Главная / Чамъият / Ичрои ухдадории андоз хангоми бархамдихии шахси хукуки

Ичрои ухдадории андоз хангоми бархамдихии шахси хукуки

Моддаи 60-и Кодекси Андоз. Ичрои ухдадории андоз хангоми бархамдихии шахси хукуки

  1. Муассиси (муассисони) шахси хукуки – резидент, макомоти ваколатдори он ё суд дар давоми 5 рузи кори аз рузи кабули карор дар бораи бархамдихи ба таври хатти дар ин хусус ба макомоти андози махалли чойгиршавиаш хабар медиханд.
  2. Шахси хукукии бархамдодашаванда дар давоми 3 рузи кори аз рузи тасдик намудани тавозуни фосилавии бархамдихиаш ба макомоти андози махалли чойгиршавиаш дар як вакт ариза дар бораи гузаронидани санчиши мачмуии андоз ва хисоботи андозии бархамдихи пешниход мекунад.
  3. Хисоботи андози бархамдихи аз руи намудхои андозхое тартиб дода мешавад, ки шахси хукукии бархамдодашаванда андозсупорандаи (агенти андози) онхо мебошад.
  4. Шахси хукукии бархамдодашаванда андозхоеро, ки дар хисоботи андозии бархамдихи дарч шудаанд, на дертар аз 10 рузи таквими аз рузи ба макомоти андоз пешниход шудани хисоботи андозии бархамдихи пардохт менамояд.
  5. Санчиши мачмуии андоз бояд на дертар аз 20 рузи кори баъди аз чониби макомоти андоз гирифтани аризаи шахси хукукии бархамдодашаванда огоз гардад.
  6. Карзи андози шахси хукукии бархамдодашаванда аз хисоби маблагхои пулии вай, аз чумла маблагхои аз фуруши молу мулки вай бадастомада, бо навбати мукаррарнамудаи санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон пардохт карда мешавад.
  7. Шахсоне, ки замини шахси хукукии бархамдодашаванда – корхонаи кишоварзи ба онхо дода мешавад, аз руи маблаги бокимондаи карзи андози хамин шахси хукукии бархамдодашаванда масъулияти иловаги доранд.
  8. Агар молу мулки шахси хукукии бархамдодашаванда барои пардохти пурраи карзхои андозаш кифоя набошад, кисми бокимондаи карзи андоз аз чониби муассисони (иштирокчиёни) шахси хукукии бархамдодашаванда пардохт мешавад, агар мутобики конун, оиннома ё хуччатхои муассиси онхо доир ба ухдадорихои корхона (ташкилот) чавобгарии муштаракро ба зимма дошта бошанд.
  9. Пас аз хотимаи санчиши мачмуии андоз ва пурра пардохтани карзи андоз шахси хукукии бархамдодашаванда хамзамон ба макомоти андози махалли чойгиршавиаш тавозуни бархамдихи пешниход менамояд.

10.Макомоти андоз вазифадоранд тибки тартиб ва дар мухлатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ба андозсупоранда оид ба карздор набуданаш маълумотнома диханд.

  1. Ичрои ухдадории андози филиал ва намояндагии шахси хукуки – гайрирезидент, муассисаи доимии шахси хукукии хоричи, ки фаъолияташонро дар Чумхурии Точикистон катъ менамояд тибки тартиби мукаррарнамудаи хамин модда анчом дода мешавад.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …