Главная / Илм / ИСЛОМ ДАР МИЁНИ ДИНХОИ ДИГАР

ИСЛОМ ДАР МИЁНИ ДИНХОИ ДИГАР

Аввалин инсон ва фиристода (расул) паёмбар Одам (а) мебошад. Дини аввалини инсоният Ислом аст. Ислом ин ибодат ва итоат ба Худованди Яккаву Ягонааст. Хамаи пайёмбарон аз Одам (a) то Исо (а) танхо Ислом дини Якахудоиро таблиг ва пахн карда, ба одамон чи тавр ибодат намудани Аллох Таъолоро омухтаанд. Вале асосхои имон ва онунхои динии ин Пайёмбарон бо мурури замон аз чониби одамон таир дода шуда, асолат ва воеяти худро гум карданд.

islomАз ин ру, Аллох Таъоло охирин Пайёмбар Мухаммад (с)-ро фиристод. Тавассути Пайёмбар Мухаммад (с) аз сари нав дини хакики ва такмилёфта дини Ислом дини тамоми Паёмбарон ба одамон фиристода шуд. Айни замон дар руи замин дини хакики Ислом мебошад. Адёни ботил назди Парвардигор хеч адру киммате надоранд. Ислом дини ягонаи пазируфтаи Аллох Таъоло аст. Далели ин оятхои зерин аз Куръон Карим мебошад:

إن أسيرى عنت اًلئؤ اًلإشللئ

«Ба дурусти ки дин(-и муътабар) назди Худованд Ислом аст». (ОлиИмрон-19)

ؤس ننئغ غئزآلانم ديى قتن يعبل مفه ؤهـو ئ آلا حرة ين آلحئيرين

«Ва хар ки гайри Ислом динеро талаб кунад, пас харгиз аз у кабул карда нахохад шуд ва у дар Охират аз зиёнкорон аст».

(Оли Имрон-85)

МАКСАДИ ИСЛОМ

Мадади дини мубини Ислом хушбахт гардонидани одамон мебошад. Одамоне, ки конунхои Исломро риоя мекунанд, дар ин хаёт ва хаёти оянда (пас аз фавт) хушбахт мегарданд.

Дини Ислом бар се асл устувор аст.

  1. Имон. Одами эътиодманд хамеша изои рухи ва маънави гирифта, дили худро аз акидахои ботил пок НИГОХ медорад ва онро бо эътикоди дуруст пур намуда, хакикатро дарк мекунад.
  2. Амал. Ин чизест, ки инсон ба анчом мерасонад, ё ки ба чо меоварад. Хак бо амал алокаманд буда, бо ду намуд таксим мешавад:

а)    хакки одам дар назди Парвардагор (ибодат);

б)     хакки одамон дар назди якдигар;

  1. Ахлок.

ХУСУСИЯТИ ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ

  1. Ислом ин дини бархак аст. Ин дин танхо ибодат ва парастиши Худоро меомузад. Баъди он дини дигаре фиристода намешавад. Конунхои Ислом то рузи Киёмат амал мекунанд. Охирин паёмбару пахнкунандаи дини Ислом Мухаммад (с) мебошад. Баъди у дигар паёмбаре фиристонида намешавад.
  2. Ислом дин барои хама аст. Пайёмбар Мухаммад (с) дини Исломро барои хамаи халкхо овард. Пайабарони пешин барои халкхои мушаххас ва алохида фиристонида шуда буданд.

*Хазрати Мухаммад (с) дар хадиси муборак чунин мефармояд: “Аз хама бехтарин суханхое, ки ман гуфтаам ва хамаи Паёмбарони то ман омада гуфтанд, ин аст: “Нест худое гайри У”.

  1. Конуни дини Ислом ба хама хочатхои одамон чавобгуй аст.
  2. Дини Ислом хамаи Паёмбарони то Мухаммад (с) омадаро ва китобхои мукаддасро, ки пеш аз Куръон нозил гардидаанд, дар шакли аввалашон ва намуди аслашон эътироф мекунад.
  3. Конунхои тавассути хазрати Мухаммад (с) расонида шуда, конунхои расулони пешинаро иваз менамояд, ба он хотир, ки онхо барои халкхои мушаххас ва ба муддати кутох фиристода шуда буданд. Конунхои охирин бошад, барои хамаи халкхо фиристода шуда, TO рузи Киёмат бе тагир мемонанд.
  4. Дини Ислом дини сулху осоиш ва мухаббат аст. Ислом одамонро дар рухияи ахлоки хамида, шафат, мухаббат ва эхтиром ба якдигар тарбият менамояд. Ислом одамонро ба сулху осоиш ва якдигарфахми даъват мекунад.

САВОЛХО БАРОИ ВАЗИФА:

  1. To Ислом кадом динхои бархак вучуд доштанд?
  2. Дини бархак чист?
  3. Мавкеи Исломро миёни динхои дигар шарх дихед?
  4. Максади Ислом чист ва дини Ислом болои кадом рукнхо карор дорад?
  5. Ислом чи гуна сифати (хусусияти) ба худ хос дорад?

 

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …