Главная / Чамъият / Ичрои ухдадорихои андоз хангоми азнавташкилдихии шахси хукуки

Ичрои ухдадорихои андоз хангоми азнавташкилдихии шахси хукуки

Моддаи 61-и Кодекси Андози. Ичрои ухдадорихои андоз хангоми азнавташкилдихии шахси хукуки

  1. Ичрои ухдадории андози шахси хукукии азнавташкилшуда ба зиммаи вориси (ворисони) хукукии он гузошта мешавад.
  2. Мукаррар намудани вориси (ворисони) хукуки, инчунин хиссаи иштироки вориси (ворисони) хукуки дар пардохт намудани карзи андози шахси хукукии азнавташкилшуда тибки конунгузории граждании Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  3. Шахси хукуки дар давоми 5 рузи кори аз рузи кабули карор дар бораи азнавташкилдихи бо рохи муттахид, хамрох, чудо ё таксим кардан дар ин хусус ба таври хатти ба макомоти андози махалли чойгиршавиаш хабар медихад.
  4. Дар давоми 3 рузи кори аз рузи тасдики санади супоридан ё тавозуни таксимкуни шахси хукукии азнавташкилшаванда ба макомоти андози махалли чойгиршавиаш дар як вакт ариза дар бораи гузаронидани санчиши андоз вахисоботи андозии бархамдихипешниход менамояд.
  5. Хисоботи андозии бархамдихи аз руи намудхои андозхое тартиб дода мешавад, ки шахси хукукии азнавташкилшаванда андозсупорандаи (агенти андози) онхо мебошад.
  6. Азнавташкилдихии шахси хукуки барои тагйир додани мухлатхои ичрои ухдадории андозии вай оид ба пардохти андозхо аз чониби вориси (ворисони) хукукии хамин шахси хукуки асос намебошад.
  7. Санчиши андоз бояд на дертар аз 20 рузи кори баъди аз чониби макомоти андоз гирифтани аризаи шахси хукукии азнавташкилшаванда огоз гардад.
  8. Хангоми муттахидшавии (якчояшавии) якчанд шахси хукуки вориси хукукии онхо оид ба ичрои ухдадорихои андоз шахси хукукии навтаъсис эътироф мегардад. Парвандахои шахсии андозии шахсони хукукие, ки ба хайати шахси хукукии навтаъсис хамрох шудаанд, дар асоси санади супоридан ба макомоти андози махалли чойгиршавии шахси хукукии навтаъсис супорида мешаванд.
  9. Хангоми хамрохшавии як шахси хукуки ба шахси хукукии дигар вориси хукукии шахси хукукии хамрохшуда оид ба ичрои ухдадорихои андоз шахси хукукие эътироф мешавад, ки шахси хукукии мазкур ба он хамрох шудааст. Парвандаи шахсии андозии шахси хукукии хамрохшуда дар асоси санади супоридан ба макомоти андози махалли чойгиршавии шахси хукукие дода мешавад, ки шахси хукукии мазкур ба он хамрох шудааст.
  10. Хангоми таксим шудани шахси хукуки шахсони хукукии навтаъсис, ки дар натичаи чунин таксимшави ба вучуд омадаанд, дар кисмати ичрои ухдадорихои андоз ворисони хукукии шахси хукукии азнавташкилшуда эътироф мешаванд.
  11. Хангоми чудошави аз шахси хукуки шахсони хукукии навтаъсис, ки дар натичаи чунин чудошави ба вучуд омадаанд, инчунин шахси хукукии мазкур оид ба ичрои ухдадорихои андоз ворисони хукукии шахси хукукии азнавташкилшуда эътироф мешаванд, агар санади супоридан тартиби дигареро пешбини накарда бошад.
  12. Агар тавозуни таксимоти ё санади супоридан имконият надихад, ки хиссаи иштироки хар вориси хукукии шахси хукукии азнавташкилшуда оид ба ичрои ухдадорихои андоз муайян карда шавад ё аз чониби ин ё он вориси хукуки пурра ичро гардидани ухдадорихои андозро истисно намояд, пас шахсони хукукии навтаъсис оид ба ичрои ухдадорихои андози шахси хукукии азнавташкилёфта ё кисми дахлдори ухдадорихои андози номбаршуда ухдадории муштарак доранд.
  13. Хангоми табдил додани як шахси хукуки ба шахси хукукии дигар бо рохи тагйир додани шакли ташкилию хукуки вориси хукукии шахси хукукии азнавташкилёфта оид ба ичрои ухдадорихои андоз шахси хукукии навтаъсис ба хисоб меравад.
  14. Шахсони хукукии дар натичаи чудошавии шахси хукуки ташкилёфта ухдадорихои андозии шахси хукукии азнавташкилёфтаи мазкурро муштарак ичро менамоянд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …