Главная / Илм / ИСМОИЛОВА Лоланисо Иброхимовна

ИСМОИЛОВА Лоланисо Иброхимовна

nophotoИСМОИЛОВА Лоланисо Иброхимовна (тав. 04. 10. 1929, ш. Душанбе), биолог, доктори илми биология (1986), проф. (1987). Хатмкардаи факултаи биологияи ДДТ (холо ДМТ; 1953). Ассистент (1953 – 70), дотсенти кафедраи гистология (1970 – 74) ва мудири кафедраи биология ва генетикаи умумии ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино. Тадкикоти асосии И. ба масъалахои тагйироти сохт ва вазифаи гуддахои лимфави дар мавриди беморихои сухтаги оиданд. Ба тадкики тачдиди баъдичаррохии сутунмухра низ машгул шуда, тагйироти захомати талофи ва тачдидии рагхои хунгарди дохили гурдаро омухтааст. Як силсила пажухишхои И. ба масоили тачдиди баъдиосеби дар чонварони мухрадор ва тагйироти хунрагхои дохили гурда хини гипертрофияи талофи ва тачдиди бахшида шудаанд. И. исбот намуд, ки васеъ гаштани мачрои хунгузар дар калон шудани андозаю хачми гурдахо накши асоси намебозад. И. доир ба тачдиди сипурз низ пажухиш анчом додааст, ки натичаи он дар илм бо номи «Феномени Браун-Исмоилова» маълум мебошад. Дар мавзуи «Тагйироти рагхои хунгарди гурда хангоми захомати талофи ва тачдиди» рисолаи номзади ва дар мавзуи «Тагйироти сохт ва фаъолияти укдахои лимфави хангоми бемории сухтаги» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи 180 асару маколахо, аз чумла 16 навовари, 24 дастурамали методи, 2 китоби дарси.
Ос.: Мухофизати мухити атроф аз ифлосшави ва саломатии инсон, Д., 1984; Краткий русско-таджикский-дари словарь по биологии, Д., 1973.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …