Дар ин давра химия хам ба пеш кадами бузург гузошт. Соли 1869 олими рус Д. И. Менделеев системаи даврии унсурхои химиявии худро чой кард. Он вакт дар чадвали Менделеев хамаги 63 унсур мавчуд буд, вале у хосияти унсурхои химиявиеро, ки хануз худи онхо маълум набуданд, пешаки муайян карда, дар чадвал чои онхоро холи монд.
Дар солхои 70-90-уми асри XIX мухаккикоии химия унсурхои нави химияро кашф карданд. Фаронсави Лекок Буабодран галлийро, швед Л. Ф. Нилсон скандийро, немис К. Винклер германийро, англис У. Рамзай дар таркиби хаво аргонро кашф кард. У. Рамзай соли 1898 бо хамрохии Ч. Рзлей унсурхои химиявии криптон, ксенон ва неонро кашф карданд.
Дар ин давра сохахои нави химия ба вучуд омаданд. Алокаи байнихамдигарии химия ва физика имконият дод, ки физикаи химияви ба вучуд ояд. Хисоби протсессхои химияви ин илмро ба риёзи бештар алокаманд кунонд. Электрохимия низ яке аз сохахои химия гардид. Омузиши хосияти физикии кристаллхо барои ба вучуд омадани стереохимия сабабгор шуд.