Главная / Илм / ИСТИРОХАТ

ИСТИРОХАТ

istirohatИСТИРОХАТ, холати ором ё як навъ фаъолияти организм, ки хастагиро рафъ ва кобилияти кориро баркарор мекунад. Мехнат ва И. дар тахсил, кор ва диг. сохахои фаъолияти инсон робитаи ногусастани доранд. И.-и кам боиси куфтаги ва муддати дароз фарогат накардан, мучиби хастаги мешавад. Хастаги неруи мухофизи организмро коста, сабаби пайдоиши беморихои гуногун ва гум шудани кобилияти кори мегардад. Тартиби окилонаи мехнату И. имкон медихад, ки саломати ва кобилияти баланди кори муддати мадид махфуз монад.
И. аз нуктаи назари физиологи фаъолияти махсусест, ки хангоми он хучайра аз кор озод буда, таркиби худро баркарор мекунад. И.-и нисбатан пурраи организм хоб аст. Зимни он чараёни босуръати баркароршави (пеш аз хама дар хучайрахои магзи сар) ба амал меояд. Шарти мухими И.-и пурсамар мунтазам иваз кардани вакти кору И. мебошад. Олимони физиолог ва мутахассисони сохаи бехдошт ахамияти махсуси ба истилох «истирохати фаъол»-ро мукаррар кардаанд. Физиологи рус И. М. Сеченов собит намуд, ки баъди бо як даст бисёр кор карда хаста шудан, кобилияти кори на аз хисоби осудагии хар ду даст, балки бештар аз хисоби дасте, ки кор накардааст баркарор мешавад. Дар рафти кор иваз кардани фаъолияти гуногуни мушакхо ва марказхои асаб раванди баркарор шудани мушакхои хасташударо метезонад. Иваз намудани тарзи кор, баъди мехнати фикри машгул шудан бо мехнати сабуки чисмони низ хастагиро рафъ месозад (он як шакли махсуси И. аст).
Барои зудтар баркарор намудани кобилияти кори баъди мехнати сахти чисмони ё фикри ба И.-и фаъол иваз кардани И. – и гайрифаъол (холати оромии мутлак ва эхтиёти) хам мувафики максад аст.
Интихоби тартиби окилонаи И. бо омилхои гуногун, аз чумла ба шароити мехнат, синну сол ва г. вобастаги дорад. И. – и ахоли аз тарафи давлат ва ташкилотхои чамъияти мувофики конунхои мавчуда муайян карда шуда, барои онхо осоишгоху хонахои истирохат, пансионату профилакторияхо, лагерхои бачагона ва диг. муассисахои бехдошти сохта шудаанд. Дар махалхои хушманзара чойхои дамгири ва минтакахои истирохат амал мекунанд. Дар клуб, касрхои фарханг, боги истирохат, майдонхои варзиши намудхои гуногуни И. гузаронида мешаванд.
Се намуди И. мавчуд аст: рузмарра, хафтаина ва солона. И.-и рузмарра аз танаффусхои кутохмуддате иборат аст, ки дар давоми рузи кори барои ичрои гимнастикаи коргари таъин шудаанд. Як кисми танаффусро дар хавои тоза гузаронидан муфид аст. Хангоми гимнастикаи коргари бояд он харакатхоеро ба чо овард, ки ба И. – и мушакхои хаста мусоидат кунанд. И.-и рузмараро хоби барохат анчом медихад. Ба И. – и хафтаина хафтаи кории панчруза, ки ду рузи И. дорад, имконияти калон медихад (сайругашт дар хавои тоза, машгулиятхои варзиши, чорабинихои фарханги ва г.). И. – и солона дар давраи рухсатии мехнати мегузарад. Ба хамаи коргарон хар сол рухсатии пулаки дода мешавад. Мухлати рухсати ба шароит ва хусусияти мехнат вобаста аст; барои кормандоне, ки дар шароити зарарноки истехсолот кор мекунанд, мухлати рухсати дарозтар аст. Дар давраи рухсати бояд одам аз машгулиятхои мукаррарии харруза комилан дур шуда, мухитро дигар кунад. Ба хавои тоза (чангал, лаби дарё, бахр) баромада, якчоя бо И. кабули ваннахои офтоби, саёхатхои туристи, обутоб додани организм хеле муфид аст.
И. – и окилонаи талабагон тартиби дурусти руз, яъне иваз кардани машгулиятхои гуногун (дарс, лексия, тачрибахои истехсоли ва г.) бо И. (таннафус, машгулиятхои спорти, таътил) мебошад. Зимни ин ба назар гирифтани синну сол ва хусусияти машгулияти талабагон зарур аст.
Одамони калонсол барои нигох доштани кобилияти кори ба И. – и бардавом ва катъи, риояи тартиби кору фарогат мухточ мебошанд. Онхо бояд ба мехнати зуррас даст зананд, бисёртар дам гиранд, ба хавои тоза бароянд, мунтазам бо варзиш машгул шаванд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

vitaminhoi-b1

Витамин “В1”

Витамин В1 (тиамин) дар организм барои мубодилаи муътадили моддахо (хусусан ангиштобхо ё карбогидратхо) зарур аст. …