Главная / Гуногун / Иктисодиёти Федератсияи Россия

Иктисодиёти Федератсияи Россия

Федератсияи Руссия. Рушди иктисодиёти Россия дар нимсолаи якуми соли чори 1,7 фоизро ташкил намуд. Дар мохи август суръати афзоиш нисбат ба мохи июл (1,8 фоиз) кохиш ёфта, бо хисоби солона ба 1,0 фоиз баробар гардид. Дар мачмуъ афзоиши ММД дар моххои январ-августи соли чори 1,6 фоизро ташкил кард. Сустшавии афзоиш дар мохи август бештар аз хисоби кохишёбии истехсоли махсулоти кишоварзи ба андозаи 10,8 фоиз ба амал омадааст, ки сабабхои он бо паст шудани хосилноки ва кам шудани майдони кишти як катор зироатхо дар мукоиса ба соли 2017 вобаста мебошад.

ХБА дурнамои рушди иктисодиёти Федератсияи Россияро тачдиди назар намуда, рушди онро дар соли 2018 дар сатхи 1,7 фоиз баходихи менамояд.

moskva-kremel

Агентии рейтинги байналмилалии «Fitch» дурнамои худро нисбат ба рушди иктисодиёти Федератсияи Россия дар соли 2018 тагйир дода, онро 2,0 фоиз пешгуи намудааст, ки нисбат ба дурнамои кабли 0,2 банди фоизи баланд мебошад.

Бояд кайд кард, ки Вазорати рушди иктисоди Федератсияи Россия рушди иктисодиёти кишварро дар соли 2018-ум 1,8 фоиз ва Бонки Россия дар доираи 1,5-2,0 баходихи намудаанд.

Шумораи бекорон дар Россия то сатхи хеле паст расида, ба 3,5 млн. нафар баробар шуд, ки ин 0,9 фоизи шумораи шахсони дар иктисодиёт фаъолро ташкил мекунад.

Пас аз эълони Бонки маркази чихати боздоштани хариди асъор дар бозори биржавии Москва барои Вазорати молия ва болоравии нархи чахонии нафт курби асъори руси аз 10 сентябр инчониб рубли гардида истодааст.

Дар мохи август арзиши нафти навъи Brent аз 70 доллар то 85 доллар боло рафта, ба нарххои мохи ноябри соли 2014 баробар гардид.

Дар  нух мохи соли чори нарххои истеъмоли дар Россия 2,5 фоиз боло рафт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …