КОНУНИ ЧУМХУРИИ Точикистон
Дар бораи идоракунии молияви ва назорати дохилй дар бахши давлати
Конуни мазкур асосхои ташкили ва хукукии низоми идоракунии молияви ва назорати дохилиро дар бахши давлати ва ташкилотхое, ки аз Бучети давлатии Чумхурии Точикистон маблаггузори мешаванд (минбаъд – ташкилотхои бахши давлати), мукаррар менамояд.
БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– идоракунии молияви – мачмуи ухдадорихои идоракуни дойр ба ичрои вазифахое, ки ба зиммаи таксимкунандаи асоси, таксимкунанда ва маблаггирандаи давлатие, ки бо максади таъмини риояи талаботи санадхои меъёрии хукуки, ки ба истифодаи самараноку натичабахши маблагхои мавчуда вогузошта шудаанд;
– идоракунии устувори молияви – мачмуи карорхо, тадбирхо ва чорабинихое, ки ба истифодаи маблагхои мавчуда тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва ба таври сарфакоронаю самаранок ва натичабахш идора намудани онхо равона шудаанд;
– назорати дохили – тамоми низоми назорати молияви ва воситахои дигари назорат дар ташкилоти бахши давлати бо назардошти сохтори ташкили, усулхо, тартиб ва аудити дохилй, ки аз тарафи рохбарият бо максади мусоидат ба фаъолияти конунию самаранок ва натичабахш, инчунин барои ноил гардидан ба максадхои ташкилот, созмон дода шудаанд;
– низоми назорати дохили – низоми чорахо ва расмиёти ичрои онхо, ки аз тарафи рохбарияти ташкилоти бахши давлати барои ноил гардидан ба идоракунии натичабахш, сарфакорона ва самараноки маблагхои давлати анчом дода мешаванд, бо назардошти бахисобгирии мухосибавй, хисоботи молиявй, риояи конунгузории Чумхурии Точикистон, таъмини нигохдории дороихо, пешгирй ка ошкор намудани амалхои гайриконуни, сахехию дурусти ва мувофикати хисоботи молиявию идоракунй, иттилоот, инчунин тахия намудани онхо;
– хисоботи солона оид ба назорати дохилй дар бахши давлатй — хисоботи Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ба Хукумати Чумхурии Точикистон, ки иттилоот дар бораи холати идоракунии молиявй ва назорат дар ташкилотхои бахши давлатиро дар бар мегирад.
Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи идоракунии молияви ва назорати дохилй дар бахши давлати
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи идоракунии молиявй ва назорати дохилй дар бахши давлати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии. хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Ташкил намудани низоми назорати дохилй дар бахши давлатй
- Ташкил намудани низоми назорати дохилй дар ташкилотхои бахши давлатй ухдадории рохбари ташкилот буда, барои анчом додани идоракунии молиявй дар хамаи сохторхо, барномахо, намуди фаъолият ва амалиёт, рохбарии онхо мувофики принсипхои конуният, идоракунии устувори молиявй ва шаффофият равона карда мешавад.
- Низоми назорати дохилй дар ташкилотхои бахши давлатй барои ноил гардидан ба максаддои зерин ташкил карда мешавад:
– дурустй ва мукаммалии иттилооти молиявй ва идоракунй;
– фаъолияти натичабахшу сарфакорона ва самараноки макомоти давлати ва ташкилотхои бахши давлатй;
– нигохдории дороихо;
– риоя намудани конунгузории Чумхурии Точикистон.
БОБИ 2. МАКОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ
ИДОРАКУНИИ МОЛИЯВЙ ВА НАЗОРАТИ ДОХИЛЙ
ДАР БАХШИ ДАВЛАТИ
Моддаи 4. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи
идоракунии молиявй ва назорати дохилй
дар ташкилотхои бахши давлати
- Макоми ваколатдори давлати дар сохаи идоракунии молиявй ва назорати дохилй дар ташкилотхои бахши давлати Вазорати молияи Чумхурии Точикистон мебошад.
- Бо максади мутобиксозй ва хамохангсозии идоракунии молиявй ва назорати дохилй дар ташкилотхои бахши давлатй, макоми ваколатдори давлати корхои зеринро анчом медщад:
– сиё’сати назорати дохилии молиявиро тибки меъёрхои байналмилалй ва конунгузории Чумхурии Точикистон тахия ва амалй менамояд;
– хар сол оид ба фаъолияти хамаи вохк ,ои сохтори аудити дохилии макомоти давлатй ва ташкилотхои бахши давлатй хулосаи тахлилй медихад;
– барои гузаронидани мушохидаи идоракунии молияви ва назорат фармонхо интишор менамояд, ки ичрои он дар хамаи макомоти давлатй ва ташкилотхои бахши давлатй хатми мебошад;
– хисоботи солонаро оид ба холати назорати дохилй дар ташкилотхои бахши давлатй хар сол то 1 май ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход мекунад;
– барои такмили ихтисос ва бозомузии мутахассисони макомоти молия доир ба масъалахои идоракунии молияви ва назорати дохилй дар ташкилотхои бахши давлатй мусоидат менамояд, инчунин хамохангсозии корхоро дар ин соха анчом медихад;
– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, амали менамояд.
БОБИ 3. ХИСОБОТ ВА МАСЪУЛИЯТИ ВДОРАКУНЙ
Моддаи 5. Хисоботи идоракунй дар ташкилотхои бахши давлатй
- Хисоботи идоракунй – ин вазифаи рохбари ташкилоти бахши давлатй доир ба пешниход намудани иттилоот оид ба риояи талаботи идораи устувори молияви мебошад, ки ба макомоти болой ва ваколатдори давлатй пешниход менамояд, ки дар асоси маълумоти аник ва натичахои тахлили низоми назорати дохилй тартиб дода шудааст.
- Риояи талабот оид ба ташкил намудани хисоботи идоракунй барои шаффофият, мукоисаи маълумот дар бораи холати молиявии ташкилотхои бахши давлатй, инчунин даромаду харочоти онхо, ки барои истифодабарандагони ин хисобот зарур аст, хизмат менамояд.
Моддаи 6. Пешниход намудани хисобот
- Рохбарони аввали ташкилотхои бахши давлатй на дертар аз 1 апрели соли равон ба Вазорати молияи Чумхурии Точикистон хисоботи худро бо фарогирии иттилоот оид ба фаъолият, мувофикат, самараноки ва натичабахшии низоми идоракунии молияви ва назорати дохилй дар соли сипаришуда пешниход менамоянд.
- Шакл ва тартиби пешниходи чунин хисобот дар дастурхои методии макомоти ваколатдори давлатй мукаррар карда мешаванд.
Моддаи 7. Вазифахои рохбари аввали ташкилотхои бахши
давлатй ва ташкилотхои дигаре, ки ба низоми сохавии
идоракунй шомиланд
Вазифахои рохбарони аввали ташкилотхои бахши давлатй ва ташкилотхои дигаре, ки ба низоми сохавии идоракунй шомиланд, аз инхо иборатанд:
– муайян намудани максаду вазифахои ташкилотхое, ки ба онхо рохбарй менамоянд, тахия ва ичрои накшахои дарозмуддат (накшахои
стратеги, лакшахои фаъолият ва барномахое, ки ба амали намудани максадхо ва ичрои вазифахо равона гардидаанд;
– мушаххаскунию баходихй ва идора намудани таваккале, ки ба амалй гардондани максаду вазифахои ташкилот тахдид менамояд;
-банакшагири, идоракунй ва бахисобгирии маблагхои давлатй бо максади расидан ба хадаф ва вазифахои ташкилот;
– риояи принсипхои конуният, устувории идоракунй ва шаффофияти истифодаи маблагхои давлатй, инчунин идора ва харч намудани онхо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон;
– рохбарии самараноки кормандон ва ба сатхи зарурй бардоштани махорати касбии онхо;
– таъмини нигохдории дороихо ва иттилоот, инчунин хифзи боэътимоди онхо аз гумшавй ва дастрасии гайриконунй ба иттилоот ва дороихо;
-ташкил намудани сохтори маъмурии *муносиб барои самаранок анчом додани вазифахо;
– таксими сохахои масъулият дар раванди кабули карорхо, назорат ва анчом додани фаъолият;
– таъмини хисоботи пурраго сахех, дакику саривактй аз анчом додани хама гуна амалиёт;
– мушохида ва тачдиди системаи идоракунии молияви ва назорати кабули чорахое, ки барои такмил додани он равона шудаанд, аз руи тавсияхои аудити дохилй ва дигар санчишхо;
– хуччатикунонии хама амалиёт ва корхо, инчунин таъмини имконияти назорати раванди онхо дар ташкилот;
– чорй намудани расмиёти зиддикоррупсионй;
– хисоботдихй ва дар хуччатхо инъикос намудани холати низоми идоракунии молияви ва назорат.
БОБИ 4. УНСУРХОИ ИДОРАКУНИИ МО^ХИЯВЙ ВА НАЗОРАТИ
ДОХИЛИ ДАР БАХШИ ДАВЛАТЙ
Моддаи 8. Муайянкунии унсурхои идоракунии молияви ва
назорати дохилидар бахши давлатй
- Низоми идоракунии молияви ва назорати дохилй дар бахши давлатй бо истифодаи унсурхои зерин муайян карда мешавад:
– мухити назорати;
– идоракунии таваккал;
– амалй намудани чорабинихои гуногун№назорати дохили;
– иттилоот ва коммуникатсия;
– мониторинг.
- Рохбарони ташкилотхои бахши давлатй вобаста ба хусусиятхои чойдошта, ташкил, амалиёт ва инкишофи унсурхои идоракунии молияви ва назоратро таъмин менамоянд.)
Моддаи 9. Мухити назорати
- Мухити назорати – чорабинихои гуногуни назорат дар дохили низоми сохавии ташкилотхои бахши давлати мебошад, ки таксими вазифахо, зинабандии макомот ва коидахои дакики ичрои корхо, инчунин низоми мураттаб сохтану тартиби пешниход намудани хисоботи хизматиро таъмин менамояд.
- Мухити назорати аз масъалахои зерин иборат аст:
– одоби корбарии рохбарият ва кормандони ташкилот;
– усули идоракунии фаъолият;
– сохтори ташкилие, ки таксими ухдадорихо, сохаи масъулият ва принсипхои тартиб додани’ хисобот оид ба ичрои корхоро таъмин менамояд;
– сиёсату тачриба дар сохаи идора намудани кормандон;
– салохиятнокии кормандон.
Моддаи 10. Идоракунии имконпазирии таваккал
- Идоракунии таваккал аз мушаххаскунию баходихи ва назорати рафти ходисахо ва хояатхои имконпазире иборат мебошад, ки ба амалй гардидани максадхои ташкилот таъсири манфй мерасонанд.
- Рохбарони ташкилотхои бахши давлатй бояд барномаи идоракунии таваккалро тасдик намоянд, ки он дар муддати 3 сол як бор тачдиди назар карда мешавад.
- Мачмуи чорахои назоратие, ки ба пешгирии таваккал равона гардидаанд, хар сол бояд мавриди тахлил карор дода шавад.
Моддаи 11. Амалй намудани чорахои назорати
- Рохбарони ташкилотхои бахши давлатй мачмуи чорахои назоратиеро мукаррар ва амалй менамоянд, ки аз тасдики коидахои фаъолияти сохавй ва молияви, тафтиш ва пешниходи хисобот, тартиб додани хуччатхо оид ба анчоми амалиёти молияви ва амалхои дигари ба фаъолияти хочагиву молияви алокаманд мебошанд.
- Чорабинихои назорати дар шаклхои зерин амалй карда мешаванд:
– назорати пешакии амалиёти молияви аз тарафи сармухосиб;
– назорати чории амалиёти хисоббаробаркуни дар дохили ташкилот ва аз тарафи макомоти хазинадорй;
– назорати минбаъда аз тарафи макомоти ваколатдори давлатй.
- Амалигардонии чорахои назорати бояд ба хусусияти таваккали амалиёти молияви мувофик бошад.
Моддаи 12. Ваколагхои назоратии рохбари аввали ташкилоти бахши давлатй
- Ваколатхои назоратии рохбари аввали ташкилоти бахши давлатй аз инхо иборатанд:
– расмиёти додани ичозат ва тасдик;
– таксими ухдадорихо бояд тавре гузарад, ки як хизматчи хамзамон барои тасдик, ичро, пешниходи хисобот ва назорат барои ичрои кор чавобгар набошад;
– расмиёти имзои дунафара, ки имкон намедихад амалиёти молияви ва ё пардохт бе имзои рохбари ташкилоти бахши давлатй ва корманди масъули сабти мухосибот анчом ёбанд;
– хукук ба дастрасии дороихо ва иттилоот;
– назорати пешакии асоснокии муомилоти банакшагирифташуда, ки метавонад корманди махсус ваколатдоршуда ё шахси дигари аз чониби рохбари ташкилот таъиншуда онро амалй намояд;
– мукаррар намудани тартиб барои мураттаб сохтани хисоботи саривактии пурраю дуруст ва дакик оид ба анчоми хамаи амалиёт;
– тафтиш ва пешниходи хисобот дар бораи амалхои анчомёфта; – баходихии самараноки ва натичабахшии амалиёт;
– расмиёти мониторинг;
– коидахои идораи захираи кадрхо;
– коидахои тартиб додани хуччатхо оид ба анчоми хамаи амалиёт ва намудхои фаъолияте, ки ба фаъолияти ташкилот алокаманд мебошанд.
- Шартхо ва тартиби назорати пешакй аз тарафи рохбари ташкилоти бахши давлатй тибки дастурхои методии макоми ваколатдори давлати тасдик карда мешаванд.
Моддаи 13. Иттилоот ва коммуникатсия
Рохбарони аввали ташкилотхои бахши давлатй фаъолияти зарурии бахши иттилоотии низоми идоракунии молиявиро бо роххои зерин таъмин менамоянд:
– мушаххас, чамъ ва пахн намудани маълумоти сахех тибки шакл ва мухлатхои дахлдор, ки ба хар шахси мансабдор имкон медихад масъулияти муайянеро ба зиммаи худ гирад;
– самаранокии уфукй ва амудии иерархи дар ташкилот, ки ба шахсони мансабдор барои ба таври дахлдор ичро намудани ухдадорихояшон имконият медихад;
– рушди низоми муносиби иттилоотии идоракунии ташкилот, ки барои ирсоли фармоишу нишондодхои дакику возех ба кормандон ва зерсохторхо, ки ба фаъолияту масъулияти онхо дар доираи назорату идора намудани молия алокаманд мебошанд;
– чорй намудани низоми хуччатгузори ва гардиши хуччатхо, ки коидахои тахия намудан, ба расмият даровардан, ирсол, истифода намудан ва ба бойгонй супоридани онхо;
– хуччатикунонии хамаи амалиёт, раванд ва транзаксияхо бо максади таъмини накшаи муайян барои кори аудиторй, ки имконияти тахкик ва пешбурди мушохидаро фарохам меорад;
– ташкил додани низоми самараноки тахияи саривактии хисобот, оид ба дарача ва мухлати тахияи хисобот, намудхои хисобот ва маърузахое, ки ба баррасии рохбарият пешниход карда мешаванд, шаклимаърузахо дар холати ошкор намудани хатохо, .изоми нодурусти фаъолият, суиистеъмол, каллобй ва гайриконунй аз худ кардани маблагхо.
Моддаи 14. Мониторинг
- Дар хамаи ташкилотхои бахши давлати ба таври хатми низоми муосири мониторинга идоракунии молиявй ва назорат чорй карда мешавад, ки арзёбии муносибии фаъолияти он ва дар холати тагйир ёфтани шароит азнавсозии низоми идораро таъмин менамояд.
- Мониторинг бояд дар асоси назорати фаврии шахсии рохбари ташкилоти бахши давлатй, худбаходихии рохбар ва натичахои аудити дохили амали карда шавад.
БОБИ 5. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВЙ
Моддаи 15. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукукие, ки мукаррароти Конуни мазкурро риоя намекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгарй кашида мешаванд.
Моддаи 16. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти
Чумхурии ТочикистоЭмомали Рахмон
ш.Душанбе, 21 июли соли 2010
№626