати демократи

Инкилоби Эрон. Харакати демократи

Тезутундшавии мухолифатхои дохилии ичтимои, зиддиятхо дар байни империалистони хоричи ва нерухои миллии Эрон ва инкилоби буржуазию демократии Русия ба рушди харакати инкилоби дар Эрон сабабгор шуданд.

Мохи декабри соли 1905 дар Техрон бар зидди суистеъмолкунии хукумати шох намоиши оммави руй дод ва дар масчиди Шох Абдулазим бест ба амал омад. Намоишчиён истеъфои нахуствазири иртичои Айнуддавла, Науси белгияги ва ташкили “адолатхона”-ро талаб мекарданд. Шох ваъда дод, ки ин талабхоро конеъ хохад кард. Дар баробари ваъда у ба таъкиботи намоишчиён рох дод. Мардум чавобан ба ин риёкории шох корпартоии умуми эълон кард. Бозорхо ва дуконхо баста шуданд. Якчанд хазор нафар одамон дар боги намояндагии англиси бест эълон карданд. Гурухи калони рухониён аз Техрон ба шахри Кум рафта, аз шох талаб карданд, ки Айнуддавларо ба истеъфо гусел намояд, конститутсияро чори кунад ва ба Мачлис (парламенти Эрон) интихобот гузаронад. Харакати инкилоби Табрез, Исфахон, Шероз ва шахрхои дигари мамлакатро хам фаро гирифт. Дар шароити баамаломада Музаффариддиншох мачбур шуд, ки гузашт кунад. 29 июли соли 1906 Айнуддавла ба истеъфо рафт, ба чои у шахси нисбатан озодандешгар Насруллохои Мушируддавла нахуствазир таънин гардид. 5 август дар бораи чори карда шудани Конуни асосии Эрон фармони шох эълон гардид. Баъди ин корпартоию намоишхо катъ гардиданд. Вале бо вучуди ин Нерухои иртичои ба чори карда шудани конститутсияи ваъдакардаи шох халал мерасониданд. Аз хамин сабаб шох низомномаи интихоботиро тасдик накард. Ин рафтори иртичопарастон ва шох мавчи нави кахру газаби халкро ба вучуд овард. Дар зери фишори оммаи халк Музаффариддиншох окибат мачбур шуд, ки низомномаи интихобот ба Мачлисро тасдик намояд. Он аз руи системаи табакави (6 табака шохзодагон ва кочорхо, рухониён, ашрофони феодали, точирон, заминдорон ва кишоварзон, косибон) интихоботи дузинагиро дар назар дошт.

250px-tabrizrevolutionaries

7 октябри соли 1906 чаласаи нахустини Мачлиси Аввал баргузор гардид. Моххои октябр – декабр Мачлис карорхои кобили таваччухи оммаро кабул кард. Аз он чумла оид ба мукаррар намудани нарххои нихои ба чои раддияи карордод дар бораи вомбарги нави хоричи ва ташкили Бонки миллии Эрон карорхо кабул кард. Дар як вакт Мачлис ба тахияи Конуни асоси машгул шуд. 30 декабри соли 1906 Музаффариддиншох Конуни асосиро тасдик намуд, ки он кисми аввали Конуни асосии Эронро ташкил мекард. Дар он хукук ва ваколатхои Мачлис ифода ёфта буданд. Мувофики Конуни асоси хокимияти шох тавассути Мачлис махдуд карда мешуд. Дар назар дошта шуда буд, ки дар баробари палатаи поёни Мачлис, палатаи болои Сенат низ ташкил карда шавад. Вале ин фикр танхо дар болои когаз монд.

7 январи соли 1907 Музаффариддиншох вафот мекунад ва ба чои у ба тахти подшохии Эрон писари рухияи ифротидоштааш – Мухаммадалишох менишинад. Шохи нав душмании худро нисбати харакати демократи ва Мачлис ошкоро ифода намуда, нерухои харбиро бар зидди музаффариятхои инкилоб чамъ кард. Ин кори Мухаммадалишох дар Техрон, Рашт, Исфахон ва шахрхои дигари Эрон харакати оммавии эътирозиро ба вучуд овард. Дар ин шароит иртичопешагон ва шох мачбур шуданд, ки акибнишини карда, талаботи Мачлис дар бораи истеъфои Наус ва Примаи белгиягиро кабул кунанд ва тавассути амри махсуси шох бори дигар ризоияти худро дар бобати дар Эрон чори карда шудани конститутсия тасдик намоянд.

Бо кабули Конуни асоси ва вокеахои январ – феврали соли 1907 давраи аввали инкилоби Эрон ба охир расид. Давраи дуюми он ба болоравии эътирози омма бар зидди зулм ва суистеъмолкунии хукуматдорони иртичои огоз меёбад. Дар натичаи ин шох мачбур мешавад, ки генерал-губернатори иртичопешаи Исфахон, амаки худ Зиллассултонро аз вазифааш сабукдуш кунад. Мохи апрели соли 1907 аз Табрез сарвари рухониёни мучохид Мирзо Хасан, ки ба тарафи иртичопешагон гузашта буд, ронда шуд. Инчунин бойкоти молхои хоричи низ огоз ёфт. Харакати зиддианглиси хусусан дар чануби мамлакат, аз он чумла, дар Исфахон,Шероз, Бушир ва баъзе шахрхои дигар ба амал омада, ба задухурд мубаддал гашт.

Дар хама чо анчуманхо созмон меёфтанд. Дар баъзе шахрхо анчуманхо ба хукуматхои махаллии шохи назорат чори намуда, вазифахои додгохро низ адо мекарданд, ба нон нарх мегузоштанд ва кироатхонаю мактабхо мекушоданд. Дар шимол ва минтакахои дигари мамлакат созмонхои пинхонкори мучохидон ташкил меёфтанд, ки ба онхо косибон, точирон, заминдорони хурд, коргарон ва кишоварзон дохил мешуданд. Барномахои онхо чори карда шудани хукуки ннтихоботи умумии бевосита, баробар ва махфи, озодии сухан, чамъиятхо, корпартоихо, мусодираи заминхои шох, харида гирифтани заминхои хонхо ва таксими онхо дар байни кишоварзон, рузи кории 8-соата ва таълими умумии хатмии бепулро дар назар доштанд.

Соли 1907 дар зери таъсири чамоатчигии демократи Мачлис карор кард, ки нафакаи феодали кам ва унвонхои феодали бекор карда шаванд. Мачлис инчунин конуни мубориза бар зидди ришвахурию ханноти, конун дар бораи анчуманхои музофотхо ва вилоятхо ва баъзе конуну карорхои мохияти демократидоштаи дигарро низ кабул кард.

Шох умед дошт, ки дар хайати чонибдорони конститутсия чудои ба амал хохад омад. Хаминро ба хисоб гирифта, соли 1907 нерухои худро ба хучуми зидди Мачлис тайёр кард, барои ин кор у аз хорича Аминуссултон ном иртичопешаро даъват карда, ба чои Мушируддавла нахуствазир таъйин намуд. Бахор ва тобистони соли 1907 дар Арак (Султонобод), Кум, Карадог, Техрон ва Шероз бар зидди харакати демократи баромадхои феодалхои иртичои ба амал омаданд, мохи майи соли 1907 шох аз имзо гузоштан ба иловахо ба Конуни асоси саркаши кард. Ин рафтори шох дар Техрон намоиши оммави ва дар Табрез корпартоии умумиро ба вучуд овард. Баъди ин дар зери фишори харакати халки 7 октябри соли 1907 шох иловахоро ба конститутсия, ки кисми нисбатан мухими Конститутсияи Эрон буданд, имзо кард. Иловахо ба конститутсия озодихо ва дигаргунихои дигари демократиро дар Эрон дар назар доштанд. Баробарии мардум дар назди конун, дахлнопазирии шахси ба моликият, озодии сухан, матбуот, чамъомадхо, мачлисхо, принсипи таксимоти хокимият дар байни макомоти ичроия, конунгузор ва додгох аз чумлаи онхоанд. Конститутсия ба шох хукукхои васеъ дод: озоди ва чавобгари, сарфармондехи куввахои мусаллах, эълони чанг ва бастани сулх, таъйин ва ба истеъфо гуселонидани вазирон ва гайра. Конститутсия исломро хамчун дини давлати мукаррар намуд. Аз хисоби рухониёни олимартабаи исломи иборат аз 5 нафар хайати махсус ташкил карда шуд. Он хукук дошт, ки ба ислом мувофик будан ва ё набудани конуну карорхоеро, ки ба Мачлис пешниход мешаванд, муайян кунад.

Баъди кабули иловахо ба Конститутсия аз инкилоб дуршавии як кисми озодандешон ва бо иртичопешагон наздикшавии онхо cap шуд. Мувофики фахмиши ин ашхос акнун максадхои инкилоб ичро шуданд. Барои хамин аз идомаи он даст кашидан лозим аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …