Главная / Гуногун / Иди Курбон 2019 сол 11-уми август чашн гирифта мешавад

Иди Курбон 2019 сол 11-уми август чашн гирифта мешавад

Иди Курбон соли 2019-ум дар Точикистон кай чашн гирифта мешавад?  Маркази исломии Чумхурии Точикистон чаласаи навбатии Шурои уламо баргузор гардид. чаласаро Раиси Шурои уламои Маркази Саидмукаррам Абдукодирзода ифтитох намуда, ахли нишастро ба муносибати дахаи Зулхичча ва омад-омади Иди саиди курбон табрику тахният гуфт. Сипас Раиси Маркази исломи хозиринро бо рузномаи мачлис ошно намуда, кайд кард, ки мувофики далелхои илми ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон рузи Иди саиди курбон дар кишвар ба рузи 11-уми август рост меояд.

Пас аз баррасии масъалахои рузномаи мачлис аъзои Шурои уламо чунин карор карданд:

  1. Иди саиди курбон дар кишварамон рузи 11-уми августи 2019 сол муайян карда шавад.
  2. Намози ид дар тамоми масочиди чумхури соати 06.30 баргузор карда шавад.

Дар анчоми мачлис раиси Маркази исломии Точикистон Саидмукаррам Абдукодирзода аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизахояшон рочеъ ба неъмати бебахои сулху ороми суханрони намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табакаи ниёзманди чомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз сахми худро гузоранд.

Мачлис бо дуои хайри ахли нишаст дар хакки Пешвои миллат ва мардуми кишвар хусни анчом пазируфт.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

buxoro-1

Хунарманди дар асри XVI

Истехсолоти хунарманди ва сифати махсулоти он дар давоми асри XVI ба холати пешинаи худ боки …