Главная / Илм / Имон ба ду гурух чудо карда мешавад

Имон ба ду гурух чудо карда мешавад

а) Имони мучмал имони умуми. Имони умуми ин имон овардан ба хакикати дини Ислом буда, одам калимаи “Шаходат”-ро арз карда, имони худро ба Аллох Таъоло ва Паёмбари у Мухаммад (с) тасдик мекунад ва ба хама он чизе, ки аз Онхо расида аст, бовар дорад, дар холе ки хануз асоси динро намедонад. Ин якумин зинаи имон мебошад. Минбаъд инсон бояд динро омузад ва ба хар рукни имон муфассал бовар намояд. Ин “Имони тафсили” ном дорад.

б) Имони тафсили ин имон овардан ба хар рукни имон дар чудогонаги ва муфассал мебошад.

Рукнхои имон.

Дар имон 6 рукн вучуд дорад, ки бояд ба хар яки он имон овард.

  • Бовари ба Аллох Таъоло
  • Бовари ба фариштагони У
  • Бовари ба китобхои У
  • Бовари ба фиристодагони У
  • Бовари ба рузи Киёмат
  • Бовари ба такдири неки ва бади ва хар чи, ки хаст сохтаи Аллох Таъолост

Ин рукнхои Имон дар дуои “Оманту” оварда шудаанд, ки мебояд онро аз ёд донист:

duo-omantu

Оманту биллохи ва малоикатихи ва кутубихи ва русулихи ва-л-явми-л-охири ва-л-кадари хайрихи ва шаррихи мина-л-Лохи Таъоло ва-л-баъси баъда-л-мавти хаккун. Ашхаду алло иллоха иллаллоху ва ашаду анна Мухаммадан абдуху ва расулуху.

Яъне: “Имон овардам ба Худои Таъоло, ба фариштаони Вай, ба китобхои Вай, ба Паёмбарони Вай, ба рузи Киёмат ва такдири неки ва бадй хама аз Аллох Таъолост ва ба зинда шудан баъд аз марг”.

“Ман шаходат медихам, ки хеч маъбуде ба чуз Аллох нест ва шаходат медихам, ки Мухаммад (с) банда ва Паёмбари Уст”.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …