Главная / Чамъият / Индексатсияи даромади ахоли бо назардошти нарххои молхои истеъмоли ва хизматрасони

Индексатсияи даромади ахоли бо назардошти нарххои молхои истеъмоли ва хизматрасони

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи индексатсияи даромади ахоли бо назардошти нарххои молхои истеъмоли ва хизматрасони

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1994, № 1, мод. 22; Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли  1997, № 9, мод. 117)

Ин Конун асосхои ташкилию хукуки ва иктисодии индексатсияи даромад ва пасандозхои пулии шахрвандони Чумхурии Точикистонро бинобар болоравии нарххои молхои истеъмоли ва хизматрасони муайян менамояд.

ФАСЛИ I

КОИДАХОИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхуми индексатсияи даромади ахоли

Индексатсияи даромади ахоли (минбаъд индексатсия номида мешавад) механизми зиёд кардани даромад ва пасандозхои пулии шахрвандон буда, он барои кисман ё пурра чуброн намудани болоравии нарххои молхои истеъмоли ва хиз­матрасони имкон медихад.

tanga-pul

Индексатсия чузъи системаи умумидавлатии химояи ичтимоии шахрвандон мебошад ва барои нигох доштани кудрати харидории даромад ва пасандозхои пу­лии онхо, хусусан табакахои камбизоати ахоли: нафакахурон, маъюбон ва оилахои серфарзанд, инчунин чавонони тахсилкунанда нигаронида шудааст.

Индексатсия метавонад бо дигар усулхои танзими давлатии даромади ахоли (аз нав дида баромадани музди мехнат, андозаи нафака, ёрдампулихои ичтимои ва гайра) тавъам гардад ва дар баъзе мавридхо онхоро иваз намояд.

Тагйироте, ки ба механизми нигахдории кудрати харидории даромади ахоли дохил карда мешавад, аз тарафи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон хангоми тасдики Конун дар бораи Бучети давлати барои соли дахлдор мавриди барраси карор мегирад.

Моддаи 2. Объектхои индексатсия

Даромаде, ки шахрвандон онро бо асъори милли дар каламрави Чумхурии Точикистон мегиранд ва он хусусияти якдафъаги надорад: нафакаи давлати, ёрдампулии ичтимои (ба оилахои кудакдор, бинобар бекори, корношоямии муваккати ва гайра), стипендия, музди мехнат (маош, мохона), маблаги чуброни зиёне, ки бинобар маъюби ё дигар хел иллатманд шудани саломати хангоми ичрои ухдадорихои мехнати сурат гирифтааст.

Даромади пулии шахрвандон, ки аз додани амвол ба ичора, аз сахмияхо ва дигар когазхои киматнок (ба истиснои когазхои киматноки давлати), ташкили хочагии дехкони (фермери) ё хочагии ёрирасони шахси, сохибкори ё дигар фаъолият, хамчун манбаи даромади пули аз моликият, ба даст омадааст, мавриди ин­дексатсия карор намегирад.

Ба ахоли чуброн намудани зиёне, ки аз бекурбшавии пасандозхои дар муассисахои Бонки амонатии Чумхурии Точикистон, бонкхои дигар, инчунин дар сер­тификатхои ин бонкхо, ухдадорихои бонкии давлати, вомбарги бурдноки дохилии давлати гузошташуда ва инчунин пулхои ба ташкилотхои сугуртаи давлати додашуда расидааст, бо рохи тагйир додани фоизи меъёрхо ба тартибе, ки Конун бо назардошти индекси нарххо мукаррар кардааст, сурат мегирад.

Моддаи 3. Муайян кардани андозаи индексатсияи даромади пули

Андозаи индексатсияи даромади пули бо рохи зарб задани хачми даромади мавриди индексатсия ва индекси нарххои молхои истеъмоли муайян карда мешавад. Зимнан, дар ин кор аз коэффисиентхо, чадвали киёси ва меъёрхои дигари муайянкунандаи кафолатхои хадди акаллии индексатсия дар чумхури, ки бо Карори Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд, инчу­нин шарту шароите, ки дар мувофикатномахои коллективии байни моликон ё намояндагони онхо аз як тараф ва иттифокхои касаба – намояндагони манфиатхои мехнаткашон аз тарафи дигар, зикр ёфтаанд, истифода бурдан мумкин аст.

Дар минтакахое, ки ба музди мехнат, нафака ва ёрдампули коэффисиентхо мукаррар карда шудаанд, индексатсияи даромад бо назардошти ин коэффисиентхо муайян карда мешавад.

Моддаи 4. Индекси нарххои молхои истеъмоли

Индекси нарххои молхои истеъмоли аз руи методологияи ягона ба тартибе, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, дар асоси интихоби мачмуи муайяни молхо ва хизматрасони, ки барои хисобу китоби хадди акаллии бучети истеъмоли дар чумхури кабул гардидааст, хисоб карда мешавад.

Назорат ба тагйироти нарххои молхои истеъмоли аз тарафи хидмати давлатии бакайдгирии нарххо, ки дар Агенти давлатии омори назди Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба эхсоия ташкил карда мешавад ва макомоти он дар махалхо сурат мегирад.

Моддаи 5. Тартиб ва андозаи индексатсияи даромади ахоли

Тартиб ва андозаи индексатсияи даромади пулии ахолиро инхо муайян мекунанд:

нисбати нафакахои давлати, ёрдампулихои ичтимои, стипендия, маблаги чуброни зиёни расондашуда ё дигар иллатмандии саломати, ки бо ичрои ухдадорихои мехнати вобаста аст, – Хукумати Чумхурии Точикистон;

нисбати музди мехнати (маош, мохонаи) кормандони корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки дар хисоби хочаги мебошанд – корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо мустакилона дар асоси мувофикатномахо ва шартномахои коллективи;

нисбати музди мехнати (маоши, мохонаи) кормандони корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои давлати, ки дар бучети чумхури мебошанд, – Хукумати Чумхурии Точикистон;

нисбати маош ва нафакахои давлатии хизматчиёни харби, шахсони хайати рохбари ва катории макомоти корхои дохили, Вазорати амнияти Чумхурии Точикистон, Вазорати молияи Чумхурии Точикистон, – Хукумати Чумхурии Точикистон;

нисбати музди мехнати (маоши, мохонаи) коркунони иттиходияхои чамъияти, – иттиходияи чамъияти мустакилона;

нисбати музди мехнати хайати махсуси Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон, –  Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон;

нисбати дигар намудхои даромади ахоли индексатсия ба тартибе, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, сурат мегирад.

Меъёри фоизи пасандозхои пули ва сертификатхое, ки дар Бонки амонати ва дигар бонкхои Чумхурии Точикистон нигох дошта мешаванд, аз тарафи ин бонкхо ва бо мувофикаи Бонки миллии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Меъёрхои фоизи когазхои киматноки Чумхурии Точикистон аз тарафи Вазорати иктисодиёт ва молияи Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Аз тарафи ташкилотхои сугуртаи давлатии Чумхурии Точикистон ба ахоли додани маблаги сугурта, нафакаи сугурта ва ёрдампулихо аз руи шартномахои сугуртаи дарозмухлат мутаносибан тавассути ташкилотхои дахлдори сугурта мукаррар карда мешавад.

Моддаи 6. Асосхо барои индексатсия

Индексатсияи даромадхои пули дар сурати мавчудияти шарту шароите, ки бо Карори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ё мувофикатномахо ва шартномахои коллективи мукаррар карда шудааст, сурат мегирад.

Ин шарту шароит чунин аст:

  1. Хадди индексатсия – хачми афзоиши нарххои молхои истеъмоли (аз руи мачмуи муайяни молхо ва хизматрасони) дар моддаи 4 ин конун пешбини шуда, ки зиёд шудани он барои индексатсия асос шуда метавонад;
  2. Давраи индексатсия – замони муайяни индексатсия (як маротиба дар сол, нимсола, семоха).

Хадди индексатсия ва тартиби татбики он ва давраи индексатсия дар асоси Карори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, мувофикатномахо ва шартномахои коллективи мукаррар карда мешавад. Ба нисбати индексатсия зиёд шудани даромади пулии шахрвандон баъд аз як мохи расман нашр шудани индекси нарххои молхои истеъмоли сурат мегирад.

Моддаи 7. Манбаъхои маблаг барои индексатсия

Манбаъхои маблаг барои индексатсия инхо мебошанд:

оид ба нафакахо ва ёрдампули – фонди нафакаи Чумхурии Точикистон, Фонди сугуртаи ичтимоии Чумхурии Точикистон, Фонди хифзи ичтимоии ахоли ва дигар фондхои махсус, инчунин воситахое, ки бо таъиноти максаднок аз бучетхои чумхури ва махалли чудо карда мешаванд;

оиди чуброни зиёне, ки бо маъюби ё дигар хел иллатманд шудани саломати вобаста ба ичрои ухдадорихои мехнати, аз воситахо истифода бурда мешавад, ки пардохти музди мехнати ин коркунон аз он сурат мегирад;

оиди стипендияхо – аз маблаги бучет, ки аз хисоби он стипендия дода ме­шавад, инчунин аз пули корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое сурат мегирад, ки хонандагонро (коркунонро) ба тахсил фиристодаанд;

оиди пардохти музди мехнати (маоши, мохонаи) коркунони корхонахо, ташкилотхое, ки дар хисоби хочаги мебошанд, – аз воситахои худи корхона ва ташкилотхо;

оиди пардохти музди мехнати (маоши, мохонаи) коркунони корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое ки фаъолияти худро дар асоси маблаги бучет (тандурусти, маорифи халк, фарханг, илм ва гайра) инчунин оиди маоши хизматчиёни харби, хайати рохбари ва катории макомоти корхои дохили, Вазорати амнияти Чумхурии Точикистон, Вазорати мудофиаи Чумхурии Точикистон – аз бучети чумхури ва бучетхои дахлдори махалли;

оиди пардохти музди мехнати (маоши, мохонаи) кормандони муассисахо ва ташкилотхои тибби, солимгардони, муассисахои томактабии кудакон; спорт, тарбияи фарханги, ки дар баланси корхонахо, ташкилотхо ва иттифокхои касаба ме­бошанд, аз хисоби воситахои корхонахо, ташкилотхо ва иттифокхои касабаи дахлдор ва бучети махалли, – чудо кардани маблаги аз бучетхои дахлдор чудо кардашаванда;

оид ба пардохти музди мехнати (маоши, мохонаи) коркунони иттиходияхои чамъияти -бучети ин иттиходияхо, инчунин манбаъхои дигар мувофики конуни мавчуда;

оид ба пасандозхои ахоли дар бонки Чумхурии Точикистон, бонкхои дигар, инчунин сертификатхои онхо – даромади ин бонкхо;

оиди когазхои киматноки давлатии Чумхурии Точикистон маблаги аз бучети чумхури чудо кардашаванда;

оид ба пардохтхо ба ташкилотхои сугуртаи давлатии Чумхурии Точикистон аз афзоиши меъёрхои фоизи аз руи маблагхое, ки дар хисоби ин фондхо гузошта шудаанд.

Моддаи 8. Конунхо дар бораи индексатсия

Афзоиши даромади пулии ахоли, ки бинобар индексатсия сурат мегирад, бо ин Конун, инчунин дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, ки мутобики конуни мазкур бароварда мешаванд, ки бо каророи хокимияти Вилояти Автономии Бадахшони Кухи, вилоятхо, шахрхо ва нохияхои Чумхурии Точикистон танзим мегардад.

ФАСЛИ II

КАФОЛАТХОИ ИЧТИМОИ  

Моддаи 9. Кафолатхои давлати барои татбики хукуки шахрвандон ба ин­дексатсия

Давлат ба шахрвандоне, ки нафакаи давлати, ёрдампулихои махсус, стипен­дия, маблаги чуброни зиёни аз маъюби ё дигар иллатмандии саломати, ки бо ичрои ухдадорихои мехнати вобаста мебошад, афзоиши даромади пулии онхоро би­нобар индексатсия дар хачм ва тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунад, кафолат медихад.

Бо Карори Хукумати чумхури Агенти давлатии омори назди Хукумати Чумхурии Точикистон нашри саривактии маълумотро дар бораи индекси нарххои молхои истеъмоли, хадди индексатсия, давра ва дигар шарту шароити асосии индексатсия таъмин менамояд.

Моддаи 10. Аз нав дида баромадани андозаи даромаде, ки бояд индексатсия шавад

Андозаи пардохти музди мехнат (маош, мохона) нафакахои давлати, ёрдампулихои ичтимои, стипендия ва дигар даромадхои пули ба тартибе, ки бинобар индексатсияи онхо дар давраи гузашта мукаррар карда шудааст, зиёд мегардад.

Ба максади рох надодан ба гирифта шудани як кисми даромади ахоли, ки бинобар индексатсия сурат гирифтааст, андозаи даромади хадди акал, ки мавриди андоз карор намегирад, ба тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, аз нав дида баромада мешавад.

ФАСЛИ III

НАЗОРАТ ВА ЧАВОБГАРИ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ КОНУНХО ДАР БОРАИ ИНДЕКСАТСИЯИ ДАРОМАДИ АХОЛИ

  Моддаи 11. Макомоте, ки ба риояи Конунхо дар бораи индексатсия назорат мекунанд

Назорат ба риояи конунхо дар бораи индексатсияи даромади ахоли аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон, макомоти хокимияти ичроияи дар махалхо ва инчунин аз тарафи иттифокхои касаба ва иттиходияхои онхо, иттифокхои сохибкорон ва иттиходияхои онхо сурат мегирад.

Моддаи 12. Чавобгари барои вайрон кардани конунхо дар бораи индексатсия

Шахсоне, ки барои вайрон кардани Конун дар бораи индексатсияи даромади ахоли гуннахкор мебошанд, ба чавобгарии маъмури ё чинои кашида мешаванд.

Раиси Шурои Олии

Чумхурии Точикистон                                                Э. РАХМОНОВ

шахри Душанбе  27 декабри соли 1993

№ 891

КАРОРИ ШУРОИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Дар бораи тартиби татбики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи индексатсияи даромади ахоли бо назардошти болоравии нарххои молхои истеъмоли ва хизматрасони»

(Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон соли 1994, №1, мод.23)

Шурои Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи индексатсияи даромади ахоли бо назардошти болоравии нарххои молхои истеъмоли ва хизматрасони» аз 1 ап­рели соли 1994 мавриди амал карор дода шавад.
  2. Шурои Вазирони Чумхурии Точикистон:

Тартиб ва шарту шароити индексатсияи даромади ахолиро муайян намуда, соле на камтар аз 1 маротиба дар бораи тагйироти кисми даромади ахоли, ки бояд индексатсия шавад, ба Шурои Олии Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход кунад;

тартиби аз нав дида баромадани меъёрхои харочоти пулро барои хизматрасонии ичтимоии ахоли дар муассисахои табобатию профилактики, интернатхо, мактабхо, муассисахои таълимии касби-техники, миёнаи махсус ва оли, хонахои-махсуси пиронсолон ва маъюбон, муассисахои томактаби ва дигар муассисахои сохаи ичтимои, ки аз хисоби бучетхои дахлдор таъмин карда мешаванд, бо назардошти пурра чуброн намудани афзоиши харочот бинобар болоравии нарххои молхои истеъмоли ва хизматрасони муайян карда шавад;

дар муддати 2 мох оид ба индексатсия намудани даромади пулии ахоли низомнома тахия намояд;

фехристи молхои истеъмоли ва хизматрасониро, ки зарурати якрузаи зиндаги хисоб мешаванд, тасдик намояд ва онро мутобики тагйирёбии нарххои молхои истеъмоли ва хизматрасони тахти мушохида карор дихад;

дар муддати 2 мох тартиб ва шарту шароити ёрирасониро дар бобати ин­дексатсияи даромади корхонахое, ки аз руи нарххо ва тарифхои муайян махсулот ва хизматрасони пешкаш мекунанд, инчунин корхонахои махсусгардонидашуда, ки мехнати маъюбонро истифода мебаранд ва чамъияти маъюбон мувофики Конун муайян кунад;

то 1 июли соли 1994 ба Шурои Олии Чумхурии Точикистон дар хусуси ба Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи индексатсияи даромади ахоли бо на­зардошти болоравии нарххои молхои истеъмоли ва хизматрасони» мутобик сохтани конунхои Чумхурии Точикистон таклифхо пешниход намояд;

Карорхои Хукумати Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии идори низ ба ин Конун мутобик кунонида шаванд.

Раиси Шурои Олии

Чумхурии Точикистон                                                      Э. РАХМОНОВ

шахри Душанбе 27 декабри соли 1993

№ 892

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …