Главная / Чамъият / ИТТИФОКХОИ КАРЗИ

ИТТИФОКХОИ КАРЗИ

Конуни Чумхурии Точикистон

ДАР БОРАИ ИТТИФОКХОИ КАРЗИ  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2013, №3, мод. 185)

Конуни мазкур асосхои хукуки, иктисоди ва ташкилии фаъолияти иттифокхои карзиро мукаррар намуда, муносибатхои байни шахсони вокеи ва хукукиро, ки дар фаъолияти онхо ба миён меоянд, танзим намуда, манфиатхои аъзои иттифокхои карзиро хифз ва истифодабарии самараноки манбаъхои захирахои карзиро дар Чумхурии Точикистон таъмин менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
– иттифокхои карзи – ташкилотхои гайритичоратии карзи, ки дорои хукукхои шахси хукуки буда, барои ба аъзои худ расонидани хизматхои молияви бо рохи муттахид намудани воситахои пулии шахсии аъзояш ва карздихии байнихамдигарии онхо таъсис дода  мешаванд;
– узви иттифоки карзи – шахси вокеие, ки барои дохил шудан ба иттифоки карзи аъзохаккии дохилшавиро тибки оиннома месупорад;
– аъзохаккии дохилшави – хакки аъзои иттифоки карзи, ки хангоми дохилшави ба он дар шакли пули  барои таъмини фаъолияти иттифоки карзи  пардохт карда  мешавад;
– аъзохаккии  иловаги – хакки аъзои иттифоки карзи, ки хангоми зарурати чуброни зиёни иттифоки карзи тибки Конуни мазкур ва оинномаи он пардохт карда  мешавад.
Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи   иттифокхои карзи
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи иттифокхои карзи ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон,  инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Максадхои асосии иттифокхои карзи
Иттифокхои карзи барои ичрои максадхои асосии зерин таъсис дода мешаванд:
– муттахид намудани воситахои пулии  аъзои иттифоки карзи;
– карздихии байнихамдигарии  аъзои иттифоки карзи;
–  расонидани хизматхои молияви ба  аъзои иттифоки карзи;
– чалби аъзои  иттифоки карзи ба идоракунии фаъолияти он.
Моддаи 4. Принсипхои ташкили фаъолияти иттифокхои карзи
Иттифокхои карзи фаъолияти худро дар асоси принсипхои зерин амали менамоянд:
– худидоракунии иктисоди ва мустакилияти хочагидори;
– ихтиёри будани аъзошави ба  иттифоки карзи;
– иштироки аъзои иттифоки карзи дар фаъолияти он;
– идоракунии фаъолияти иттифоки карзи дар асоси баробархукуки;
– баробархукукии аъзои иттифоки карзи хангоми пешниходи карзхо ба онхо;
– дастрасии иттилоот оид ба фаъолияти иттифоки карзи барои аъзои он.
Моддаи 5. Фаъолияти  иттифокхои карзи
Иттифокхои карзи  барои амали намудани фаъолияти худ амалиёти зеринро мегузаронанд:
– чалби маблаги пулии аъзои иттифоки карзи дар асоси шартномахои карздихи;
– додани карзхо ба аъзои  иттифоки карзи;
– таъмини кафолатхо аз руи ухдадорихои карзии аъзои иттифоки карзи ба маблаге, ки оинномаи  он муайян намудааст;
– расонидани хизматхои машварати ва ахбороти ба аъзои иттифоки карзи.

Моддаи 6. Иттиходияхои иттифокхои карзи
1. Иттифокхои карзи барои химоя ва муаррифии манфиатхои умуми, хамохангсозии фаъолияти худ, амали намудани лоихахои муштарак ва халли дигар масъалахо  метавонанд иттиходияхо (ассотсиатсияхо) таъсис диханд.
2. Фаъолияти чунин иттиходияхо (ассотсиатсияхо) ва ташкилотхои гайритичорати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАЪСИСДИХИИ  ИТТИФОКХОИ КАРЗИ

Моддаи 7. Тартиби  таъсисдихии иттифокхои карзи
1. Иттифоки карзи аз чониби на кам  аз 10 нафар  шахсони вокеи таъсис дода мешавад.
2. Муассисони иттифоки карзи бояд аз руи шугл ва касб ба хам наздик ва ё корфармои умуми дошта, дар як ё якчанд махаллахои ахолинишин ба хам наздик истикомат намоянд.

Моддаи 8. Ухдадорихои муассисони иттифокхои карзи
Муассисони иттифокхои карзи ухдадоранд:
– оинномаи иттифоки карзиро, ки фаъолияти онро танзим менамояд, дошта бошанд;
– иттифоки карзиро аз кайди давлати гузаронанд;
– аъзои раёсат, кумитаи карзи ва комиссияи тафтишотии иттифоки карзиро интихоб намоянд;
– дигар амалхои марбут ба идоракунии фаъолияти иттифоки карзиро ичро намоянд.

Моддаи 9. Оинномаи иттифокхои карзи
1. Иттифокхои карзи дар асоси оиннома амал намуда,  ухдадоранд талаботи оинномаро пурра ичро намоянд.
2. Оинномаи иттифокхои карзи талаботи зеринро дар бар мегирад:
–  иттифоки карзи бояд ташкилоти гайритичорати бошад;
– иттифоки карзи бояд  номи пурра ва мухтасар дошта бошад;
–  руйхати махаллахои ахолинишин, ки фаъолияти иттифоки карзи дар худуди онхо амали карда мешавад;
– хукук ва ухдадорихои аъзои иттифоки карзи;
– тартиб ва шартхои кабул ва хорич намудан аз  аъзогии иттифоки карзи;
– маблаги хадди акалли аъзохаккии дохилшави, ки   ба иттифоки карзи пардохт карда мешавад;
– тартиб ва шартхои пардохт ва бозпас гирифтани аъзохакки аз чониби аъзои иттифоки карзи;
– руйхати аъзои  иттифоки карзи;
– макомоти идоракунии иттифоки карзи, тартиби кабули карорхо аз чониби онхо ва  номгуи масъалахое, ки барои баррасии онхо  аксарияти овозхои  аъзои иттифоки карзи лозим аст;
– таксими ухдадорихо байни макомоти идоракунии иттифоки карзи;
– тартиб ва шартхои пешниходи карзхо ба аъзои иттифоки карзи, инчунин талабот оид ба таъмини онхо;
– тартиби чойгиркунони ва нигохдории маблаги аъзои  иттифоки карзи;
– тартиби ташкили захирахо барои чуброни талафу зиёнхои  карзии эхтимоли, инчунин дигар захирахои иттифоки карзи, агар чунин захирахо ташаккул ёбанд;
– тартиби ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи иттифоки карзи;
– дигар талаботи марбут ба хусусиятхои фаъолияти иттифоки карзи, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст.

Моддаи 10. Номхои иттифокхои карзи
1. Иттифокхои карзи дар хамаи хуччатхо ва эълону рекламахо танхо хамон номхоеро истифода мебаранд, ки дар оинномаашон кайд шудаанд.
2. Ба иттифокхои карзи ва иттиходияхои онхо, ба истиснои иттифоки карзии умумичумхурияви, дар ном ва нишони худ истифодабарии калимахои “милли”, “маркази” ва “Точикистон” дар шакли пурра ва ё мухтасар ба хар гуна забонхо ва дар пайвастаги бо дигар калимахо манъ аст.

Моддаи 11. Сармояи иттифокхои карзи
1. Сармояи иттифокхои карзи аз аъзохаккии пардохтшуда, захирахои тибки талаботи мукарраршуда ташкилнамудаи иттифоки карзи ва даромади таксимнашуда иборат мебошад. Дар ташаккулёбии сармояи иттифокхои карзи воситахои асоси, когазхои киматнок ва дигар дороихои гайримодди истифода бурда намешаванд.
2. Сармояи иттифокхои карзи хамчун чораи мухофизати метавонад барои пешгирии таваккалхои имконпазире, ки дар чараёни фаъолияти он пайдо мешаванд, истифода бурда шавад.

БОБИ 3. АЪЗОГИ БА ИТТИФОКИ КАРЗИ

Моддаи 12. Аъзоги ба  иттифоки карзи
1. Хар  шахси вокеи, ки дар лахзаи дохилшави ба иттифоки карзи ба синни 18 расидааст, тибки мукаррароти моддаи 7 Конуни мазкур, метавонад узви иттифоки карзи шавад.
2. Раёсати иттифоки карзи пешниходро дар бораи кабул намудан ба аъзогии иттифоки карзи барраси намуда, оид ба он карор кабул менамояд.
3. Узви иттифоки карзи, ки барои чиноятхои дар сохаи фаъолияти  иктисоди содирнамудааш доги суди дорад, наметавонад ба аъзогии раёсат, кумитаи карзи ва ё комиссияи тафтишоти интихоб шавад.
4. Узви  иттифоки карзи барои ичрои ухдадорихои он баробар ба маблаги аъзохаккии пардохтааш масъулият дорад.
5. Аъзои иттифоки карзи хукук доранд бо оиннома, хисоботи молияви ва фехристи аъзои иттифоки карзи шинос шаванд.
Моддаи 13. Катъ  намудани аъзоги ба  иттифоки карзи
1. Аъзоги ба иттифоки карзи дар холатхои зерин катъ карда мешавад:
– баромадан аз иттифоки карзи;
– додани аъзохакки  ба дигар аъзои иттифоки карзи;
– вафоти узви иттифоки карзи;
– риоя накардани талаботи оинномаи иттифоки карзи.
2. Баромадан аз иттифоки карзи бо тартиби пешбининамудаи оинномаи он сурат мегирад.
3. Карори чаласаи раёсати иттифоки карзи оид ба хорич намудани аъзои иттифоки карзи аз аъзоги дар мачлиси умумии аъзои иттифоки карзи тасдик карда мешавад.
4. Аз руи карори иттифоки карзи оид ба хорич намудани узви иттифоки карзи  ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

БОБИ 4. ИДОРАКУНИИ ИТТИФОКХОИ КАРЗИ

Моддаи 14. Макомоти идоракунии иттифокхои карзи
1. Идоракунии иттифоки карзи аз чониби мачлиси умумии аъзои иттифоки карзи, раёсат, кумитаи карзи ва комиссияи тафтишотии он амали карда мешавад.
2. Сохтори макомоти идоракунии иттифоки карзи, салохият, хукук, ухдадорихо ва ташкили фаъолияти он дар оинномаи иттифоки карзи  мукаррар карда мешаванд.
3. Карорхои кабулшуда бо тартиби хатми ба маълумоти хамаи аъзои иттифоки карзи  расонида мешаванд.
4. Протоколхои мачлиси умуми,  чаласахои раёсат ва комиссияи тафтишотии иттифоки карзи хамчун хуччатхои мухими хисоботи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон нигох дошта мешаванд.

Моддаи 15.  Мачлиси умумии  аъзои иттифокхои карзи
1. Мачлиси умумии аъзои иттифоки карзи макоми олии идоракунии он буда, барои халли масъалахои марбут ба ташкил ва танзими фаъолияти он ваколатдор аст.
2. Мачлиси умуми аз чониби раёсати иттифоки карзи дар мухлати мукаррарнамудаи оиннома, вале на камтар аз як маротиба дар як сол ва на дертар аз се мохи баъди анчоми соли молияви даъват карда мешавад.
3. Мачлиси умумии гайринавбати дар холатхое, ки оинномаи иттифоки карзи  муайян намудааст, инчунин бо ташаббуси раёсати иттифок, комиссияи тафтишоти ва ё дар асоси аризаи хаттии на камтар аз дах як хиссаи аъзои иттифоки карзи  ба унвони раёсат даъват карда мешавад. Дар холати аз чониби раёсати иттифоки карзи  рад шудани даъвати мачлиси умуми ваколати даъвати онро комиссияи тафтишоти амали менамояд. Хангоми рад шудани таклифи комиссияи тафтишоти даъвати мачлиси умумиро гурухи ташаббускор аз чумлаи аъзои иттифоки карзи ба зимма мегирад.
4. Мачлиси умумии иттифоки карзи салохиятнок хисобида мешавад, агар дар он зиёда аз 50 фоизи аъзои иттифоки карзи  иштирок дошта бошад.
5. Раёсати иттифоки карзи  аъзои онро  оид ба даъват ва рузномаи мачлиси умуми  пешаки, вале на дертар аз хафт руз то гузаронидани он огох месозад. Иштирок накардани узви иттифоки карзи дар мачлиси умуми уро аз ухдадории ичрои карори мачлиси умуми озод намекунад.
6. Ба салохияти мачлиси умуми мансубанд:
– тасдики оинномаи иттифоки карзи ва ворид намудани тагйиру иловахо ба он;
– тасдики карорхои кабулнамудаи раёсат ва шунидани хисоботи комиссияи тафтишоти;
– интихоби раиси иттифок ва аъзои раёсат, раиси кумитаи карзи, раис ва аъзои комиссияи тафтишоти  ва катъ намудани ваколатхои онхо;
– тасдики хисоботи солона, тавозуни мухосиби, тартиби таксими даромадхо ва чуброни зиёнхои иттифоки карзи (агар чой дошта бошад);
– мукаррар намудани маблаги аъзохакки, дигар пардохтхо ва тартиби воридкунии онхо;
– тасдики намудхо ва маблаги умумии фондхои иттифоки карзи, инчунин шартхои ташаккулёби ва истифодабарии онхо;
– тасдики тартиби дохилшавии иттифоки карзи ба дигар иттифокхо ва ташкилотхои иттифоки ва хоричшави аз онхо;
– тасдики дастури кории кумитаи карзи;
– тасдики тартиби азнавташкилдихи ва расмиёти бархамдихии иттифоки карзи;
– баррасии дигар масъалахое, ки тибки оинномаи иттифоки карзи ба салохияти мачлиси умуми мансубанд.

Моддаи 16. Раёсати иттифокхои карзи
1. Раёсати иттифоки карзи бо шумораи на кам аз се нафар аз чумлаи аъзои  иттифоки карзи дар мачлиси умуми ба мухлати се сол интихоб карда мешавад ва идоракуниро аз руи фаъолияти он ичро менамояд.
2. Вазифаи асосии раёсати иттифоки карзи аз хифзу  нигохдории аъзохакки ва  хизматрасонии молияви барои аъзои  иттифоки карзи иборат мебошад.
3. Раёсати иттифоки карзи хар сол оид ба натичаи фаъолияти худ дар мачлиси умуми хисобот медихад.
4. Ба ваколатхои раёсати иттифоки карзи дохил мешаванд:
– тасдики коидахои фаъолияти иттифоки карзи ва тагйироти минбаъдаи онхо;
– мукаррар намудани  тартиб ва маблаги  воридкунии аъзохаккии  иловаги;
– халли масъалахои марбут ба кабул ва хорич намудани аъзои иттифоки карзи;
– тасдики карорхои кумитаи карзи оид ба додани карзхо ба аъзои иттифоки карзи;
–  муайян намудани маблаги музди мехнат барои кормандони кироя, агар чунин холат дар  оинномаи иттифоки карзи пешбини шуда бошад;
– амали намудани дигар ваколатхои марбут ба фаъолияти чории  иттифоки карзи, ки ба салохияти мачлиси умуми мансуб нестанд;
5. Аъзои раёсати иттифоки карзи хукук  доранд  дар хар вакти дилхох бо пешниходи аризаи хатти ба унвони раиси раёсати иттифок ба истеъфо раванд.
6. Аъзои раёсати иттифоки карзи  танхо бо карори мачлиси умуми аз вазифахои худ бозхонд карда мешаванд. Карор оид ба ин масъала бо тарафдории аз се ду хиссаи овозхои аъзои  иттифоки карзи, ки дар мачлис  иштирок доранд, кабул карда мешавад.
7. Раёсати иттифоки карзи дар мачлиси нахустини худ раис, мухосиб ва котибро интихоб менамояд.
8. Мачлиси раёсати иттифоки карзи аз руи зарурат, вале на камтар аз як маротиба дар як мох даъват карда мешавад. Раёсат барои халли масъалахои дар он баррасишаванда  хукук дорад, агар дар чаласа аз се ду хиссаи аъзои раёсат иштирок дошта бошанд.
9. Тахияи протоколи мачлис ва хисоботи стенограммавии мачлиси раёсати иттифоки карзи ба зиммаи котиби иттифоки карзи гузошта мешавад. Протоколи мачлиси чаласаи раёсати иттифоки карзи бо имзои раиси раёсат ва котиби иттифоки карзи ба расмият дароварда мешавад.
10. Аъзои раёсат, кумитаи карзи, комиссияи тафтишотии иттифоки карзи фаъолияти худро ройгон амали менамоянд. Бо карори мачлиси умуми онхо вобаста ба дарачаи иштирокашон дар фаъолияти макомоти идоракунии иттифоки карзи хавасманд гардонида мешаванд.

Моддаи 17. Кумитаи карзии иттифоки карзи
1. Дар иттифоки карзи кумитаи карзи таъсис дода мешавад, ки аъзои онро мачлиси умуми  интихоб менамояд.
2. Кумитаи карзи бо шумораи на кам аз се нафар аз чумлаи аъзои  иттифоки карзи ба мухлати се сол интихоб карда мешавад. Кумитаи карзии иттифоки карзи дар мачлиси нахустини худ раис ва котиби кумитаро интихоб менамояд ва дар хар вакти зарури мачлис мегузаронад.
3. Кумитаи карзи масъалахои  зеринро барраси менамояд:
– баррасии аризахои аъзои иттифоки карзи ва масъалахои  кор бо карзхо;
– тахияи дастури кории кумитаи карзи ва пешниходи он барои тасдик ба мачлиси умуми.
4. Кумитаи карзи аз руи аризаи хар як узви иттифоки карзи барои гирифтани карз алохида карор кабул мекунад.
5. Кумитаи карзи карорхои кабулнамударо оид ба додани карз ба аъзои иттифоки карзи барои тасдик ба раёсати иттифоки карзи пешниход менамояд. Карзхо ба аъзои  иттифоки карзи пас аз тасдик шудани карори кумитаи карзи дар чаласаи раёсати иттифоки карзи дода мешаванд.
6. Узви  иттифоки карзи, ки аризаи он рад карда шудааст, метавонад аз руи ин карор ба раёсат ва мачлиси умумии иттифоки карзи шикоят намояд.

Моддаи 18. Комиссияи тафтишотии иттифоки карзи
1. Комиссияи тафтишотии иттифоки карзи дар  мачлиси умумии аъзои иттифоки карзи бо шумораи  на камтар аз се нафар аз чумлаи аъзои он ба мухлати се сол интихоб карда мешавад. Комисияи тафтишоти санчиши дурустии суратхисобхо, хуччатхо ва холати корхоро дар иттифоки карзи мунтазам  мегузаронад. Аъзои раёсат ва аъзои кумитаи карзи наметавонанд ба аъзогии комиссияи тафтишотии иттифоки карзи интихоб шаванд.
2. Комиссияи тафтишоти оид ба фаъолияти худ  хар сол як маротиба ба чаласаи мачлиси умуми хисобот медихад.
3. Комиссияи тафтишоти метавонад ба мачлиси умуми дар бораи манъ ва ё катъ намудани ваколати аъзои раёсат ва ё кумитаи карзии иттифоки карзи тавсия пешниход намояд. Карор оид ба ин масъала бо тарафдории аз се ду хиссаи аъзои комиссияи тафтишоти кабул карда мешавад.

Моддаи 19. Аудити  иттифоки карзи
1. Фаъолияти иттифоки карзи метавонад хар сол тахти санчиши аудитии дохили ва беруни карор гирад. Санчиши аудити дар холати кабул шудани чунин карор  пас аз ду мохи ба анчом расидани соли молиявии иттифоки карзи гузаронида мешавад.
2. Агар раёсати иттифоки карзи карор кунад, ки аудити беруни гузаронида нашавад, масъулияти аудити беруни ба зиммаи комиссияи тафтишотии иттифоки карзи гузошта мешавад.
3. Аудитор бояд дар бораи инъикоси аники холати молиявии иттифоки карзи дар охири соли хисоботи ва натичахои  фаъолияти молиявиро дар  соли хисоботи, инчунин оид ба дурустии пешбурди бахисобгири хулоса пешниход намояд. Санчиши аудити сифати дороихо, инчунин арзёбии кифояти хиссачудокунии заруриро ба захирахо барои пушонидани талафхои карзии эхтимоли дар бар мегирад.
4. Аудитор ба хамаи китобхои мухосиби, хисобхо, хуччатхои воридотию харочоти, хисоб-фактурахо ва дигар хуччатхои иттифоки карзи  бояд дастраси дошта бошад. Аъзои раёсат, кумитаи карзи ва комиссияи тафтишоти ба аудитор оид ба фаъолияти худ ахбори пурраро пешниход менамоянд.
5. Хулосаи аудити ва тавсияхо ба раёсати иттифоки карзи ва комиссияи тафтишоти пешниход карда мешаванд, ки ухдадоранд онхоро дар мачлиси умуми ба маълумоти аъзои иттифоки карзи расонанд.

 

БОБИ 5. АЪЗОХАККИ, ПАРДОХТ, БОЗПАС ГИРИФТАН ВА ДАРОМАД АЗ АЪЗОХАККИ

Моддаи 20. Аъзохакки дар иттифоки карзи
Маблаги хадди акалли аъзохакки  барои дохил шудан ба иттифоки карзи дар оинномаи иттифоки карзи муайян карда мешавад.

Моддаи 21. Тартиби пардохт ва бозпас гирифтани аъзохаккии пардохтшуда
1. Ба аъзои  иттифоки карзи оид ба пардохти аъзохакки  китобчаи аъзохакки ва ё дигар хуччате, ки пардохти маблагхои пулии аъзохаккиро ба иттифоки карзи  тасдик менамояд, дода мешавад.
2. Аъзои иттифоки карзи барои баромадан аз иттифоки карзи  раёсати иттифоки карзиро ба таври хатти огох менамоянд. Иттифоки карзи ухдадор аст дар давоми на камтар аз 30 рузи баъди воридшавии аризаи узви  иттифоки карзи  аъзохаккии  уро бозпас гардонад, агар дар оинномаи иттифоки карзи дигар холатхо пешбини нашуда бошанд.
3. Дар холати баромадани узви иттифоки карзи аз иттифоки карзи даромади аъзохаккии у дар мухлати се мох аз рузи дохилшави ба иттифоки карзи дода мешавад, агар дар оиннома тартиби дигаре пешбини нашуда бошад.
4. Иттифоки карзи дар холатхои истиснои бо розигии  раёсати иттифоки карзи метавонад мухлати дигари бозпас гирифтани аъзохаккиро то санаи эхтимолии аз  иттифоки карзи баромадани узви  иттифоки карзи  мукаррар намояд.
5. Аъзохаккии пардохтшудаи узви иттифоки карзи, ки   маблаги умумии ухдадорихои ин узви иттифоки карзиро  дар назди иттифоки карзи ба сифати карзгиранда пушонида наметавонад, бозпас гардонида намешавад.

Моддаи 22. Даромад  аз аъзохакки
1. Дар охири соли молияви мачлиси умуми маблаги даромади пардохтшавандаро аз аъзохакки расман эълон намуда, дар бораи пардохти даромадхо аз бакияи маблагхои иттифоки карзи пас аз хиссачудокунихои зарури ва ичрои пардохтхои нишондодашуда барои пушонидани харочоти иттифоки карзи карор кабул менамояд.
2. Ворисони узви вафоткардаи иттифоки карзи, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон эътироф шудаанд, метавонанд аъзохаккиро якчоя бо даромади хисобкардашудаи он ихтиёрдори  намоянд.

Моддаи 23. Истифодаи аъзохакки  барои пушонидани   ухдадорихои мухлаташон гузашта
Иттифоки карзи хукук дорад  дар сурати мавчуд будани хар гуна карз ва ё ухдадорихои аъзои иттифоки карзи дар назди иттифоки карзи аз даромади аъзохакки хисобкардашуда маблаги муайянро барои пушонидани  ин карзхо (ухдадорихо) ситонад.

 

БОБИ 6. КАРЗ ВА КАРЗГИРИХО

Моддаи 24. Карзи аз чониби иттифокхои карзи  додашаванда
1. Иттифоки карзи ба аъзои худ дар асоси талаботи мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва оинномаи иттифоки карзи, карз пешниход менамояд. Принсипхои пешбурди сиёсати карзи, мукаррар намудани мухлат ва шартхои бозгашти карз, меъёрхои карздихи ва шаклхои макбули таъмини онро мачлиси умуми бо дарназардошти талаботи оинномаи иттифоки карзи муайян менамояд.
2. Карз танхо ба аъзои иттифоки карзи тибки талаботи оинномаи иттифоки карзи дода мешавад.
3. Карз  метавонад таъминшуда ва таъминнашуда бошад. Карз ба аъзои иттифоки карзи метавонад аз хисоби замонати дигар аъзои иттифоки карзи дар асоси аъзохаккии  онхо таъмин карда шавад.
4. Карз вобаста ба хуччатгузории хукуки тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон ба расмият дароварда шуда, аз чониби раиси раёсати иттифоки карзи тасдик карда мешавад.

  1. Харочоти зарурии марбут ба холатхои барасмиятдарори ва пешниходи карз аз хисоби карзгиранда  пушонида мешавад.

Моддаи 25. Хусусиятхои карздихи
1. Иттифоки карзи ба аъзои раёсат, кумитаи карзи ва комиссияи тафтишоти бо риояи шартхои зерин  карз медихад:
– мутобикати карзи додашаванда ба талаботи Конуни мазкур, оиннома ва дастурамали  карздихи ба дигар  аъзо бо шартхои барои хамаи аъзои иттифоки карзи якхела;
– маблаги умумии карз, аз чумла кафолати онхо, ки ба аъзои иттифоки карзи дода мешавад, набояд аз маблаги  муайяннамудаи оинномаи иттифоки карзи зиёд бошад.
2. Маълумот дар бораи маблаги умумии карз, ки ба шахсони дар моддаи мазкур пешбинишуда дода мешавад, хатман ва мунтазам аз чониби комиссияи тафтишоти ва/ё аудити беруни тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон санчида шуда, ба маълумоти раёсат ва аъзои иттифоки карзи дар мачлиси умуми расонида мешавад.

Моддаи 26. Тартиби сармоягузории маблагхои иттифокхои карзи
Маблаги умумии сармоягузорихои иттифоки карзи ба воситахои асоси (бино, мебел ва тачхизот), ки барои пешбурди фаъолияти хочагидории иттифоки карзи заруранд, наметавонад аз маблаге, ки меъёрхои танзимкунандаи оинномаи иттифоки карзи мукаррар намудааст, зиёд бошад.

Моддаи 27. Захирахои таъсисдодаи иттифоки карзи
1. Иттифоки карзи ухдадор аст барои пушонидани талафот ва зиёнхои эхтимоли аз руи карзхо ва сармоягузорихо ва ё дигар талафот аз руи дороихое, ки байни аъзои иттифоки карзи таксим  шудаанд, ба истиснои холатхои бархамдихии иттифоки карзи, ба андозаи мукаррарнамуда  тибки  оинномаи иттифоки карзи захирахо таъсис дихад.
2. Хиссачудокунихо ба захирахо то пардохти даромадхо (дивидендхо)  аз руи аъзохаккии гузошташуда амали карда мешаванд.
3. Иттифоки карзи метавонад дигар захирахои марбутро барои ташаккулёби ва такмили фаъолияти худ таъсис дихад.

 

БОБИ 7. БАХИСОБГИРИ ВА ХИСОБОТДИХИИ ИТТИФОКХОИ КАРЗИ

Моддаи  28. Бахисобгири ва хисоботдихии иттифоки карзи
1. Соли молияви барои иттифоки карзи аз 1 январ то 31 декабр мукаррар карда мешавад.
2. Пешбарии китобхои мухосиби, хисобот, низоми  мухосиби ва тартиботи дохилии иттифоки карзи бояд ба талаботи Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи бахисобгирии мухосиби ва хисоботи молияви” ва оинномаи иттифоки карзи чавобгу бошанд.
3. Иттифоки карзи ухдадор аст бахисобгирии дакик ва нигохдории хуччатхои дар бахисобгирии мухосиби ва тахияи хисобот истифодашударо таъмин намояд.
4. Иттифоки карзи дар як сол як маротиба, вале на дертар аз  20 рузи  баъди анчоми соли молияви ба Бонки миллии Точикистон оид ба гузарондани амалиёти молияви ахборот пешниход менамояд.

Моддаи 29. Талаботи махсус
1. Иттифоки карзи дар холати фурухтани  молу мулки кафолати ба шахсоне, ки аъзои иттифоки карзи нестанд, ухдадор аст харочоти барасмиятдарории ахдномаи хариду фурушро бо розигии мачлиси умуми пушонад.
2. Хизматрасонии молиявии иттифокхои карзи, инчунин амалиёти марбут ба сармояи онхо ва маблагхои чалбшуда хусусияти тичорати ва  максади гирифтани фоидаро надоранд.
3. Харочоти иттифоки карзи аз кисмхои зерин иборатанд:
– харочоти зарурии марбут ба фаъолияти чории иттифоки карзи;
– даромадхо аз хисоби аъзохакки, ки дар чамъбасти соли молияви пардохт карда мешаванд;
– дигар харочоти пешбининашуда тибки оинномаи иттифокхои карзи.

 

БОБИ 8. АЗНАВТАШКИЛДИХИ ВА БАРХАМДИХИИ ИТТИФОКХОИ КАРЗИ

Моддаи 30. Тартиби азнавташкилдихи ва бархамдихии  иттифоки карзи
1. Иттифоки карзи метавонад бо риояи талаботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз нав ташкил  карда шавад.
2. Иттифоки карзи метавонад ихтиёран мавриди худбархамдихи карор гирад. Худбархамдихии иттифоки карзи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон бо дарназардошти хусусиятхои зерин амали карда мешавад:
– иттифоки карзи бояд пешниходи карзхоро аз лахзаи кабули карор оид ба худбархамдихи катъ намояд;
– иттифоки карзи пеш аз худбархамдихи бояд хамаи ухдадорихои худро дар назди карздихандагон ва  аъзои  иттифоки карзи  ичро намояд.
3. Дороихои иттифоки карзи, ки  баъд аз ичрои хамаи ухдадорихо аз маблаги умумии аъзохаккии пардохтшуда барзиёд боки мемонанд, дар байни аъзои иттифоки карзи тибки шартхои мукаррарнамудаи оинномаи  иттифоки карзи таксим карда мешаванд.
4. Бархамдихии иттифоки карзи дар холати гум кардани кобилияти пардохтпазири тибки Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи муфлисшави” амали карда мешавад.

 

БОБИ 9. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

Моддаи 31. Халли бахсхо
Бахсхое, ки дар раванди фаъолияти иттифокхои карзи пайдо мешаванд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барраси мегарданд.
Моддаи 32.Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни  мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 33. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни  мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти
Чумхурии Точикистон                                                                    Эмомали  РАХМОН
ш. Душанбе,

19 марти соли 2013,

№ 942

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …