Главная / Гуногун / Ибни Сино табиби хеле машхур гузаштаги будааст.

Ибни Сино табиби хеле машхур гузаштаги будааст.

Мегуянд, ки Абуали ибни Сино табиби хеле машхур гузаштаги будааст. У нафакат  дар шахри худаш, балки дар мамлакатхои дигар хам деха ба деха гашта, беваю бечорагонро  бемузу  беминнат табобат  мекардааст.

Як руз вай барои дам гирифтан ба куча баромадааст. Дар вакти аз назди як хавли гузаштан дидааст, ки дар сари як касал одами бисьёр чамъ шуда, хаёхуй карда истодааст. Абуали Сино ин ходисаро дида, хайрон шудааст ва за дилаш гузарондааст, ки чаро мардум дар болои одами касал гавго мекунанд? Охир у токат карда натавониста, ба он хона даромадааст. Домуллохо ин одами ношиносро дида амр кардаанд, ки у аз он чо зуд баромада равад. Сино ба гапи онхо гуш надодааст ва хохиш карадааст, ки ба у касалро нишон диханд. Домуллохо ба вай гуфтаанд:

– Хозир чильёсин кардем, агар ба шумо нишон дихем, чину ачинаи вай ба чонат зарар мерасонанд.

Яке аз одамон гуфтааст:

– Майлаш, монед, кани бинем, ин одам чи кор мекунад?

Абуали Сино касалро дида, ба у дору додаст. Баъди доруро хурдан касал камтар ором шуда, сарашро аз болишт бардошта, ба домуллохо гуфтааст:

– Чину ачина худи шумо будаед. «сихат мекунем» гуфта, одамро мекуштаетон-ку!

Хама хайрон монданд, ки касали хеч гап зада наметавонистаги, ба гап даромад. Яке аз одамхо Абуали Синоро шинохта, ки будани уро ба мардум фахмондааст. Баъд одамон ба Абуали Сино сачда карда, аз у узр хостаанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …