Главная / Чамъият / Имтиёзхои андози

Имтиёзхои андози

Моддаи 104-и Кодекси Андоз. Имтиёзхои андози

Аз намудхои зерини даромадхои шахсони вокеи андоз аз даромад гирифта намешавад:

1) Даромад аз фаъолияти расмии дипломати (консули) ва фаъолияти ба он баробаркардашудаи шахсе, ки шахрванди Чумхурии Точикистон намебошад, дар Чумхурии Точикистон ва берун аз худуди Чумхурии Точикистон.

2) Арзиши молу мулк дар шаклхои асли (натурали) ва (ё) пули, ки аз шахсони вокеи хамчун мерос ё тухфа гирифта шудаанд, ба истиснои даромадхое, ки аз хисоби ин молу мулк гирифта шудаанд, аз чумла маблагхое, ки ба ворисони (ворисони хукукии) муаллифони асархои илми, адаби, санъат, инчунин барои кашшофи, ихтироъкори ва намунахои саноати пардохт мешаванд.

3) Арзиши тухфахои аз шахсони хукуки гирифташуда, инчунин чоизахои (бурдхои) дар озмунхо ва мусобикахо гирифташуда, аз чумла дар шакли пули, ки агар:

а) арзиши тухфахои аз шахсони хукуки гирифташуда, ки аз 100 нишондиханда барои хисобхо дар як сол зиёд нест;

б) арзиши чоизахои (бурдхои) дар намоишхо ва мусобикахои байналмилали гирифташуда, ки аз 500 нишондиханда барои хисобхо дар як сол зиёд нест;

в) арзиши чоизахои (бурдхои) дар озмунхо ва мусобикахои чумхурияви гирифташуда, ки аз 100 нишондиханда барои хисобхо дар як сол зиёд нест.

4) Нафакахои давлати васугуртави стипендияхои давлати, ёрдампулихои давлати ва чубронпулихои давлати.

5) Алиментхо аз шахсоне, ки онро мегиранд, маблагхое, ки барои супоридани хун, шири модари ва дигар кумакхои ба донорхо додашаванда.

6) Пардохтхои якдафъаина ва кумаки модди аз хисоби бучет, ки мутобики санадхои меъёрии хукуки дода мешаванд, маблагхои аз чониби корфармо ба шахси вокеи – резидент пардохтшавандаи харочоти сафархои хизмати аз руи меъёрхои мукарраршуда, маблаги чуброни харочоти сафархои хизматии аз чониби ташкилотхои байналмилали ва муассисахои онхо, фондхо, ташкилотхои гайридавлати – гайрирезидент аз хисоби маблагхои ин шахсони дар боло номбаршуда, инчунин кумаки башардустона (гуманитари) ва кумаки эхсонкори, аз чумла хангоми офатхои табии.

7) Афзоиши арзиш хангоми фуруш ё дигар шакли бегона кардани:

а) бинохои (хучрахои) истикомати, ки на кам аз 3 сол чойи зисти (истикомати) асосии андозсупоранда то бегона кардан карор дошта бошанд;

б) дигар объектхои гайриманкул (ба истиснои объектхои гайриманкули барои максадхои сохибкори истифодашаванда), ки на кам аз 2 сол то санаи бегона кардан дар моликияти андозсупоранда карор дошта бошанд (КЧТ аз 18.03.15с., №1188).

8) Афзоиши арзиш аз фуруш ё дигар шакли бегона кардани молу мулки манкул, ба истиснои:

а) молу мулке, ки аз чониби андозсупоранда барои фаъолияти сохибкори истифода бурда мешавад;

б) воситахои наклиёти механики ва ядакхо, ки бояд ба кайди давлати гирифта шаванд ва на камтар аз як сол то санаи бегона кардан дар моликияти андозсупоранда карор дошта бошанд;

в) фурухтан, додан, гузашт кардан ва дигар намуди бегонакунии сахмияхо ва хиссахои иштирок дар сармояи оинномавии корхонахо (КЧТ аз 18.03.15с., №1188);

г) моликияти киматноки таърихи (антиквариат).

9) Маблаги чоизахо ва мукофотхои давлатии Чумхурии Точикистон.

10) Пардохтхои сугуртавие, ки тибки шартномахои дорои хусусиятхои чамъшаванда ва баргардонидашаванда дар доираи маблагхои аз чониби шахси вокеи ба хисоби чунин шартномахо пардохтшуда ва пардохтхои сугуртавие, ки дар натичаи фавти шахси сугурташуда гирифта шудаанд.

11) Маблагхои маош, подошпулихо ва дигар маблагхои пардохтшуда вобаста ба адои хизмат (ичрои ухдадорихои мансаби) ба хизматчиёни харби, шахсони хайати катори ва рохбарикунандаи системаи вазоратхои мудофиа, корхои дохили, макомоти давлатии амнияти милли, оид ба холатхои фавкулодда ва мудофиаи граждани, вохидхои хифзи хукуки макомоти назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсия, макомоти гумрук, Агентии назорати маводи нашъовар, Гвардияи милли, системаи ичрои чазои чиноятии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон (КЧТ аз 18.03.15с., №1188).

12) Бурдхо аз вомбаргхои давлати ва лотереяхои давлатии Чумхурии Точикистон, ки Вазорати молияи Чумхурии Точикистон баровардааст, дар хачми на зиёда аз 50 сомони ба як вомбарг ё лотерея.

13) Кумаки ичтимоии сурогави, ёрдампули ва чубронпулихо, ба истиснои пардохтхо вобаста ба музди мехнат, ки аз хисоби маблагхои бучети давлати тибки хачм ва тартиби муайяннамудаи санадхои меъёрии хукуки дода мешаванд.

14) Чуброни зарари чисмони ё дигар намуди зарари ба саломатии корманд вобаста ба ичрои ухдадорихои мехнатиаш ва хизматиаш расонидашуда, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон.

15) Арзиши либоси махсус ва (ё) либоси расми ва пойафзол, воситахои хифзи инфироди ва кумаки аввалияи тибби, собун, воситахои безараркунанда, шир ё дигар махсулоти истеъмолии ба онхо баробари барои истеъмоли табобатию профилактики додашуда тибки меъёрхо ва вобаста ба сохахои фаъолият, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар шудаанд.

16) Пардохтхои сугуртави тибки шартномахои сугуртаи хатмии масъулияти корфармо (аз хисоби маблагхои корфармо) барои расонидани (хангоми расонидани) зарар ба хаёт ва саломатии корманд хангоми ичрои ухдадорихои мехнати (хизмати).

17) Маблаги чуброни зарари модди, ки бо карори суд мукаррар карда шудааст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …