Главная / Гуногун / ИСПАНИЯ: ДАР ТАЪРИХ – АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

ИСПАНИЯ: ДАР ТАЪРИХ – АСРИ XIX – АВВАЛИ АСРИ XX

Вазъияти Испания дар нимаи аввали асри XIX. Муборизаи миллию озодихохии мустамликахои Испании Америкаи Лотини вазъияти сиёсиро дар Испания тагйир дод. Шох мачбур шуд, ки соли 1812 дар мамлакат конститутсияро чорй намояд. Мувофики он ба кортесхо (парламенти мамлакат) интихобот гузаронида шуд. Вале худи шох Ферлинанди VII чонибдори мутлакияти шохй буд. Аз ин ру, харакат мекард, ки мамлакатро бе конститутсия ва кортесхо идора намояд. Хамин буд, ки дере нагузашта ин конститутсия бекор карда шуд.

Вале замона дигар шуда буд. Дар мамлакат муносибатхои сармоядори сол то сол ташаккул меёфтанд. Табакаи нави доро – буржуазия ба воя мерасид. Он ба хокимияти шохй фишор меовард

аксулмутлака муваккатан голиб баромада, хокимияти конунгузорро ба даст дароварда, чандин чорахои инкилобии муътадили иктисодиро амали намуданд, ба хусус оид ба кишоварзи.

Аз сиёсати дохилии  нерухои инкилоби норози буданд. Барой хамин кушиш менамуданд, ки шох Фердинанда VII-po бо бародари у Дон Карлос, ки катъиян зидди хокимияти мутлаки шох буд, иваз намоянд.

Соли 1823 “Игтифоки Мукаддас” бар зидди Испания тачовузи аксулинкилобй кард. Мохи апрел лашкари 100- хазорнафараи Фаронса ба Испания зада даромад. Дар натичаи ин инкилоби Испания шикаст хурд. Фердинанди VII конститутсияи мамлакатро бекор карда иштирокчнёни инкилобро шадидан таъкиб мекард. Бо хамин дар мамлакат иртичоъ хукмрон гардид.

Мутлакиятхохони ашадди дар атрофи бародари хурдии Фердинанди VII Дон Карлос муттахид шуданд. Дар таърих ин ашхос карлчиён ( аз номи Дон Карлос) номгузорй шудаанд.

Соли 1833 шох вафот кард. Духтари хурдсоли у Изабелла шохи Испания зълон карда шуд. Мачлиси махсуси кортесхо, ки бо хамин максад даъват карда шуда буд, ба Изабелла савганд ёд кард. Малика Кристина (хамсари Фердинанди VII) пуштибони Изабеллаи хурдсол зълон гардид. Карлчиён бошанд, баъди ин Дон Карлосро шохи конунй зълон намуданд ва ба чанги ифротй даст заданд, ки он то соли 1840 идома ёфт.

Диктатурам Нарваэс (1843-1851). Дар зарфи 8 сол сарвари Хукумати Испания генерали карлчиён Нарваэс буд. У дар мамлакат Диктатурам шахсии худро чорй намуд. Бо фармони Нарваэс танхо соли 1844 –ум 214 нафар одам катл карда шуд. У аз кортесхо хукуки ташаббуси конунгузориро гирифт. Нарваэс катлкуниро воситаи ягонаи мубориза бар зидди ракибони сиёсии худ медонист. Сарфи назар аз ин вазъияти хокимияти у он кадар мустахкам набуд. Аз ин ру, у окибат мачбур шуд, ки соли 1851 ба истеьфо равад. Хукумати нав бошад, кортесхоро тамоман пароканда кард.

Инкилоби солхои 1854 – 1856. Мамлакатро бе кортесхо идора Кардан, надоштани хохиш барои ба амал баровардани ислохоти нави иктисодй ва идораи давлатй, ришватхурию бадахлокй дар дарбор кахру газаби оммахои васеъи ахолии Испанияро ба вучуд оварданд, ки дар байни онхо заминдорони озодандеш ва буржуазия низ буданд. Вахте ки фармони хукумат дар бораи 6 мох пешаки пардохгтани андоз интишор гардид, генерали озодандеш О’ Доннел Мохи июни соли 1854 дар ш. Мадрид шуриш бардошт. У бо хамрохии хамсафонаш ба халк мурочнатнома кабул кард. Дар он такозо карда мешуд, ки «шуллук»-хои дарборй аз хокимият дур, конунхо риоя ва андозхо кам карда шаванд. Дар мурочиатнома фикр дар бораи ташкил намудани политсия низ зикр ёфта буд.

Шуриш дере нагузашта шахрхои калонтарини мамлакатро фаро гирифт. Дар хама чо дастахои политсия ва хунтахои инкилоби ташкил карда мешудаид. Кисме аз инкилобчиён барон Испания чумхурй талаб мекард. Барои паст гардониданн шиддати инкилоб шох (малика) генерал Эспартереро, ки каблан сардори хукумат буд, аз нав ба ин вазифа таъйин кард. Вале у чун пештара аз чорй намудани ислохоти катъии демократй дар мамлакат даст кашид.

Инкилоб хамоно давом мекард. Соли 1855 дар Каталония коргарон корпаргоин умумй карда, то якдарача ба максадхои худ ноил шуданд. Соли 1856 генерал О’ Доннел ба он муваффак шуд, ки Эспертере ба истеъфо биравад. Вале Эспертере хокимиятро гасб намуда, мамлакатро дар холати харбй эълон кард. Чавобан ба табаддулоти аксулинкилобй дар Мадрид ва шахрхои дигари Испания шуришхо cap заданд. Лекин баъди чангхои начандон калону тулонй онхо аз тарафи хукумати Эспертере пахш карда шуданд. Хамин тарик, инкилоби солхои 1854- 1856 шикаст хурд. Дар мамлакат аз нав иртичоъ ва таъкибот хукмрон гардиданд.

Инкилоби солхои 1868- 1874. Шуриши 18 сентябри соли 1868 дар флоти дар Кадис мустакарбуда огози инкилоби нави Испания гардид. Он дар мамлакат чунон босурьат пахн шуд, ки баъди 2 руз Изабелла, маликаи Испания мачбур шуд, ки ба Фаронса фирор кунад. Хукумати Испания аз хисоби муътадилон ва озодандешони чап ташкил дода шуд ва Мохи июни соли 1869 кортесхо Конститутсияи нави Испанияро эълон карданд. Моддахои дахлдори он чорй намудани хукуки интихоботи умумй (барои зану мард). озодии вичдон, созмон ва мачлисхоро эълон доштанд. Конститутсия дар мамлакат никохи шахрвандиро ичозат дод, меросй нигох дошта шуд. Буржуазияи озодандешу мутлакиятхох хокимиятро дар дасти худ нигох дошт.

Конститутсияи мутлака эътирози оппозитсияи инкилобию демократиро ба вучуд овард. Шуришхои демократию чумхурихохй дар Сарагоса, Валенсия ва махалхои дигари мамлакат ба амал омаданд. Барой хамин кортесхо саросема буданд. Онхо мехостанд, ки тезтар хокимияти шохро мустахкам созанд ва худашон дар сари хокимияти Испания монанд. Барой хамин кортесхо саросемавор шохзодаи италиявй Амадеи Савоиро шохи Испания интихоб намуданд. У соли 1870 ба тахти шохй нишаст, лекин рухониён ва ашрофон Амадеи Савоиро душманона истикбол намуданд. Артиш ва вазирон хам Амадеи Савоиро хуб дастгири накарданд. Аз ин ру, у мачбур шуд, ки Мохи феврали соли 1873 аз тахту точи шохии Испания даст кашад. Дар шароити баамаломада кортесхо мачбур шуданд, ки Испанняро чумхури эълон намоянд. Вале душманони чумхурй дар мамлакат нихоят бисёр буданд. Онхо обрую эътибори чумхуриро бо хар роху восита мерезониданд. Заминдорон ва буржуазия бошанд, аз шуришхо сахт тарсида буданд. Бинобар ин барои эхё намудани хокимияти Бурбонхо даст заданд ва 24 январи соли 1874 кортесхо ба тахти шохии Испания писари Изабелла Алфонси ХII-ро шинонданд.

Бесалохиятй ва дар татбики максадхои худ катъй набудани чумхурихохон ба он оварда расонид, ки инкилоби солхои 1868- 1874 хам окибат шикаст хурд. Дар Испания хокимияти мутлаки дворяни мондан гирифт, ки акнун ба он сулолаи Бурбонхо хукмронй мекард.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …