Главная / Чамъият / Иммунизатсия дар Точикистон

Иммунизатсия дар Точикистон

ПАДАРОН ВА МОДАРОНИ МУХТАРАМ!

Сари вакт гузаронидани иммунизатсияи кудакони Шуморо аз беморихои фалач, гепатити В, сил, гулузиндонак, кабудсулфа, кузоз, сирояти ротавируси, сурхча, гулафшон ва сирояти гемофилии типи b эмин нигох медорад.

shutterstock_161210786-pic905-895x505-42096

Масъалаи имунизатсия дар Точикистон дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон № 680 аз 29.12.2010 танзим карда мешавад.

ТАКВИМИ МИЛЛИИ ИММУНИЗАТСИЯ

   Намуди ваксина Мухлати иммунизатсиякуни
ОПВ-0 (сифри),ГВ-1 Дар муддати 24 соати баъд аз таваллуд
БСЖ Дар рузхои 3-5-уми баъд аз таваллуд
Пентаваленти -1 (АКДС-1, Hib, ГВ-2), ОПВ-1 Рота-1 Дар 2 мохаги
Пентаваленти 2 ( АКДС-2, Hib-2,ГВ-3),ОПВ-2 Рота-2 Дар 3 мохаги
Пентаваленти 3 ( АКДС – 3, Hib -3, ГВ – 4), ОПВ -3 ИПВ Дар 4 мохаги
СТ(MR)- 1 ОПВ-4 Дар 12 мохаги
АКДС -4 Дар 16 -23 мохаги
СТ(MR) -2; БСЖ -2, АДС Дар 6 солаги
АДС –М ; БСЖ — 3 Дар 16 солаги
АДС – М -2, 3,4,5 Баъд хар 10 сол ( 26,36,46,56)


КОРМАНДОНИ ТИБ ДАР ХУЗУРИ ШУМО БАРОИ ХАР ЯК ИММУНИЗАТСИЯ АЗ СУЗАНДОРУИ НАВ БОЯД ИСТИФОДА БАРАНД!
 

Сузандорухое, ки истифода бурда мешаванд, бояд хамон замон дар куттихои махви бехатар чамъ карда,  сузонда шаванд.

ИММУНИЗАТСИЯ  БЕПУЛ МЕБОШАД!

iminiza

ОПВ                — ваксинаи зидди бемории фалач:

ГВ                     —  ваксинаи зидди бемории гепатити В:

БСЖ                — ваксинаи зидди бемории сил;

АКДС              — ваксинаи зидди беморихои гулузиндонак, кабудсулфа ва кузоз;

Пентавалени  —  ваксинаи зидди беморихои гулузиндонак, кабудсулфа, кузоз, сирояти гемофилии типи Ь (Hib), гепатити В;

СГ(МR)            —  ваксинаи зидди беморихои сурхча ва гулафшон;

АДС                  —  ваксинаи зидди беморихои гулузиндонак ва кузоз;

АДС-М           —   ваксинаи зидди беморихои гулузиндонак ва кузоз бо микдори камтарини антигентхо (барои калонсолон);

РОТА               —  ваксинаи зидди бемории шикамрави кудакон, ки сабабгорашон сирояти ротавируси мебошанд;

ИПВ               — ваксинаи гайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалач.

   Беморихое, ки дар Чумхурии Точикистон бо воситаи иммунизатсия пешгири карда мешаванд:

ФАЛАЧ — бемории сироятшаванда мебошад, ки аслан ба системаи асаб таъсир намуда, ба фалачшавии дасту пой ва хатто ба марг мерасонад. Бемории фалач ба маъюбии якумра меоварад.

ГЕПАТИТИ В — бемории сироятшаванда мебошад, ки бевосита ба чигар таъсир мекунад. Шакли давомдори ин бемори ба сирроз ва саратони чигар табдил меёбад.

СИЛ —  бемории сироятшаванда мебошад, ки ба шуш ва дигар узвхои одам таъсир мерасонад. Намуди вазмини бемори дар шакли варами пардаи магзи сари (менингит) кудакон мушохида карда мешавад. Бемори асосан боиси окибатхои хатарнок ва фавти бемор мегардад.

КАБУДСУЛФА — бемории хатарноки кудакона мебошад, ки ба он асосан сулфаи давомдори вазнин хос аст. Барангезандаи бемории кабудсулфа бисёр хосияти сироятии баланд дорад. Бемори бе табобати саривакти ба фавт мерасонад.

ГУЛУЗИНДОНАК — бемории шадиди сироятшаванда мебошад, ки ба воситаи сулфа ва атса задан аз одами бемор ё дорандаи барангезандаи гулузиндонак ба одами солим мегузарад. Хусусияти бемори аз саршавии дардхои сабук дар гулу то бемории вазнини ба хаёт тахдидкунанда иборат аст. Холати вазнин ба осеби мушакхои дил расонда, сабаби фавти бемор мегардад.

КУЗОЗ — барангезандаи он бо воситаи захмхои кушодаи бадани одам ворид шуда, боиси вазнин шудани холати бемор мегардад. Ба ин бемори ларзиши мушакхои руй, дасту пой ва окибатхои фалачи мушакхои нафаскаши хос хастанд. Дар бисёр холатхо беморро ба фавт меоварад.

СУРХЧА — бемории шадиди сироятшаванда мебошад, ки ба он баландшавии харорати бадан, илтихоби роххои нафас, варамии чашмхо ва  пайдошавии доначахо, ки аввал дар пардахои луобии чашм, дахон ва баъд аз сар ба поён дар тамоми бадани бемор пахн мешаванд, хосанд.

ГУЛАФШОН — бемории шадиди сирояти буда, бо воситаи вирусхо мегузарад. Асосан барои хомиладорон нихоят хатарнок аст. Агар зани хомиладор ба ин бемори гирифтор шавад, кудаки навзоди у бо нуксомхои зиёд – каршави, нобинои, нуксонхои дил ба дунё меояд.

ГЕМОФИЛИ ТИПИ b — бемории сироятшаванда буда, бо он асосан кудакон гирифтор мешаванд. Барангезандаи он чупчаи гемофилии типи b буда, сабабгори бемории газзаки шуш ва газзаки пардаи магзи сар мешавад.

СИРОЯТИ РОТАВИРУСИ — яке аз беморихои пахншудаи шикамрави кудакон буда, нихоят хатарнок мебошад, асосан дар фасли тобистон авч  мегирад. Махсусан кудакони то 2 сола бештар бемор мешаванд ва бе табобати фаври ба халокат мерасанд.

МУКОИСАИ АРЗИШИ ИММУНИЗАТСИЯ ВА ТАБОБАТ

Номгуи беморихо Арзиши иммунизатсия (бо доллари ИМА) Арзиши табобат аз ин беморихо (бо доллари ИМА)
1 Гепатити В 12,64 42500
2 Кабудсулфа 1,52 433
3 Кузоз 1,52 695
4 Гулузиндонак 1,80 278
5 Гулузиндонак (шакли токсики) 1,80 843
6 Фалач (шакли паралитики) 1,20 8025
7 Сурхча (шакли сабук) 1,68 150
8 Сурхча (шакли вазнин) 1,68 247
9 Сирояти ротавируси 5,60 52
Хамаги 29,24 53223

ХОЛАТХОИ НОМАТЛУБИ БАЪДИИММУНИЗАТСИЯ (ХНБИ)

  Холатхои эхтимолии номатлуби баъдт иммунизатсия Мухлати эхтимолии бавукуъ омадани холатхои номатлуби баъди иммунизатсия Хусусиятхои асосии клиники Чорабинихои фаври хангоми бавукуъ омадани ХНБИ
Номгуи дорувори ва чорабинихо  Микдор (доза) вобаста ба сину сол

 

1-6 сола 7-9 сола
4. Коллапс(бехушшави) -24 соат — берангии пусти бадан— бехушшави

— пастшави  ё тамоман нест шудани тонуси мушакхо

— пастшавии фишори хун

— ба пушт хобондан— спирти нашатири буй кардан

— таъмини хавои тоза

— Кордиамин ё Кофеин (таги пуст) — 1 маротиба

— кандчои гарм

0.3 мл — 0,5 мл 0.5 мл
3. Аксуламали аллергики (варами Квинке, крапивница) 0-10     руз — варамии руй ва гулу— душворшавии нафаскаши

-тез-тез задани дил

— пайдошавии доначахои калони сурх дар пусти бадан

-Димедрол 1 % ё Супрастин 2,5% (даруни мушшак)- 1 маротиба 0,1 мл барои хар соли хаёт 0,5 мл – 1,0 мл
—          Преднизолон ё Гидрокортизон 30 мг ( даруни мушак) 0,5 мл – 1,0мл 1,0 мл – 1,5 мл
—          Дексометазон 4 мг 1 маротиба (даруни мушак) 0,5 мk — 1,0 мл 1,0 мл – 1,5 мл
6. Ихтилочхо(судороги) 0-24 соат — Кашишхурии мушакхои бадан — Диазепам 0,5% ампула 2,0 мл — 1 маротиба (даруни мушак) 0,5 мл -1,0 мл 1,3 мл – 2,0 мл
— ГОМК (Оксибутират натрий) — ампула бо 10,0 мг, 20% • махлул 2,0 мл – 4,0 мл 4,0 мл — 6,0 мл
—          Магний сулфат (MgSO4 )- 25% -1 маротиба (даруни мушак) 3,0 мл 5,0 мл

ТАРТИБИ ИМУНИЗАЦИЯ:

iminiza-2

  1. Дар болои миз пахта ва сузандоруи истифодашударо нагузоред;
  2. Баъди гузаронидани иммунизатсия, сарпуши сузанро напушонед;
  3. Сузандорухои истифодашударо хамон замон ба куттихои махви бехатар (КМБ) партоед;
  4. Дар хеч маврид ваксинахоро дар руи яхкуттихо барои осон шудани коратон нагузоред, чунин холат метавонад ба вайроншавии ваксинахое, ки ба яхкуни хассосият доранд, оварда расонад;
  5. Зарфхои кушодаи ваксинахоро дар вакти сессияхои иммунизатсиони аз нурхои офтоб нигох дошта, дар хафаки чуздони харорати чой кунед:
  6. Дар вакти гузарондани иммунизатсия дар хучраи иммунизатсиякуни бояд танхо ваксинатор, волидайни кудак ва кудаки иммунизатсияшаванда бошанд;
  7. Аз волидайн хохиш намоед, ки хангоми пайдо шудани ягон намуд холатхои номатлуб, хатман ба табиби минтакави ё ба хамшираи тиб мурочиат намоянд;
  8. Баъд аз гузаронидани иммунизатсия, аз волидайни кудак хохиш намоед, ки дар давоми 30 дакика аз муассисаи тибби дур нараванд;
  9. Куттихои махви бехатарро ба партовгоххо напартоед;
  10. Куттихои махви бехатарро дар чойхои ба ахоли дастнорас нигох дошта, баъд аз сессияхои иммунизатсиони дар чои махсусгардонидашуда бехатар махв кунед;
  11. Тамоми ваксинахои хушккардашударо (диофилизированний: БСЖ, СГ) баьд аз халкунони танхо то 6 соат истифода бурдан мумкин аст. Баъд аз 6 соат онро бояд бехатар махв намуд;
  12. Ваксинахои бисёрвояро (ОП В, АКДС, АДС, АДС-м) то 28 рузи баъд аз кушоданашон истифода бурдан мумкин аст, агар талаботхои зерини ба онхо муносиббуда риоя карда шуда бошанд:

—          мухлати истифодабариашон нагузашта бошад;

—          ваксинахо дар яхдон, дар харорати +20С + 80 С нигох дошта шуда бошанд;

—          дахони зарфи ваксина дар зери об намонда бошад;

—          хама вояхои ваксина аз зарфаш бо риояи коидахои асептика гирифта шуда бошанд;

—          термоиндикатори зарфи ваксина ранги худро дигар накарда бошад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …