Главная / Гуногун / Имом ал-Газоли ва илми табиатшиноси

Имом ал-Газоли ва илми табиатшиноси

Чунон ки мебинед, дар ин таблитса дини Ислом аз поя – яъне илми табиатшиноси махрум гардидааст. Ё бо ибораи дигар гуем, симати Худо хамчун Офаридагори Замину Замон, Оламу Одам, Коиноту Олами органики махдуд карда шудааст. Яъне аксари кулли ахли дини Ислом аз замони Имом ал-Газоли сар карда, ба мафхуми дин факат тоату ибодатро мефахмидаги шуданд. Ин дар натичаи он аст, ки Газоли (бо он бузургии бехамто, муаллифи 400 асари безавол) илми табиатшиносиро кабул накарда, такдири онро ба илми дахрия гузошт ва бо ин амали хеш ахли Исломро аз илми рубубият дур кард. Омма факат ба василаи илми табиатшиноси метавонад ба асрори илохиёт сарфахм биравад. Дар замони Ибни Сино, баракс ба илми табиатшиноси бештар эътибор медоданд. Пас аз Ибни Сино, хусусан хучуми Газоли ба мукобили у, илми табиатшиноси кариб аз лавхи хотирахо дур шуд.

Ин амал 900 сол тул кашид. Дар тули ин даврахо, бо як хатои Имом ал-Газоли инсоният аз системаи илми-прогрессивии дини Ислом дур андохта шуд.

Ба хамаи ин шикасти давлати Сомониён сабаб шуд. Шикасти давлати Сомониён  «бадбахтии умумичахонии таърихии дарачаи якум буд» – мегуяд Нёлдеке. Зеро он ба таназзули аклу хирад, хукмронии чахолат ва билохира, ба тантанаи беилмию бехудои бурда расонид.

Дар таблитса дар мобайни Худову илми табиатшиноси дини Исломро мебинем, ки дар каноти росташ «илм» ва дар каноти чапаш «Ислом» сабт шудааст. Ин чи маъни дорад?

Илм калимаи араби аст, тарчимаи тахтуллафзии он ба забони руси «наука, знания» мебошад. Ва мо, имруз вакте ки «илм» мегуем, маънои «знания»-ро дорад. Аммо дар дини Ислом ин хел нест. «Илм» нисбат ба «знания» хеле абстракт аст, яъне маънои хеле васеъро дар бар мегирад. Масалан, «знания» хамаи мазмуни амали ва кайфияти аклии донишро, чунон ки дар Ислом хаст, ифода карда наметавонад. Дар дини Ислом «илм» акоиди (консепсия) хукмрон ба шумор меравад, ки ба тамаддуни исломи кудсу хусни тоза бахшидааст. Ба мисли илм ягон акоиди дигареро пайдо карда наметавонем, ки тамаддуни исломиро ин кадар ба салобаташ ифода карда тавонад. Хатто бисёр мафхумхои мухими дини Ислом, аз кабили тавхид – эътирофи «вахдат бо Худо», «ад-дин – эътикоди хак таъоло» ва гайрахо бо илм баробар шуда наметавонад.

Мувофики таълимоти Куръон хамаи донишхои инсони аз Худо сар мезанад. Вале дониши инсони бо дониши Парвардигор баробар шуда наметавонад. Ба хамаи пайгамбарон хам, дониш аз Худо илко шудааст. Аз ин лихоз, мувофики акидаи Мухаммад(с) илм бояд бо дониши аз Парвардигор нозилшуда баробар гардад, чунон ки худи Мухаммад(с) ва пайгамбарони дигар хам аз ин бахраманд гардидаанд.

Академики мухтарам ва ахли уламо бояд бифахманд, ки илми табиатшиноси ба инсоният кудрату тавонои мебахшад. Вай «чахонро чахони одами мекунад», – мегуяд донишманди номдори эрони Муртазо Мутаххари, – илм хам метавонад чахонро бисозад ва хам инсонро».

Ин далелхо гувохи онанд, ки на факат акидаи академик Мухаммадчон Шакури рочеъ ба илми табиатшиноси хилофи акидаи (консепсияи) дини Ислом аст, балки хилофи акли солим хам мебошад.

Бадбахтии мо на дар он аст, ки кам эчод кардаему кам медонем, балки дар он аст, ки кудрати идрок ва маърифатро аз даст додаем. Аз ин лихоз, яке махалгарои мекунему дигаре бо бахонаи забони милли миллатгарои карда, завлонаи дасти насли муосир мегардем. Дарк карда наметавонем, ки ин акидахо кайхо ботил гардидаанд. Фаромуш мекунем, ки хамон телефонии одди, хамон телевизори хона ва хамон тайёраи тагамон низ махсули илми табиатшиноси аст.

Он чи сухан аз боби забони точики равад, мо хаминро мегуем, ягона илме, ки дар нимаи дуюми асри гузашта бемамоният инкишоф ёфта, забонро равону сахех намуд, ин илми забоншиносии точик буд. Вале сад афсус, ки дар охири асри гузашта ба чои он ки забони точикиро аз гарду чанги хамсояхо ва хаспорахои махалгароён полонанд, онро ба олоти истехсолот, ё аниктараш, ба воситаи истехсолот табдил дода, аз халк миллионхо рубл чамъ намуданд ва билохира, ба чои забони ягонаи миллии ориёнаи точики, забони музахрафи шеваги, забони пур аз истилохоти ба халки одди бегонаро инъом карданд. Хол он ки Истиклолият забони моро давлати гардонида, ба инкишофи он хамаи воситахоро фарохам овардааст ва дар асоси забони равони точики ба омухтани чандин забонхои хоричи хидоят мекунад.

Чаноби оликадр, Президенти мухтарам! Академияи илмхо дар мамлакате, ки истиклолият ба даст овардааст, чун обу хаво лозим аст. Вале, ба андешаи мо, вакти он расидааст, ки сохти Академияи илмхои Точикистон дигар гардад. Аз унвонбозии фартутгардидаи бесамар даст кашидан лозим. Бигузор, онхое, ки то хол ба ин дарачахо расидаанд, то охири умр аз он имтиёзхо бархурдор бошанд. Хосили олим (агар бошад) дар пири мепазад. Ибни Сино бесабаб нагуфтааст: «Бисёр аз машоих, балки бештарин, куввати окилаи эшон баъд аз пири кувват мегирад. Ва куввати моддати, баъд аз чихил сол дар инхитот уфтад ва куввати акл баъд аз чихил сол кави шавад».

Бо эхтироми зиёд,

Иброхим Умарзода – устоди ДМТ. (Иктибос аз рузномаи «Неруи сухан», №31 (31), 4 сентябри соли 2003.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …