Главная / Илм / ИСМОИЛИ ЧУРЧОНи

ИСМОИЛИ ЧУРЧОНи

nophotoИСМОИЛИ ЧУРЧОНи (1045 – 1137), Абуиброхим Исмоил ибни Хасан ал-Хусайни ал-Чурчони, олими намоёни сохаи тиб. Аслан аз Исфахон буда, дар дарбори султонхои Хоразм хамчун табиб ва мутахассиси илми тиб хидмат мекард. И. Ч. доир ба бахшхои мухталифи тиб бисёр асархои муфид навиштааст. Асари машхури у «Захираи Хоразмшохи» як навъ комуси тибби буда, ба забони форси-точики таълиф ёфтааст. И. Ч. гайр аз китоби мазкур ба забони форси-точики асархои дигар низ дорад, чунончи «Агрози тиббия», «Ал-Мабохис-ал-Алоия» ва г. Ба забони араби низ асархо эчод менамуд. Худи муаллиф «Захираи Хоразмшохи»-ро ба забони араби бо иловаи як боб тарчума кардааст. Аз сарчашмахо бармеояд, ки И. Ч. ин асари машхури худро махз барои бехтар кардани ахволи мардуми вилояти Хоразм (ва умуман Осиёи Маркази) таълиф карда, ба хотири манфиати умум онро ба забони ба халк дастраси точики навиштааст. у инчунин дар паи эчоди асари бештар мукаммали тибби буд, ки эхтиёч ба рисолаю китобхои дигари тиб набошад.
Ад.: Хикмати асрхо, Д., 1975; Ю. Исхоки, Я. Точиев, Таърихи мухтасари тибби точик, Д., 1993.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …