Главная / Чамъият / Ичрои карор оид ба махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсус

Ичрои карор оид ба махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсус

Моддаи 233-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Ичрои карор оид ба махрум кардани шахси вокеи аз хукуки махсус 

  1. Карори судя дар бораи махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи воситаи наклиёт аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори макомоти дахлдори корхои дохили ичро карда мешавад.
  2. Карори судя дар бораи махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи воситахои наклиёти техники (трактор, мошинахои худгард ва дигар намудхои техникаи кишоварзи) аз чониби шахсони мансабдори ваколатдори макомоти назорати давлатии холати техники ичро карда мешавад.
  3. Карори судя дар бораи махрум кардани шахси вокеи аз хукуки идораи киштихои хурдхачм аз тарафи шахсони мансабдори макомоти ваколатдори давлати ба ичро расонида мешавад.
  4. Карори судя дар бораи махрум кардани шахси вокеи аз хукуки истифодаи воситахои радиоэлектрони ё тачхизоти баландбасомад аз тарафи шахсони мансабдори ваколатдори макомоти анчомдихандаи  назорати давлатии сохаи алока ичро карда мешавад.
  5. Карори судя дар бораи махрум кардани шахси вокеи аз хукуки шикор аз тарафи шахсони мансабдори макомоти ваколатдори назорати давлатии риояи коидахои шикор ичро карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …