Главная / Чамъият / ИШТИРОКИ ШАХРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТИ

ИШТИРОКИ ШАХРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИШТИРОКИ ШАХРВАНДОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ЧАМЪИЯТИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2009, №12, мод. )

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро, ки хангоми иштироки ихтиёрии шахрвандон дар таъмини тартиботи чамъияти ба вучуд меоянд, танзим менамояд.

Моддаи 1. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи иштироки шахрвандон дар таъмини тартиботи чамъияти

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи иштироки шахрвандон дар таъмини тартиботи чамъияти ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Иштироки шахрвандон дар таъмини тартиботи  чамъияти

Иштироки шахрвандон дар таъмини тартиботи чамъияти ба тарики зайл амали мегардад:

– иштироки инфироди;

– узвият дар дружинахои ихтиёри.

Моддаи 3. Принсипхои асосии иштироки шахрвандон дар таъмини тартиботи чамъияти

Принсипхои асосии иштироки шахрвандон дар таъмини тартиботи чамъияти инхоянд:

– ихтиёри будан;

– баробарии хама дар назди Конун;

– адолати ичтимои ва инсондусти;

– эхтиром ва риояи хукуку озодихои инсон ва шахрванд;

– хамкории доими бо макомоти давлатие, ки тартиботи чамъиятиро таъмин менамоянд;

-хифзи хукукию ичтимоии шахрвандон, ки дар таъмини тартиботи чамъияти иштирок мекунанд. 

Моддаи 4. Иштироки инфиродии шахрвандон дар таъмини тартиботи чамъияти

  1. Иштироки инфиродии шахрвандон дар таъмини тартиботи чамъияти дар асоси ихтиёри бо рохи мусоидат кардан ба макомоти корхои дохили дар таъмини тартиботи чамъияти, пешгирии хукуквайронкуни ва ташвикоти донишхои хукуки амали карда мешавад.
  2. Шахрванде, ки ба таври инфироди хохиши иштирок карданро дар таъмини тартиботи чамъияти дорад, бо ариза ба макомоти корхои дохилии махалли зист мурочиат менамояд, ки ба он нусхаи шиносномаи шахрванди Чумхурии Точикистон ва маълумотнома дар бораи вазъи саломати замима карда мешавад. Макоми корхои дохили дар мухлати то як мох аз рузи расидани мурочиатнома ухдадор аст оид ба мурочиати зикргардида карор кабул намояд ва аз натичааш мурочиаткунандаро огох созад.

Моддаи 5. Тартиби таъсис ва фаъолияти дружинаи ихтиёри

  1. Дружинаи ихтиёри гурухи ихтиёрии на камтар аз 10 нафар шахрванди Чумхурии Точикистон мебошад, ки бо максади мусоидат кардан ба макомоти корхои дохили барои таъмини тартиботи чамъияти ва пешгирии хукуквайронкуни дар чои кор, тахсилот ва махалли зисти шахрвандон бо тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур таъсис дода шуда, аз кайди бахисобгирии макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати гузаштааст ва тахти рохбарии макомоти корхои дохили дар махалхо фаъолият мекунад.

Таъсис додани дружинаи ихтиёри дар назди хизбхои сиёси, ташкилотхои дини ва иттиходияхои чамъияти манъ аст.

  1. Аъзои дружинаи ихтиёри шахрвандоне шуда метавонанд, ки ба синни 18 расидаанд, аз руи сифатхои кори, ахлоки, вазъи саломатиашон кобилияти ичрои вазифахоро оид ба таъмини тартиботи чамъияти доранд.
  2. Протоколи мачлиси умумии шахрвандон дар бораи таъсис додани дружинаи ихтиёри ва хайати он барои кайди бахисобгири ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати пешниход карда мешавад. Дружинаи ихтиёри аз рузи аз кайди бахисобгири гузаштанаш таъсисёфта хисоб шуда, шахси хукуки намебошад.

Агар хуччатхои пешниходшуда хилофи конунгузории амалкунанда бошанд, дружинаи ихтиёри ба кайд гирифта намешавад.

  1. Низомномаи дружинаи ихтиёри аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  2. Дружинахои ихтиёри фаъолияти худро тахти рохбари ва иштироки бевоситаи кормандони макомоти корхои дохили ба таври зайл амали мегардонанд:

– иштирок дар чорабинихо оид ба таъмини тартиботи чамъияти;

– хифзи тартиботи чамъияти дар майдону хиёбонхо, богхои истирохат, варзишгоххо, театрхо, кинотеатрхо, клубхо ва дигар чойхои чамъияти, инчунин дар вакти гузаронидани чорабинихои оммави;

– иштирок намудан дар чорабинихои пешгирии чинояткори ва хукуквайронкунии маъмури;

– ташкили чорахои таъхирнопазир барои бартараф кардани окибати офатхои табии, холатхои фавкулодда, пешгири намудани онхо ва расонидани кумак ба зарардидагон;

– пешгири намудани беназоратии кудакон ва хукуквайронкунии ноболигон;

– иштирок дар таъмини амнияти шахсии шахрвандон;

– иштирок дар таъмини амнияти харакат дар рох;

– иштирок дар таъмини амнияти сухтор.

  1. Ба аъзои дружинахои ихтиёри шаходатномаи махсус, ки намунааш дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон ягона буда, аз тарафи Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон тайёр карда мешавад ва хамчунин нишони сарисинагии «Дружиначи» дода мешавад.

Моддаи 6. Хукук ва ухдадории узви дружинахои ихтиёри

  1. Узви дружинаи ихтиёри хангоми иштирок дар таъмини тартиботи чамъияти хукук дорад:

– аз шахрвандон риояи тартиботи чамъиятии мукарраршуда, катъ кардани хукуквайронкуни ва амалхоеро, ки барои ичрои вазифахои узви дружинаи ихтиёри монеъ мешаванд, талаб намояд;

– ба кормандони макомоти корхои дохили дар санчиши хуччатхои шахсии шахрвандон, азназаргузаронии воситахои наклиёт, дастгир кардан ва ба макомоти хифзи хукук супурдани шахсоне, ки тартиботи чамъиятиро вайрон кардаанд, кумак расонад;

– ба макомоти корхои дохили дар амали намудани чорабинихо оид ба махдудкунии харакати воситахои наклиёт, дар таъмини тартиботи чамъяти, ичозати иштироки шахрвандон дар чорабинихои чудогонаи оммави мусоидат намояд;

– дар якчояги бо кормандони макомоти корхои дохили протоколро дар бораи хукуквайронкунии маъмури тартиб дихад;

– дар холатхои таъхирнопазир аз телефон ва дигар воситахои алокаи шахсони вокеи ва хукуки барои алока бо кормандони макомоти хифзи хукук, аз воситахои наклиёти шахсони хукуки ва шахрвандон барои ба муассисахои тандурусти овардани шахсони аз ходисахои нохуш ва ё хукуквайронкуни зарардида ва ба ёрии тибби мухточ истифода барад.

Шахрвандоне, ки ба сифати дружиначии ихтиёри дар таъмини тартиботи чамъияти иштирок мекунанд, хукук доранд аз ичрои ухдадорихои чамъияти даст кашанд, агар ба хаёт ва саломатии онхо хатар тахдид намояд.

  1. Узви дружинаи ихтиёри дар таъмини тартиботи чамъияти иштирок намуда, вазифадор аст:

– талаботи конунгузории Чумхурии Точикистонро риоя намояд, ба махдудкунии беасоси хукук ва озоди, содир кардани амалхое, ки шаъну шарафи инсон ва шахрвандро паст мезанананд, рох надихад;

– талаботи рохбарияти дружинахои ихтиёри ва кормандони макомоти корхои дохилиро хангоми гузаронидани чорахои якчоя аник ва софдилона ичро намояд;

– барои пешгири кардани чинояткори ва хукуквайронкуни, боздошт кардани шахсоне, ки чиноят содир кардаанд ё ба конуншикани рох додаанд, мухофизати чои ходиса чорахо андешад.

– хангоми маълумот додани шахрвандон дар бораи ходисахо ва кирдорхое, ки ба бехатарии шахсии шахрвандон, бехатарии чамъият ва  тартиботи чамъияти тахдид мекунанд, ба макомоти хифзи хукук хабар дихад;

– дар муносибат бо шахрвандон боодоб, хушмуомила ва боилтифот бошад;

– ба шахсоне, ки мухточи ёри хастанду аз чинояткори, хукуквайронкунии маъмури ва ходисахои нохуш зарар дидаанд, кумаки таъчили расонад;

– дониши хукукии худро такмил дихад, хукуку вазифахои аъзои дружинаи ихтиёриро аз худ намояд ва онро риоя кунад;

– хангоми ичрои вазифа бо худ шаходатнома дошта бошад ва ба шахрвандон мутобики мурочиати онхо пешниход намояд.

Моддаи 7. Махдудиятхои иштироки шахрвандон дар таъмини тартиботи чамъияти

  1. Шахрвандоне, ки дар таъмини тартиботи чамъияти иштирок мекунанд, хукук надоранд фаъолиятеро, ки Конуни мазкур пешбини накардааст, ичро намоянд, худро хамчун корманди макомоти хифзи хукук муаррифи кунанд, фаъолиятеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон ба салохияти макомоти хифзи хукук вогузор намудааст, ичро намоянд, хамчунин хукукхоеро, ки Конуни мазкур муайян кардааст, аз руи гараз ва ба манфиати шахси истифода баранд.
  2. Дар таъмини тартиботи чамъияти иштирок намудани шахрвандони ноболиг ва шахсоне, ки нисбати онхо парвандаи чинояти огоз карда шудааст ё доги суди доранд, хамчунин дар кайди диспансерхои наркологи ё беморихои рухи мебошанд ё гайри кобили амал ва ё кобилияташон махдуд эътироф шудаанд, манъ аст.
  3. Коидахои иштироки шахрвандон дар таъмини тартиботи чамъияти аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.
  4. Хукук, ухдадори, кафолати химояи хукуки, ичтимои ва чорахои хавасмандгардонии шахрвандоне, ки дар таъмини тартиботи чамъияти иштирок мекунанд, мутобики меъёрхои мукаррарнамудаи моддахои 6 ва 9 Конуни мазкур амали карда мешаванд.
  5. Макомоти таъмини тартиботи чамъияти наметавонад шахрвандонро барои иштирок дар чорабинихое, ки ба хаёту саломатии онхо тахдид мекунад, чалб намоянд.

Моддаи 8. Шароит ва хадди истифодаи кувваи чисмони аз чониби узви дружинаи ихтиёри

  1. Узви дружинаи ихтиёри дар амалиёти якчоя бо кормандони макомоти корхои дохили барои таъмини тартиботи чамъияти хукук дорад бо максади пешгирии амали шахсоне, ки тартиботи чамъиятиро риоя накардаанд, барои боздошт ва супоридани онхо ба макомоти хифзи хукук кувваи чисмониро ба кор барад, ба шарте, ки аз чорахои дигари номарбути истифодаи кувваи чисмони барои ичрои вазифа оид ба таъмини тартиботи чамъияти натичахои дилхох ба даст овардан имконнопазир бошад.

Хангоми истифода бурдани кувваи чисмони узви дружинаи ихтиёри ухдадор аст:

– вайронкунандаи тартиботи чамъиятиро дар бораи максади ба кор бурдани кувваи чисмони огох намояд, хамзамон барои амали намудани талаби худ бо назардошти вазъи мушаххас фурсати кифоя дихад, ба истиснои холатхое, ки истифода набурдани кувваи чисмони ба хаёт ва саломатии шахрвандон бевосита тахдид мекунад;

– вобаста ба хусусият ва дарачаи хатарнокии чамъиятии хукуквайронкуни ва шахсоне, ки онро содир кардаанд, кушиш кунад, ки то хадди имкон зарари дар ин холат расонидашаванда сабуктар бошад;

– хангоми ба кор бурдани кувваи чисмони ба шахсони зарари чисмони бардошта ёрии аввалини тибби расонад.

  1. Ба кор бурдани кувваи чисмони нисбати занхои хомиладориашон аён, шахсони нишони аники маъюби дошта ва ноболигон манъ аст.
  2. Амалиёти гайриконунии шахрвандоне, ки дар таъмини тартиботи чамъияти иштирок мекунанд, боиси чавобгарии мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон мегардад.
  3. Зарари аз амалиёти гайриконунии узви дружинаи ихтиёри ба шахсони вокеи ва хукуки расида, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар хачми пурра чуброн карда мешавад.

Моддаи 9. Кафолати химояи хукуки, ичтимои ва чорахои хавасмандкунии узви дружинаи ихтиёри

  1. Давлат химояи хукуки ва ичтимоии аъзои дружинаи ихтиёриро кафолат медихад.
  2. Ичрои талаботи конунии узви дружинаи ихтиёри хангоми иштирок дар таъмини тартиботи чамъияти аз тарафи шахрвандон хатми мебошад.

Ичро накардани талаботи конунии узви дружинаи ихтиёри, инчунин суикасд ба хаёт, саломатии у хангоми иштирок дар таъмини тартиботи чамъияти тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон боиси чавобгари мегардад.

  1. Агар узви дружинаи ихтиёри хангоми иштирок дар таъмини тартиботи чамъияти бо сабаби ичрои вазифа муваккатан корношоям гардад, ба у тибки конунгузории Чумхурии Точикистон кумакпулии корношоямии муваккати пардохт карда мешавад.

Агар узви дружинаи ихтиёри хангоми иштирок дар таъмини тартиботи чамъияти бо сабаби ичрои вазифа маъюб шуда бошад, ба у тибки конунгузории Чумхурии Точикистон нафака таъин карда мешавад.

  1. Барои иштироки фаъолона дар таъмини тартиботи чамъияти аъзои дружинаи ихтиёри хавасманд карда мешаванд.

Намудхои хавасмандгардонии шахрвандоне, ки дар таъмини тартиботи чамъияти иштирок мекунанд, чунинанд:

– эълон намудани сипоснома;

– сарфароз гардонидан бо ифтихорнома;

– мукофоти пули.

Шахсони хукуки дар доираи салохияти худ метавонанд ба кормандонашон, ки аъзои дружинаи ихтиёри мебошанд, бо пешниходи макомоти идораи дружинаи ихтиёри аз хисоби маблагхои худ кафолати мехнати ё мукофоти дигар  муайян намоянд.

Барои хизматхои махсус хангоми ичрои вазифаи чамъияти ва дар ин холат зохир намудани часорат ва кахрамони узви дружинаи ихтиёри тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба мукофотхои давлати пешбари карда мешавад.

Моддаи 10. Салохияти макомоти корхои дохили дар масъалахои иштироки шахрвандон дар таъмини тартиботи чамъияти

  1. Макомоти корхои дохилии шахр ва нохияхо дар доираи салохияти худ:

– барои созмон додани дружинахои ихтиёри дастгирии хамачониба ва кумаки хаматарафа мерасонанд;

– ба фаъолияти дружинахои ихтиёри ба тарики умуми рохбари мекунанд;

– ситодхои нохияви, шахрии дружинахои ихтиёриро созмон медиханд;

– мутобики Конуни мазкур ва санадхои дигари меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тартиб, шакл ва намуди чалби шахрвандон, дружинахои ихтиёриро ба чорабинихои таъмини тартиботи чамъияти, ки бо вазифахои назорати алокаманд намебошанд, муайян мекунанд;

– таълиму омузиши аъзои дружинахои ихтиёриро ташкил мекунанд, хукуку ухдадорихои онхоро фахмонида медиханд;

– бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати вобаста ба масъалахои фаъолияти шахрвандоне, ки дар таъмини тартиботи чамъияти иштирок мекунанд, хамкори менамоянд;

– фаъолияти дружинаи ихтиёриро дар заминаи нуктахои минтакавии милитсия ба рох мемонанд.

  1. Намунаи шаходатнома ва аломати тамгаро барои шахрвандоне, ки дар таъмини тартиботи чамъияти иштирок мекунанд, Вазорати корхои дохилии Чумхурии Точикистон тахия ва тасдик менамояд.

Моддаи 11. Маблаггузори ва таъминоти моддию техникии фаъолияти дружинаи ихтиёри

Маблаггузори ва таъминоти моддию техникии фаъолияти дружинаи ихтиёри аз хисоби маблаги бучети махалли, маблаги шахсони хукукие, ки дружинаи ихтиёриро созмон додаанд, инчунин аз хисоби маблаги хайрияи шахсони вокеи ва хукуки, манбаъхои дигари манънакардаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.

Моддаи 12. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукукие, ки мукаррароти Конуни мазкурро риоя намекунанд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 13. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                               Эмомали   Рахмон

 

ш. Душанбе, 3 декабри соли 2009,

№566

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …