Главная / Илм / ИШТИХО

ИШТИХО

ishtihoИШТИХО (Appetitus), ифодаи эхсосоти рагбатноки организми одам ба хуроки муайян. И. аз хисси гуруснаги фарк мекунад. Хисси гуруснаги эхтиёчи организм ба моддахои гизои буда, одатан нофорам аст. И. хисси форам мебошад ва одатан баъди истеъмоли гизо рафъ мегардад.
И. дар натичаи ангезиши кисмхои муайяни асабияи маркази ташаккул меёбад. Дар як вакт оби дахон ва шираи хозима чудо мешавад, кори меъдаю руда шиддат гирифта, узвхои хозима ба кабули хурок омода мегарданд. Гизои хушлаэзат, намуди хуш ва буи форами он, зебо оростани дастархон И. – ро зиёд мекунанд. Баръакс, гизои дилнокаш ва буи нофорами он И.-ро баста, ба фаъолияти узвхои хозима таъсири номатлуб мерасонад.
Организми шахсе, ки тартиби истеъмоли хурокро риоя мекунад, дар вакти муайян микдори лозимаи шираи хозима чудо менамояд. Вайрон кардани тартиби истеъмоли гизо, хурдани нони хушк (гизои сахт), дар сари дастархон гап задан, китоб хондан ё машгули кори дигар шудан, боиси халал ёфтани И., бемории меъдаю руда ва мубодилаи моддахо мегардад. Хастагии асаб ва бехад монда шудан низ ба камиштихои оварда мерасонад. Тагйири тартиби мукаррари (мас., дар мактаббачагон ва кудаконе, ки соли аввал ба мактаб ё богча рафтаанд), инчунин ба вояи гизо хамрох кардани хуроквории нав, баъзан сабаби кам шудани И. мешаванд. Дар вакти баъзе беморихои асаб ва рухи, инчунин хомилаги И. тахриф ёфта, одам чизхои нохурданиро низ мехурад.
Беиштихои (анорексия) ва иштихои козгир (билумия) сабаби беморихои гуногун мебошанд. Аз ин ру, дар аснои ихтилоли И. ба духтур мурочиат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …