Главная / Илм / ИШЛОН

ИШЛОН

ishlonИШЛОН (Anabasis turkestanica), ушнон, як навъ растании захрнок. Аз тиррешаи он 1 – 15 пояи гафс нуму карда, то 70 см кад мекашанд. И. пулакчабарги секунчаи байзашакл (дарозиаш 5 – 10 мм), меваи нарми бури зардча дорад. Май – июн гул мекунад. Одатан дар шурзамину хоки серсанг, сурхрег ва г. (дар баландии 400 – 600 м аз с. б.) меруяд. Дар Точикистон дар к-куххои Курама, Туркистон ва нохияхои чануби пахн шудааст.
Дар тибби халки шира ва чушоби И.- ро барои табобати касалихои пуст ва чун воситаи либосшуи ба кор мебурданд. Бо акидаи табибони халки истеъмоли И. дарунро пок мекунад, гиреххоро мекушояд, хайз ва пешобро меронад, моддахои нолозими дар бадан гафсгаштаро тахлил медихад. Агар И.-ро куфта ба захмхо бимоланд, гушти зоиди онхоро мехурад.
Аз И. солхои пеш ишхор мегирифтанд. Бо ин максад онро чамъ карда мехушконданд. Сипас чукури кофта И.-ро оташ мезаданд. Аз сухтаи он дар чукури об чудо шуда, сахт (ишхор) мегардад. Ишхор хосиятхои поккунандаги, сузандаги ва хурандаги дорад. Ишхори соф (дар об хал ва сипас соф карда шудааст) давои таквиятбахши меъда, иштихоовар, балгамрон, рафъи илтихоб мебошад. Бинобар захрнок буданаш хангоми истифодаи И. эхтиёт бояд шуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …