Главная / Илм / ИШУРИЯ

ИШУРИЯ

ishuriaИШУРИЯ (Ischuria; юн. ischo – нигох доштан ва uron – пешоб), пешоб карда натавонистан. Асосан дар мардхо, баъзан дар занхо ва кудакон мушохида мешавад. И. бо сабабхои дучор омадани монеа дар рохи пешоб (бисёр вакт аденома, омос ё думбали гадуди простата, санг ва омоси пешобдон, танг шудани рохи пешоб бинобар илтихоб ё осеб, иллати узвхои кос ва пешоброха) ё инкишофи беморихои хароммагз ва магзи сар рух менамояд. Захролудии шадид аз машрубот, суиистеъмоли дорухои хобовар ва мухаддирот низ метавонанд боиси И. гарданд. Дар баъзе холатхо И. бар асари осеби рухи, аз сар гузарондани ягон чаррохи ва зодан низ пайдо мешавад (И.-и баъди чаррохи, И.-и баъди таваллуд).
Вобаста ба зухуроти болини И. гуногун мешавад. И.-и шадид ногахон ва бо дарду хохиши зуд-зуд пешоб кардан падид меояд. Хангоми муоина дар мавзеи зихор дамидагие ба мушохида мерасад, ки он далели аз хад зиёд пур будани шошадон аст. И.-и шадидро аз анурия фарк кардан лозим. Дар мавриди И.-и музмини пурра бемор мустакил пешоб карда наметавонад (пешоб солхои дароз аз катетер меояд). Хангоми И.-и музмини нопурра мариз метавонад пешоб кунад, вале шошадон пурра холи намешавад (пешоби бокимонда бисёр буда, баъзан ба хазорхо миллилитр мерасад). Чараёни И.-и музмини нопурра ноаён аст ва факат баъди инкишофи оризахо ба мушохида мерасад. Он боиси дар пешоброха банд гаштани пешоб ва халал ёфтани фаъолияти гурда мешавад. Яке аз шаклхои И., ки И.-и ногахони ном дорад, бо банд шудани пешоб, вале гайриихтиёр чакра-чакра чакидани он падид меояд. Сабаби бемори суст шудан (атония)-и мушакхои девораи пешобдон ва ёзидани халкамушак (сфинктер)-хои он аст.
И.-и шадид ёрии таъчили (ба пешобдон гузоштани катетер) мехохад. Маризро бо максади табобати минбаъда ба беморхона фиристодан лозим аст. Хангоми И.-и баъди чаррохи ва баъди таваллуд метавон аз чунин усулхои мукаррарии пешоброни истифода бурд, мас., бо оби гарм шустани аъзои таносул, кушода мондани чумаки об (садои рехтани об боиси омадани пешоб мешавад), ба масона фиристодани 5 – 10 мл махлули 1 – 2% новокаин. Дар сурати самараи дилхох надодани усулхои мазкур, пас пешобро бо катетер мегиранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …