Главная / Чамъият / Имтиёзхо барои кормандоне, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми тахсил мекунанд

Имтиёзхо барои кормандоне, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми тахсил мекунанд

Моддаи 126-и Кодекси Мехнат. Имтиёзхо барои кормандоне, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми тахсил мекунанд

  1. Ба кормандоне, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми тахсил мекунанд ва хамзамон дар ташкилотхо кор мекунанд, рузи кории на зиёда аз чор соат мукаррар карда мешавад.
  2. Таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти умуми дар давоми соли тахсил на камтар аз 42 рузи таквими, хангоми шаш руз будани хафтаи кори ё мутобикан ба хамон микдор соати кори дар сурати хафтаи кории панчруза аз кор озод карда мешаванд. Агар хафтаи кор аз панч руз иборат бошад, микдори умумии соатхои аз кор озод кардани корманд вобаста ба давомнокии басти кори зимни боки мондани микдори соатхои озод аз кор тагйир меёбад.
  3. Дар муддати аз кор озод будани корманд ба у аз чойи кори асоси на камтар аз 50 фоизи музди мехнат, вале на камтар аз андозаи мукарраршудаи хадди акали музди мехнат маош дода мешавад.
  4. Таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти умуми ба рухсатии пардохтшавандаи иловаги аз чойи кори асоси барои супоридани имтихонхо ба мухлати на камтар аз андозаи мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон бо нигохдории музди миёнаи мехнат дар давраи рухсати хукук доранд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …