Главная / Илм / ИШКОРГИЁХ

ИШКОРГИЁХ

ishkorgiyohИШКОРГИЁХ (Anabasis aphylla), растаниест нимбутта. Аз 20 то 80 см кад мекашад. Пояаш сершох, шохчахояш бугумдор, зудшикан. Баргаш сегуша, гулаш майдаи сафед ё гулоби. Мевааш сероби мудаввар. Май – июн гул карда, авг. – сент. мева мебандад. Дар нишебии талу теппахо, шурзамин, шибогзорхо, баъзан чун алафи бегона дар гандумзор меруяд. Дар мавзеъи Сирдарё ва к-кухи Туркистон (дар баландии 350 – 1400 м аз с.б.) пахн шудааст. Баргу пояи И.-ро дар давоми тобистону тирамох мегундоранд (давраи бехтарини чамъовари – аз июн то сент.).
Дар тибби халки чушоби реша ва баргу пояи И.-ро барои муоличаи сили шуш, зики нафас, хунпартои менушанд, барои муоличаи амрози пуст (хоришак, ушкуфа ва г.) ба бадан мемоланд. Хокаи пояи онро чун давои бахамоваранда ба захмхо мепошанд. Табибони халки накеъи И.-ро барои табобати сил тавсия медиханд. Мувофики маълумоти Абуалии Сино нозуктарини И. сафед ва тезтарини он сабз мебошад. Ним дирхам (1,593г)-и он чакидани пешобро бозмедорад, аз 5 дирхами он чанини зинда ё мурда меафтад. Сокинони шим. Точикистон пеш И.-ро чун воситаи тамйизкунанда ва инсектисиди истифода мебурданд. Бо ин максад онхо такр. 1 кг баргу пояи хушки И.-ро дар дока печонда дар дег мечушонанд ва дар ин об либосхоро мешустанд, оббози мекарданд. Чушоби онро барои нест кардани хашароти зараррасон ба дарахтон мепошиданд.
И. бинобар дар таркиби худ доштани анабазин инсектисиди таъсираш сахт махсуб мешавад. Таъсири фармакологии анабазин ба никотин наздик буда, ба гурухи захрхои ганглияви мансуб аст. Вояи ками он силсилаи марказии асабро ангехта, нафаскаширо метезонад, фишори хунро баланд мекунад, фаъолияти ганглийхои силсилаи асабхои наботиро таквият мебахшад; таъсири вояи зиёди он фалачсозанда аст.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989; Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарстенные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …