КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Дар бораи ихтирооти махфИ
Конуни мазкур муносибатхои молумулки ва шахсии гайримолумулкии ба онхо алокамандро, ки бинобар офаридан, хифзи хукукй ва истифодабарии ихтирооти махфи дар каламрави Чумхурии Точикистон ба миён меоянд, танзим мекунад.
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– ариза – мачмуи хуччатхои бо Конуни мазкур мукарраршуда, ки барои гирифтани хуччати мухофизатй ба Идораи патентй пешниход карда мешаванд;
– ихтироот ва кашфиётхои махфи – ихтирооте мебошанд, ки дорои маълумоти сирри давлатй буда, тибки тартиби мукарраршудаи Конуни мазкур махфй дониста шудаанд;
– объектхои махфии моликияти саноати – ихтироот, намунахои саноатй ва моделхои судманди дорои маълумоти сирри давлати, ки махсули фаъолиЯти зехнии инсон мебошанд;
– шартхои патентпазири – шартхои бо Конуни мазкур мукарраршудаи пешниходи хифзи хукукии ихтироъ;
– хаммонанди ихтироот – объекте, ки таъиноташ бо таъиноти ихтироъ як буда, мачмуи аломатхои он ба мачмуи аломатхои асосии ихтироъ монанд аст;
– хуччатхои мухофизатй – патентхо ва нахустпатентхое, ки барои ихтирооти махфй тибки Конуни мазкур дода мешаванд;
– сатхи техника – мачмуи маълумоте мебошад, ки то санаи аввалияти ихтироот дар чахон кобили дастрасии умум гардидааст.
Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ихтирооти махфй
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи ихтирооти махфй ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Макоми ваколатдори давлати оид ба хифзи ихтироот ва кашфиётхои махфи
Макоми давлатй оид ба хифзи ихтироот ва кашфиётхои махфи (минбаъд – Идораи патента), ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, амалигардонии сиёсати ягонаи давлатиро дар сохаи хифзи хукукии ин ихтироот ва кашфиётхои махфи таъмин намуда, аризахоро оид ба ихтироот ва кашфиётхои махфй кабул мекунад, аз руи онхо санчиш мегузаронад, бакайдгирии давлатии ихтироот ва кашфиётхои махфиро ба чо оварда, хуччатхои мухофизати медихад, инчунин дигар вазифахоро, ки мувофики хуччатхои таъсисии Идораи патента пешбинй шудаанд, амали месозад.
Моддаи 4. Махфигардонии ихтирооти дорои сирри давлатй
- Идораи патентй дар холати пешниходи ариза чихати гирифтани хуччати мухофизати ба ихтироот, ки дар асоси Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ихтироъ» сурат мегирад, корро барои ошкор кардани маълумоти дорои сирри давлати ва махфй гардонидани дархостхои ин гуна маълумотро дарбаргиранда, ташкил менамояд. Коидахои тартибдихй, пешниход ва баррасии ариза барои гирифтани патент ба ихтирооти махфй аз тарафи Идораи патентй муайян карда мешаванд.
- Вазоратхо, кумитахои давлатй ва идорахои маъмури (минбаъд-макомоти давлати) барои маълумоти махфишавандаи худ хукук доранд ихтироотеро, ки дорои сирри давлатй мебошад, махфй гардонанд ва тавассути макоми низоми махфияти худ ба Идораи патентй бо ариза чихати гузоштани мухри махфияти дахлдор ба онхо пешниход намоянд.
- Идораи патентй аризахоеро, ки оид ба махфигардонии ихтироот аз тарафи шахсони мутобики моддаи 7 Конуни мазкур (минбаъд-аризадихандагон) мукарраршуда пешниход гардидаанд, тарики низоми махфияти макоми марбута ва дар сурати набудани чунин шароит -бевосита аз руи тартиби мукарраркардаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ихтироъ» ва Конуни мазкур барои баррасй кабул менамояд.
- Тартиби махфигардонии аризахои дорои сирри давлатй, мукаррар намудани дарачаи махфият, хамчунин мухлати аз нав дида баромадани онхоро макомоти давлатии аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мутобики мукаррароти Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» ва Конуни мазкур муайяншаванда амалй мегардонад.
Моддаи 5. Хукук ба ихтирооти махфй ва истифодабарии он
- Хукук ба ихтирооти махфй ва истифодабарии он тибки Конуни мазкур, Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» вадигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хифз карда мешавад.
- Хукук ба ихтирооти махфй ва истифодабарии он дар тамоми мухлати махфигардонидашуда ба Чумхурии Точикистон, дар шахси макомоти давлатии онро махфигардонида, тааллук дорад. Истифодабарии ихтирооти махфй бояд бо риояи низоми махфият барои маълумоти дорои сирри давлатй тибки талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» амалй гардад.
- Истифодабарии ихтирооти махфиро аз тарафи шахсони дигар, агар он ба манфиати давлат бошад, макоми давлатие, ки онро бо риояи низоми махфият тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон махфй гардонидааст, ичозат медихад.
- Ихтирооти махфй то ба анчом расидани мухлати махфигардони моликияти Чумхурии Точикистон хисоб мешавад.
Моддаи 6. Муаллифи ихтирооти махфй
- Муаллифи ихтирооти махфй шахси вокеие хисобида мешавад, ки ихтирооти махфй бо мехнати эчодкоронаи вай офарида шудааст.
- Агар дар офаридани ихтирооти махфй якчанд шахсони вокей иштирок карда бошанд, хамаи онхо муаллифони ихтирооти махфй хисоб мешаванд.
- Шахсоне, ки дар офаридани ихтирооти махфй хиссаи шахсии эчоди нагузоштаанд, ба муаллиф (муаллифон) танхо ёрии техники, ташкилй ва ё моддй расонидаанд, ё ин ки танхо барои ба расмият даровардани хукук ба ихтирооти махфй кумак намудаанд, муаллифи ихтирооти махфй хисоб намешаванд.
- Хукуки муаллифи хукуки шахсии бегонанашаванда буда, бемухлат хифз карда мешавад.
- Муаллифии ихтирооти махфй бо додани патент аз тарафи Идораи патента тасдик карда мешавад ва ин барои гирифтани подош ва чуброн барои махфигардонй ва истифодабарии он асос мебошад.
- Хангоми ба манфиати давлат истифода бурда шудани ихтирооти махфй аз тарафи макомоти давлатии онро махфигардонида ба муаллифи (муаллифони) он подош пардохт карда мешавад. Андоза, шартхо ва тартиби пардохти подошро шартномаи байни муаллиф ва макомоти давлатй, ки ихтироотро махфй гардонидааст, муайян менамояд.
Моддаи 7. Тартиби пешниход, барраси ва махфнгардонии аризахо барои ихтирооти махфй
- Хукуки пешниход кардани аризаро барои ихтирооти махфй муаллиф (муаллифон) ва ё вориси хукукии у (онхо), аз он чумла шахсе, ки ба ин хукук ба тарики гузашт сохиб шудааст, дорад.
- Хукуки додани ариза барои ихтирооти дорои маълумоти сирри давлатй ва тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ихтироъ»
эчодшуда ба корфармо ва ё вориси хукукии он, аз чумла ба шахсе, ки ба ин хукук бо рохи гузашт сохиб шудааст, тааллук дорад, агар дар шартномаи байни корфармо ва муаллифи ихтирооти махфй тартиби дигар пешбинй нашуда бошад.
- Аризахо мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ихтироъ» тартиб дода мешаванд. Тартиби баррасии аризахо ба ихтирооти махфй ва махфигардонии онхоро Идораи патентй муайян мекунад.
Моддаи 8. Шартхои мухофизатии ихтирооти махфй
- Хангоми муайян кардани хифзи хукукии ихтирооти махфй шартхои патентпазирии ихтироъ, ки тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ихтироъ» мукаррар гардидаанд, истифода мешаванд.
- Хангоми муайянкунии навгонии ихтирооти махфй дар катори маълумоти мувофики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ихтироъ» пешбинишуда, ба сатхи техника, бо назардошти аввалияти каблии он, асноди зерин дохил карда мешавад:
– хуччатхои мухофизатии Чумхурии Точикистон ба объектхои махфии моликияти саноатй;
– ариза барои додани хуччатхои мухофизатии объектхои махфии моликияти саноатй, ки аз тарафи шахсони дигар дар Чумхурии Точикистон пешниход шудаанд (ба гайр аз аризахои бозхондашуда);
– маълумоте, ки дорои сирри давлатй буда, дар воситахои ахбори омма ва сарчашмахои дигари иттилоотй ошкор карда шудаанд ва дар Чумхурии Точикистон барои шахсони конунй ба ин маълумот ичозатдошта кабл аз пешниходи аввалияти аризаи ихтирооти махфй, дастрас гардидаанд.
- Хангоми муайян кардани навгонии ихтирооти махфй дарачаи махфиятнокии маълумотхои дорои сирри давлатии ба сатхи техника дохилшаванда набояд аз дарачаи махфиятнокии ихтирооти махфии арзшуда баланд бошад.
Моддаи 9. Аввалияти ихтирооти махфй
- Аввалияти ихтирооти махфй аз руи санаи ба Идораи патентй ворид шудани ариза мувофики кисми 3 моддаи 4 Конуни мазкур мукаррар карда мешавад.
- Аввалияти ихтирооти махфй аз руи санаи воридшавии маводи иловагй мукаррар шуданаш мумкин аст, агар ин маводро аризадиханда то гузаштани мухлати семоха аз санаи гирифтани огохиномаи Идораи патента дар бораи имконнопазирии ба эътибор гирифтани маводи иловагй бинобар мохияти ихтирооти арзшударо тагйирдиханда пиндошта шуданашон ба сифати аризаи мустакил пешниход карда бошад.3. Аввалияти ихтирооти махфи аз руи санаи оа Идораи патенти пешниход шудани аризаи каблии ин ихтироотро маънидодкунандаи хамон як аризадиханда мукаррар карда шуданаш мумкин аст, агар аризае, ки аз руи он ин гуна аввалият дархост мешавад, на дертар аз дувоздах мохи баъди санаи пешниходи аризаи кабли ворид шуда бошад. Дар ин хол аризаи каблй бозхондашуда хисобида мешавад.
- Аввалияти ихтирооти махфи дар асоси якчанд аризаи каблй, ки барои хар яки онхо шартхои дар кисми 3 хамин модца овардашуда риоя мегарданд, метавонад мукаррар шавад.
- Мукаррар намудани аввалияти ихтирооти махфи аз руи санаи пешниходи аризае, ки аз руи он аллакай аввалияти барвакттар дархост шудааст, мумкин нест.
- Аввалияти ихтирооти махфй аз руи аризаи чудокардашуда аз руи санаи пешниходи аризаи аввали хамон як аризадиханда, ки дар он ихтироъ кушода шудааст, мукаррар карда мешавад, агар аризаи чудокардашуда ба Идораи патента то аз руи аризаи нахустин кабул шудани карор дар бораи рад гардидан оид ба додани хуччати мухофизати, ки имконияти шикоят кардан аз болои он аз даст рафтааст ва дар холати мавчудияти карор дар бораи ба аризаи зикршуда додани хуччати мухофизатй то рузи бакайдгирии ихтирооти махфй дар Фехристи давлатии ихтирооти махфй ворид шуда бошад.
- Агар дар рафти санчиш мукаррар карда шавад, ки ихтирооти хаммонанд аввалияти якхела доранд, пас хуччати мухофизати аз руи аризае дода мешавад, ки пештар фиристода шудани он ба Идораи патента исбот шудааст. Дар холати мувофик омадани ин санахо бошад, агар созишномаи байни аризадихандагон холати дигареро дар назар надошта бошад, аз руи аризае муайян карда мешавад, ки раками бакайдгирии пештар додай Идораи патентиро дорад.
Моддаи 10. Санчнш ва бакайдгирии ихтирооти махфй
- Тибки аризахо ба ихтирооти махфй, ки мувофики моддахои 4 ва 7 Конуни мазкур махфй гардонида шудаанд, санчиши ихтирооти махфй мутобики тартиби гузаронидани санчиши ихтирооти гайримахфй, ки бо Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ихтироъ» мукаррар шудааст, бо назардошти хусусиятхои зерини баррасии ихтирооти махфй гузаронида мешавад:
– санчиши ариза ба ихтирооти махфй аз санчиши расми ва мохияти иборат мебошад;’
– хангоми гузаронидани санчиши мохиятии ариза Идораи патенти хукук дорад, ки кормандони макомоти дахлдори давлатиро чалб намояд;
-рохбарони макомоти давлатй ухдадоранд, ки мутахассисони мазкурро бо шарти нигохдошти музди миёнаи мохона, чуброни рохкиро ва истикомат ба сафари хизмати фиристонаид;
– санчиши мохиятии ариза, ки ба воситахои нави аслихаи харби, техникаи харби ва воситахои махсуси техники дахл доранд, баъд аз
гирифтани хулосаи макомоти давлатии дахлдоре, ки номгуи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад, гузаронида мешавад;
– харочотро барои гузаронидани санчиш макоми давлатие, ки онро махфй гардонидааст, пардохт мекунад.
- Аз руи натичаи санчиши мохиятии ариза дар бораи эътироф кардан ва ё накардани объекта арзшуда хамчун ихтирооти махфй карор бароварда мешавад.
- Идораи патентй дар асоси карори худ оид ба эътироф намудани объекти арзшуда хамчун ихтирооти махфй онро ба Фехристи давлатии ихтирооти махфии Чумхурии Точикистон дохил карда, ба муаллиф (ва ё муаллифон) хуччатхои мухофизатй медихад.
- Маълумот оид ба ихтирооти махфй ба Фехристи давлатии ихтирооти махфии Чумхурии Точикистон дохил карда мешаванд. Коидахои пешбурди Фехристи давлатии ихтирооти махфии Чумхурии Точикистонро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.
- Ичозат ба маълумот оид ба ихтирооти махфии ба кайд гирифташуда ва шиносой бо онхо бо риояи талаботи хифзи сирри давлатй, ки тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлатй» пешбини шудааст, сурат мегирад.
Моддаи 11. Ч,убронпулй барои махфигардонии ихтироот
- Ба аризадиханда чубронпули барои махфигардонии ихтироот дар хачм ва бо шартхои дар асоси созишномаи байни муаллиф ва корфармо муайяншуда ва инчунин харочоти аризадиханда хангоми пешниход ва баррасии ариза дар бораи ихтирооти махфй пардохта мешавад.
- Харочоти дар кисми 1 моддаи мазкур нишондодашуда яквакта аз тарафи макоми давлатие, ки аризаро дар асоси моддаи 7 Конуни мазкур махфй гардонидааст, дар мухлати як мох аз рузи баровардани карор аз тарафи Идораи патенти бобати эътироф намудани ихтирооти пешниходшуда хамчун ихтирооти махфй ё эътироф накардани он пардохт карда мешавад.
Моддаи 12. Ошкор кардани ихтирооти махфй
- Санчиши зарурати нигохдории дарачаи махфияти мукарраршудаи ихтирооти махфй дар мухлатхои хангоми махфигардонии он муайянкардаи макоми цавлатие, ки карори махфигардонии онро кабул кардааст, гузаронида мешавад. Чунин санчиш метавонад бо ташаббуси аризадихднда, муаллиф ё вориси хукукии у низ гузаронида шавад.
- Карор дар бораи ошкор кардани ихтирооти махфй бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон, бо пешниходи макоми давлатие, ки онро махфй гардонидааст, кабул карда мешавад.3. Оид ба кабул кардани карор дар бор ошкор кардани ихтирооти махфи ба аризадиханда, муаллиф, инчунин Идораи патента барои хорич кардани ихтирооти махфии мазкур аз Фехристи давлатии ихтирооти махфии Чумхурии Точикистон хабар до да мешавад..
Моддаи 13. Супормдани хуччати мухофизат ба ихтирооти ошкоркардашуда
- Аризадиханда дар мухлати як сол аз санаи ошкор кардани ихтирооти махфй метавонад ба Идораи патента барои гирифтани хуччати мухофизатй, ки тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ихтироъ» пешбинй шудааст, дархост фиристад. Хуччати мухофизати ба мухлати бокимондаи эътиборнокиаш, ки тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ихтироъ» пешбини шудааст, аз рузи пешниходи ариза ба Идораи патенти дода мешавад.
- Аввалияти ихтирои махфии ошкоркардашуда аз рузи пешниходи хуччатхои ариза ба Идораи патенти дар асоси моддаи 9 Конуни мазкур муайян карда мешавад.
- Хуччати мухофизатие, ки ба ихтирои ошкоркардашуда дода шудааст, аз рузи пешниходи ариза дар бораи додани он эътибор дошта, барои дохил кардани ихтирои ошкоркардашудаи хифзшаванда ба сатхи техника аз рузи аввалияти он хангоми муайян намудани навгонии дигари ихтирооти гайримахфй тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ихтироъ» асос мебошад.
- Патента ба ихтирои гайримахфии тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ихтироъ» додашуда дар холати додани патент ба ихтирооти хаммонанди ошкоршудаи аввалияти каблидошта беэътибор дониста мешавад. Сохибхукуки патенти беэътибордонисташудаи ихтирои гайримахфи, ки истифодаи онро то таърихи пешниходи ариза ё омода шудани он амалй кардааст, агар чунин ихтироот новобаста аз муаллифи (муаллифони) ихтирои ошкоршуда офарида шуда бошад, хукуки худро барои истифодаи минбаъдаи чунин ихтироот бе афзоиш додани хачми он нигох медорад.
Моддаи 14. Пардохтхои хатми
Барои амалхои зерин пардохтхои хатми ситонида мешаванд: – пешниходи ариза; додани хуччатхои мухофизати; нигох доштани эътибори он; дароз ва баркарор кардани мухлатхои гузаронидашуда ва инчунин барои ичрои дигар амалхои ахамияти хукукй дошта, ки ба хуччатхои мухофизатии ихтирои махфй алокаманд мебошанд. Номгуи пурраи амалхое, ки барои ичрояшон пардохтхои хатмй ситонида мешаванд, андоза ва мухлатхои пардохти онхо, инчунин асосхо барои озод намудан аз пардохт, кам кардани андоза ва ё бозгардондани он тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
Модаи 15. Амали Конуни мазкур нисбати шахсони вокеи ва хукукии хоричи
Конуни мазкур нисбати шахсони вокей ва хукукии хоричй татбик намегардад, агар дар санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф намудааст, тартиби дигаре пешбинй нагардида бошад.
Моддаи 16. Баррасии бахсхо
Бахсхои оид ба ихтирооти махфии бавучудомада аз чониби суд хал карда мешаванд.
Моддаи 17. Чавобгари барои риоя накардани конуни мазкур
Шахсони вокей ва хукукй барои риоя накардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расмй мавриди амал карор дода шавад.
Президента
Чумхурии ТочикистонЭмомали Рахмон
ш. Душанбе, 21 июли соли 2010
№624